Гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ҷаҳон
Парчами дар санг наққошишудаи Амрико дар маҷмааи ёдоварӣ аз ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Мотзаи Исроил дар ғарби Байтулмуқаддас истодааст. Номи қурбониён, аз ҷумла 5 исроилӣ ки онҷо кушта шуданд, дар санг ҳак шудааст.
Мия Андо, нақққоши амрикоӣ дар назди як офаридаи ҳунариаш дар Лондон истодааст. Офаридаи ӯ аз оҳанҳоест, ки аз Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат гирифтаанд. Меъмории мазкурро баъди муддати тулонӣ аз Боғи Баттерси барои насби доимӣ ба Боғи Олимпии Лондон оварданд. Мақомоти Ню Йорк ва Ню Ҷерсӣ ин меъмориро ба Бритониё ҳадя карданд.
Муҷассамаи Зураб Тсеретелӣ, пайкарасози гурҷӣ аз Русия, бо номи "Муборизаи ҷаҳон ба зидди терроризм" дар Ню Ҷерсӣ истодааст. Муҷассамаи 30 метриро ҳукумати Русия соли 2006 ба Амрико ҳадя кард.
Кӯдакон дар шаҳри Киев дар назди муҷассама ба хотири қурбониёни терроризм рӯзи 11-уми сентябри соли 2014 кабӯтарҳои сафедро раҳо мекунанд. Ин муҷассамаро соли 2005 сохтаанд ва дар он "Қатл макун" -ро бо 120 забон навиштаанд, ки фармудаи китоби "Таврот" аст.
Муҷассамаи ду осмонхароши вайроншудаи Ню Йорк дар шаҳри Копенгагени Дания.
Айни муҷассама дар Боғи Донадеаи Ирландия. Муҷассамаро ба Шин Таллон як оташнишоне бахшидаанд, ки дар рӯзи ҳамлаҳо ҳалок шуд. Хонаводаи ӯ аз Донадеа ба Амрико муҳоҷират кардаанд.
Ин муҷассамаро ба хотири қурбониёнеи ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Киелси Лаҳистон сохтаанд. Дар ин муҷасссама, номи ҳамлаҳои террористии бузург дар 15 соли ахирро навиштаанд.
Меъмории мазкур бо номи "Хотира ва нур" ҳадяи Амрико ба шаҳри Падуаи Итолиёст. Меъморӣ китоби бозеро мемонад ва онро Даниел Либескинд, яке аз меъморони бозсозии маҳалли осмонхарошҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат офаридааст.