Сержант Ёқубов: Пул доданд, нагирифтам...

Парвизҷон Ёқубов

Парвизҷон Ёқубов, сержанти милисае, ки як занро аз худкушӣ дар Сирдарё наҷот дод, мегӯяд, барои ин ғайри унвони “Аълочии милиса” ҷоизаи дигаре нагирифтааст.

Парвизҷон Ёқубов, сержанти 24-солаи шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, ки исмаш моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз чанги марг наҷот додани як зани худкуш дар рӯди Сир матбуотӣ шуд, бо гузашти қариб ним сол аз он ҳодиса мегӯяд, танҳо тағйирот дар зиндагиаш гузаштан аз қисми таъминотии шӯъбаи дохила ба қисми навбатдорист.

Парвизҷон Ёқубов мегӯяд, баъди наҷоти он зан бо фармони вазири дохила ба ӯ унвони ифтихории “Аълочии милиса” доданд, вале то ҳол ҳамон унвони сержантиаш боқӣ мондааст, вале: “Ман дар ин байн риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардам ва мунтазири гирифтани дипломам ҳастам. Умедворам, ки баъди гирифтани дипломам масъалаи унвонам низ ҳал мешавад.”

Парвизҷон Ёқубов рӯзи 25 март Мавзуна Зокироваи 25-соларо, ки ба қасди худкушӣ аз болои купрӯки дарёи Сир худро ба об партофта буд, аз хатари ғарқшавӣ наҷот дода буд. Гуфта мешавад, ин зан ба далели мушкилоти хонаводагӣ ба ҷони худ қасд карда буд.

Сержант Ёқубов мегӯяд, дигар сарнавишти баъдии ин занро дунбол накардааст, вале то ҳол ифтихор дорад, ки тавонистааст як инсонро аз марг ва як оиларо аз нобудӣ наҷот диҳад: “Баъди он ҳодиса хешу табораш ҳам омада хеле изҳори сипос карданд. Тағояш ҳатто хост як мизқдор пулро ба ҷайбам монад, вале ман рад кардам. Аввалан, инки аҳволи зиндагиашон, тавре бармеомад, чандон хуб набуд. Аз тарафи дигар, ман фақат қарзи инсониамро адо карда будам ва ягон мақсади пулкоркунӣ надоштам.”

Парвизҷон Эркинҷонович Ёқубов соли 1991 ба дунё омада, соли 2009 мактаби рақами 17-и шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ ду сол боз дар бахши таъминоти шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Парвизҷон ду сол пеш хонадор шудааст.

Сержант Ёқубов аз ҷумлаи камшумори кормандони милиса аст, ки алакай дар синни 24 соҳиби унвони ифтихории «Аълочии милиса» шудаанд. Дар фармони вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода аз 31 март гуфта мешавад, ки сержант Парвизҷон Ёқубов "барои содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, дарки баланди масъулият ва нишон додани ҷавонмардӣ, ҳамзамон наҷот додани шахси ғарқшуда" бо унвони «Аълочии милиса» сарфароз гардонда мешавад.

Сирдарё

Парвизҷон мегӯяд, то ҳол он рӯзро, ки ба хотири наҷоти Мавзуна Зокирова ба оби дар моҳи март хеле сарди Сирдарё андохт, лаҳза ба лаҳза дар ёд дорад: “Ман он рӯз тасодуфан назди қисми навбатдорӣ истода будам, ки касе ба шӯъба занг зад ва гуфт, ҳамин ҳоло як зан аз болои купрук худро ба дарё андохт. Аз шӯъба то купрӯк ҳамагӣ чандсад метр аст. Ман давида рафтам, ки он занро алакай об бурда истодааст. Дигар вақти ҳатто кашидани либосро надоштам ва бо либосҳоям худро ба об андохтам. Хуб дар ёд дорам, ки вақте берунаш овардам аз об, ин зан таънаомез ба ман гуфт ки “Беҳуда наҷотам додӣ...” Вале дар ин ним сол, ки дигар ҳеҷ хабари нохуше дар бораи он зан ба гӯш нарасид, фикр мекунам, ки амали кардаи ман беҳуда набудааст.”

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба оморҳо, беш аз 400 зан ба ҷони худ қасд мекунанд. Вилояти Суғд аз лиҳози шумори худкушиҳо, бахусус дар миёни занон, дар Тоҷикистон дар ҷои якум меистад. Танҳо дар соли 2014 дар ин вилоят 125 зан дар ин минтақа ба ҷони худ қасд кардаанд. Теъдоди онҳое, ки ба далоили мухталиф, вале асосан ба маҳзи мушкилоти иҷтимоӣ ваё ҷанҷолҳои хонаводагӣ даст ба ҷони худ мезананд, бахусус дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бештар мушоҳида мешавад. Худкушиҳо дар ин минтақа бо шеваҳои мухталиф, аз ҷумла ба дор кашидан ё нӯшидани доруи зиёд анҷом мешаванд, вале як бахши аъзами онҳое, ки мехоҳанд ба зиндагӣ падруд бигӯянд, худро аз рӯи пул ба Сирдарё меандозанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое ки қасди худкушӣ мекунанд, мисли Мавзуна Зокироваи ҳамагӣ 25-сола, ки сержант Парвизҷон Ёқубов аз чанги марг ӯро раҳонд, ҷавонанд, вале зери бори гарони мушкилоти зиндагӣ ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ илоҷе ба ҷуз буридани риштаи умрашон барои худ намеёбанд.