Марди 29-солаи сокини вилояти Хабаровскро ҳангоми сайругашт дар наздикии деҳаи Cиёмаи ноҳияи Варзоб рӯзи 6-уми июл мор газидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод ҳамроҳ бо табибон ба ҷои ҳодиса расида, ба ин мард ёрии аввалияро расонидаанд ва баъдан ин сайёҳро ба беморхонаи шаҳри Душанбе бурданд.
"Ҷабрдида 6 километр дуртар аз роҳи асосӣ ҳузур дошт. Ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагон ҳамчунин духтурон низ ба кӯҳ боло шуданд. Дар ҷойи ҳодиса барояш кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд ва баъдан бо ёрии занбар шаҳрвандро аз кӯҳ поин оварданд,"--гуфта шудааст дар хабарномаи Кумита.
Дар Тоҷикистон чанд навъи мори заҳрдор вуҷуд дорад, ки дар гармои тобистон хатарнок мешаванд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хостааст, ки аз ҳамлаи мор эҳтиёт кунанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, шумораи сайёҳони рус дар кишвар афзоиш ёфтааст. Аксари кишварҳои ғарбӣ пас аз ҷанги Украина ба шаҳрвандони Русия виза намедиҳанд, аз ин рӯ, бештари русҳо барои саёҳат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон меоянд.