Мақомот дар Афғонистон ҳафт нафарро дар робита бо ширкати эҳтимолиашон дар латукӯби зане боздошт карданд. Навори видеоии латукӯби зани бурқапӯше аз ҷониби гурӯҳи мардон ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.
Рӯзи 5 феврал як сухангӯи волии Тахор дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ҳамаи боздоштшудаҳо хешовандони зани ҷабрдида мебошанд.
Як ҷавон ба хонаи зан дохил шуда, тақрибан се соат дар онҷо мондааст. Аъзои хонаводаи зан хабардор шуда, духтарро ба берун мекашанд ва латту кӯб мекунанд
Ин ҳодиса моҳи декабр дар як деҳаи дурафтодаи ноҳияи Чохи Об дар қисмати шимолушарқии вилояти Тахор рух дод.
Суннатулло Темур, сухангӯи волӣ гуфт, ки ҳамаи мардони боздоштшуда аз хешовандони ин зан мебошанд ва худи ӯ ҳоло дар як манзили амне дар маркази вилоят нигаҳдорӣ мешавад.
Як зани 22-сола дар ноҳияи Чоҳи Оби вилояти Тахори Афғонистон дар як додгоҳи саҳроӣ аз тарафи шуморе аз мардон мавриди латту кӯб қарор гирифтааст.
Баъди нашри видеои ҷараёни латту кӯб дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухангӯи волии Тахор рӯзи 2-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занро хешовандонаш задаанд. Суннатуллоҳи Темур гуфт, дар видео як фармондеҳи маҳаллӣ ҳам дида мешавад, ки узви хонаводаи ин зан аст.
Вай бар асоси маълумоти аввалия дар бораи ангезаи ҳодиса гуфт, “як ҷавон ба хонаи зан дохил шуда, тақрибан се соат дар онҷо мондааст. Аъзои хонаводаи зан хабардор шуда, духтарро ба берун мекашанд ва латту кӯб мекунанд. Марди куҳансоле, ки дар видео дида мешавад, хусураш аст.”
Аммо аз сарнавишти писаре, ки бо ин зан дар танҳоӣ дида шудааст, чизе маълум нест. Сухангӯи волии Тахор мегӯяд, шавҳари ин зан муддатҳо боз дар Эрон зиндагӣ мекунад. Вай ҳарчанд дар бораи вазъи саломати зан чизе намедонад, аммо гуфт, зинда аст ва дар ҳоли ҳозир дар хонаи шавҳараш дар ноҳияи Чоҳи Об зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, ин ҳодиса тақрибан якуним моҳи пеш иттифоқ афтодааст.
Ба далели инки дар маҳалли ҳодиса мардум камтар ба хадамоти мухобиротӣ дастрасӣ доранд, натавонистем назари шоҳидони ҳодисаро бигирем.
ВИДЕОИ ЗЕР САҲНАҲОИ МУДҲИШ ДОРАД ВА БАРОИ ҲАМА МУНОСИБ НЕСТ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Файзраҳмон, сокини деҳаи Гардана, маҳалли наздик ба ҷои ҳодиса гуфт, бар асоси нақли шоҳидон ин зан дар пайи фатвои имомон ва дастури яке аз фармондеҳони маҳаллӣ латту кӯб шудааст. Ба қавли ӯ, “аз ин қазия як даҳ-понздаҳ рӯз сипарӣ шудааст”.
Дар видеои нашршуда дар саҳифаҳои Фейсбук дида мешавад, шуморе аз мардон, ки дар даст чӯб доранд, ба зан дашноми номусӣ медиҳанд.
Баъдан бо сар додани шиори “Аллоҳу акбар” вайро бо зарби чӯб мавриди латту кӯб қарор медиҳанд. Соли 2016 Рухшона ном духтаре дар вилояти Ғӯр ба ҷурми фирор аз хона дар як маҳкамаи саҳроӣ кушта шуд. Пештар аз он Фархунда, духтаре дар Кобул, ба иттиҳоми сӯзондани Қуръон зери мушту лагади шуморе аз мардон ҷон бохт.
Билол Сиддиқӣ, сухангӯи Кумисюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон дар вокуниш ба ин ҳодиса рӯзи 2-юми феврал гуфт, ҳарчи зудтар бояд омилони латту кӯби ин зан дар ноҳияи Чоҳи Оби Тахор аз сӯи ҳукумат боздошт шаванд.