Ҳомиёни ҳуқуқ: "Латту кӯби Саша Массква бе ҷавоб намемонад". ВИДЕО

Саша Массква

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия гуфтанд, ки латту кӯби видео-блогери тоҷик "Саша Массква" бе ҷавоб намемонад. Дар пайи даъвои онҳо, тафтиши латту кӯби блогери тоҷик, ки моҳи ноябри имсол дар ҳузури як маъмури пулиси Русия сурат гирифта буд, оғоз ёфтааст.

  • Бархе аз корбарони тоҷик дар Интернет рафтори "Саша Массква"-ро дар видеоҳояш "шармандагӣ" дониста ва ӯро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мекунанд. Худи Саша борҳо ин иттиҳомро рад намудааст. Видео-блоггери тоҷик чанд сол боз дар пойтахти Русия зиндагиву таҳсил мекунад ва бо далоили амниятӣ ному насаби пурраашро эълон наменамояд.
Ба ман санъати театрӣ хеле писанд аст. Тақлидкороне ҳам зиёданд, ки бештар аз ман либоси занона мепӯшанд. Ҳолати онҳо хуб аст ва касе чизе намегӯяд.

"Ҷони ман дар хатар аст"

  • "Аз қафоям касе дод зад ва пурсид, ки оё ман Саша ҳастам? Ду ҷавон буданд. Посух додам, ки не, хато кардед, Саша нестам. Вақте ба тарафи автобус тоб хӯрдам, онҳо зарбаи нахустинро бо ашёи номаълуме аз пушти сарам заданд"

"Саша Массква", видео-блогери маъруфи тоҷик дар шабакаи "Инстаграм", нақл кард, ки тайи беш аз як моҳи охир бори дувум мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин дафъа ба ин ҷавон дар истгоҳи автобус дар ноҳияи Кузминкии шаҳри Маскав ҳамла кардаанд. Ба гуфтаи блогер, ҳамлаварон ба забони тоҷикӣ гап мезаданд. Ҳаёҳуи мусофирони автобус блогери тоҷикро аз латту кӯби бештар наҷот дод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳомиёни ҳуқуқ: "Латту кӯби Саша Массква бе ҷавоб намемонад"

“Воқеан, ҷони ман дар хатар аст. Ин ягона ҳамла набуд. Бар замми ин, баъди он ки ҳамлаварон видеоеро нашр карданд, ки дар он беамалии корманди пулис дида мешавад, ҳамла ба ман бештар шуд”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Настоящее время".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Sasha Masskva гуфт, мазҳабиҳо ва "патриотҳо" ба ӯ таҳдид мекунанд. ВИДЕО

Пас аз нашри видеои ҷанҷолбарангези латту кӯб дар ҳузури корманди полис мақомоти қудратӣ ҳатто аризаи ҷабрдидаро қабул накарданд. Танҳо пас аз дахолати кумитаи Мусоидати шаҳрвандӣ масъала ранги дигар гирифт. Яке аз самтҳои асосии кори ин кумита кумак ба қурбониёни ҳамла бар пояи кинаву адоват аст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегуянд, ки қазияи Саша нодир аст.

"Қоидаҳои ҷамъияти алоҳида"

Варвара Третяк

Варвара Третяк, ҳамоҳангсози барномаи кумак ба қурбониёни ҳамла ба пояи кинаву адоват гуфт, “дар қазияҳое, ки мо доштем, бештар қавмгароҳо ба шаҳрвандони шартии Русия ҳамла мекарданд, бегонаситезиии худро нишон медоданд ва ошкор мегуфтанд, ки як зумра одамонро бад мебинанд. Ин ҷо асли масъала ба қоидаҳои рафтори ҷамъияти алоҳида меравад. Яъне гуфта мешавад, ки ҳар касе қоидаҳои онро вайрон мекунад, ӯро ҷазо интизор аст."

Шуғли Саша ин аст, ки ба оҳангҳои овозхонҳои маъруфи тоҷик тақлид мекунад. Ин шуғли ӯ вокуниши дугунаи корбарони тоҷики интернетро ба бор овардааст. Блогерро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам карданд ва “шармандагии миллат” хонданд.

"Таҳқиқи ҳамлаи аввал ба Саша таҳқиқ мешавад"

Светлана Ганнушкина

Светлана Ганнушкина, раиси Кумитаи Мусоидати шаҳрвандӣ гуфт, “чизе, ки онҳо нақзи қоидаҳои ахлоқ мегӯянд, намехоҳам инҷо такрор кунам. Иттиҳом гуфтан душвор аст. Аммо корҳое, ки онҳо ба худ иҷозат медиҳанд, албатта, ғайри қобили қабул аст. Ин фаҳмо аст, вале чизи асосӣ нест. Аз ҳама асос ин аст, ки одамон дар ин гуна ҳолатҳо комилан бечора ва беҳимоя мемонанд.”

Танҳо пас аз дахолати ҳуқуқшиносони ботаҷриба полис даст ба кор шуд ва таҳқиқи ҳамлаи аввал оғоз ёфтааст. Арзёбии ҳолати дувуми ҳамла ҳанӯз дар пеш аст.

Максим Завертяев, вакили мудофеъ мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир масъалаи тафтиши ҳамлаи дувум, ки дар наздикии истгоҳи Кузминки рух додааст, ҳал мешавад. То ин ки тафтиши ҳодиса алоҳида аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия сурат бигирад.”

"Ҳунармандоне ҳастанд, ки либоси занона мепӯшанд, аммо чизе нашудааст"

Худи блогер иттиҳоми бадхоҳонашро бепояву асос ва ноодилона медонад. “Ин шуғли дӯстдоштаи ман аст. Ба ман санъати театрӣ хеле писанд аст. Тақлидкороне ҳам зиёданд, ки бештар аз ман либоси занона мепӯшанд. Ҳолати онҳо хуб аст ва касе чизе намегӯяд. Дар театр бисёр мардоне ҳастанд, ки нақши занҳоро иҷро мекунанд, аммо барои ин корашон касе онҳоро таъқиб ва ё ҳамла намекунанд.”

Бешубҳа, эҷодиёти ин блогер на ба ҳама писанд аст. Барои дидани ҳунарнамоиҳои Саша Массква бояд ба саҳифаи пӯшидаи ӯ обуна шавед. Вале суол ин аст, ки чаро онҳое, ки аз ахлоқ сӯҳбат мекунанд, довталабона ба саҳифаи ӯ обуна мешаванд?