Раҳбарони мактабҳои миёнаи хусусии Суғд бо ирсоли як номаи дастҷамъӣ ба парлумон, вазорати маориф ва кумитаи андоз, тақозо кардаанд, ки андоз аз даромади онҳо поин бурда шавад, вагарна бо касод рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Мутобиқи тағйири нави Кодекси андози Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли гузашта сурат гирифт, мактабҳои давлатӣ аз пардохти андоз аз арзиши изофа озоданд. Вале мактабҳои хусусие, ки аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд даромади солона доранд, бояд ба давлат 18 дарсад андоз аз арзиши изофа пардохт кунанд.
Файзулло Файзиев, мудири гимназияи хусусии “Ганҷ” дар шаҳри Хуҷанд ва муаллифони нома, ба "Озодӣ" гуфт, боло бурдани мизони андоз монеъ ба рушди мактабҳои хусусӣ мегардад: “Аз ин, пеш аз ҳама, падару модарони хонандагон зарар мебинанд. Чунки мактабҳои хусусӣ ночоранд ҳаққи таҳсилро боло баранд. Агар накунанд, андоз аз арзиши изофаро супурда наметавонанд. Дар сурати пардохт намудани 18 дар сад андози изофа аз даромади солона маблағҳои моҳонаи муаллимону ходимон, таъмир ва таҷҳизонидани мактабро дарёфт карда наметавонанд ва касод мешаванд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Файзиев, дар гимназияи хусусии “Ганҷ” 350 хонанда таҳсил мекунанд ва ҳар моҳ ҳудуди 250 сомонӣ ҳаққи таҳсил месупоранд. Бархе падару модарони хонандагон гуфтаанд, агар ҳаққи таҳсил боло бурда шавад, фарзандони худро ба мактаби давлатӣ месупоранд.
То андозбандии нав, мактабҳои хусусӣ дар қатори мактабҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои хусусии омӯзиши, аз ҷумла кӯдакистонҳои хусусӣ, аз имтиёзоти андоз бархӯрдор буданд ва дар маҷмӯъ ҳудуди 4 дарсад аз даромади солонаи худ андоз месупориданд.
Бино ба назарсанҷиҳои марказҳои гуногун дар солҳои охир, беҳтар будани шароит ва низоми таълиму тарбия ва баланд будани дараҷаи дониши шогирдони мактабҳои хусусӣ назар ба дабиристонҳои давлатӣ таваҷҷуҳи сокинонро ба таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои ғайридавлатӣ бештар кардааст. Баланд бурдани андоз ва дар пайи он ҳаққи таҳсил, пеш аз ҳама, боиси нигаронии падару модарон гаштааст.
Дар ин бора Хуршед Воҳидов, як сокини Хуҷанд, ки ду фарзандаш дар яке аз мактабҳои хусусӣ таҳсил мекардаанд, мегӯяд: “То соли нав ҳаққи таҳсил 250 сомонӣ буд, акнун раҳбарони мактаб мегӯянд, ки 300 сомонӣ супорем. Ин барои буҷаи оилавиамон вазнинӣ мекунад. Сари он фикр дорам, ки фарзандонамро ба кадом мактаби давлатӣ супорам. ”
Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди 17.5 ҳазор хонанда дар мактабҳои хусусӣ таҳсил мекунанд ва дар соли гузаштаи 2012 ба хазинаи давлат тақрибан 7 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар вилояти Суғд 20 мактаби хусусӣ бо доштани 7 ҳазор мактабхон фаъол аст ва дар соли 2012 ба давлат ҳудуди 3.5 миллион сомонӣ андоз супоридаанд.
Муртазо Олимов, раҳбари шуъбаи хидматрасонии раёсати андози вилояти Суғд дар суҳбат бо "Озодӣ" гуфт: “Ин ҷо баҳс сари бекор шудани имтиёзи андоз барои мактабҳои хусусӣ мутобиқи Кодекси нави андоз меравад. Давлат барои як соҳа ё гуруҳи андозсупорандагон барои ҳамеша сабукии андоз дода наметавонад ва онро барои як давраи муайян пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, аз соли 1992 то кунун, муддати 20 сол мактабҳои хусусӣ аз сабукии андоз баҳравар буданд. Акнун мутахассисон мумкин онро ба назар гирифтанд, ки дар ин давра муассисаҳои омузишии хусусӣ рушд ва пойгоҳи моддиву техники худро мустаҳкам карданд ва бекор кардани имтиёзи андозро зарур донистанд.”
Вале муаллифони номаи дастҷамъии мактабҳои хусусии Суғд ин даъворо рад карда гуфтаанд, ки аз рӯйи барномаи ислоҳ ва рушди системаи маориф то соли 2015, хусусигардонии ҳудуди 30 дар сади мактабҳои миёнаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Вале андозбандии нави 18 дар садӣ иҷрои ин барнома ва рушди мактабҳои хусусиро ба таъхир хоҳад андохт.