Додгоҳе дар шаҳри Кобул ба муҳокимаи 49 нафар, аз ҷумла чанд маъмури пулис пардохт, ки дар қатли Фархунда -- зани 27-солаи афғон муттаҳам мешаванд. Мурофиаи нахустини омилони қатли Фархунда рӯзи 2 май мустақим тавассути телевизион намоиш дода шуд.
Муфаттишон гуфтанд, ки издиҳоми бузурги мардон рӯзи 19 марти соли ҷорӣ Фархундаро бо иттиҳомоти бардурӯғ, ки гӯиё китоби Қуръонро оташ задааст, латту кӯб карда, оташ задаанд ва сипас ба рӯдхонаи Кобул партофтаанд. Қатли ин зани ҷавон дар остонаи таҷлил аз Наврӯзи имсол эътирози зиёдеро дар Афғонистон ва, инчунин, гӯшаҳои дигари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон барангехт. Дар ҳоле ки мақомоти пулиси Афғонистон гуфтанд, моҷаро замоне рух додааст, ки Фархунда бо муллое, ки дар он маҳал таъвиз ва ё туморнавис буд, мушоҷара ва ё муноқишаи лафзӣ мекунад ва баъд аз он, ӯ ин духтарро ба сӯзондани Қуръон муттаҳам мекунад ва мардуми хашмгин Фархундаро ба қатл мерасонанд.
Рӯзи 22 март дар маросими бахоксупории Фархунда ҳазорон нафар аз намояндагони қишрҳои мухталиф ҳузур доштанд ва аммо занони иштироккунанда дар ин маросим иҷозанадодаанд, ки тобути ин духтар аз тарафи мардон бардошта шавад. Гуфта
Дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъ ба таври густурда баррасӣ шуда, иштирокдорони маҳфили "Ҷаҳони андеша" рӯзи 8 апрели соли ҷорӣ тайи як ҳамоиш гуфтанд, таассуби динӣ ва камсаводии ҷавонон метавонад сабаби ҳодисаҳое мисли ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи Фархунда дар Афғонистон шавад. Ташаббускори ҳамоиш шоираи ҷавон Адибаи Азиз бар он аст, ки Афғонистон бар замми ҳамсарҳад будан, бо мо ҳамфарҳангу ҳамдин аст: "Агар дар хонаи ҳамсоя сӯхтор ба амал ояд, мо набояд ба он бепарво бошем, чунки эҳтимоли зиёд аст, ки алангаи он оташ ба зудӣ хонаи моро ҳам бисӯзонад."
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ куштан ва сипас сӯзондани ҷасади зани 27-сола дар Кобулро ба гумони оташ задани Қуръони карим маҳкум кард ва онро "тундгароӣ" ва “амали мутаассибон” номид. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ин амал ҳаргиз аз Қуръон ва барои дифоъ аз китоби муқаддаси мусулмонҳо нест. Балки, баръакс, бар мухолифаш аст."
Оқои Абдулқодирзода афзуд, "ин аз кӯтоҳандешии баъзе аз мусалмонҳост ва чунин рафтор ба номи дини ислом иснод меорад. Ин амал дар ҳар куҷое дунё, ки набошад, мухолифи ислом аст ва мо онро маҳкум мекунем." Раиси Шӯрои уламо илова кард, "баъзе инсонҳое, ки маълумоти динӣ надоранд ва аз рӯи таассуб баъзе амалҳои тундгароӣ анҷом медиҳанд, дар ин ҷо ислом гунаҳкор нест. Ин ҷо шахсияти ҳамон афрод гунаҳкор аст."
Панҷшанбеи гузашта фаъолони афғон саҳнаи куштори Фархундаро бозсозӣ карданд, ки бо иттиҳоми сӯзондани Қуръон аз тарафи издиҳоме дар Кобул ба ҳалокат расида буд. Намоиш дар ҷои воқеа ҳамчун бахше аз эътирози зидди хушунат ва даъват ба муҷозоти гунаҳкорон баргузор гашт.
ВИДЕО: Такрори саҳна. Фархундаро чӣ гуна кушта буданд?