Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: "Таҳдидҳо ба ҷони Sasha Masskva-ро ҷиддӣ мегирем"


Sasha Masskva
Sasha Masskva

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи видео-блоггери тоҷик Sasha Masskva-ро, ки мегӯяд таҳти фишору таҳдиди гуруҳе аз блогерҳо ва афроди мазҳабӣ қарор дорад, зери назорати ҷиддӣ гирифтааст. Рӯзи 10-уми декабр дар сафорат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар сурати таҳдидҳои батакрор дар чаҳорчӯби қонун ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия муроҷиат хоҳанд кард.

  • “Sasha Masskva шахсан ба мо муроҷиат кард, ки таҳти фишор ва таҳдид аст. Гуфтем, ки муроҷиаташро ҷиддӣ мегирем ва намегузорем, ки муҷозоти худсарона шавад”, - гуфт ҳамсуҳбати мо дар сафорат.
Дар Русия ва дар Тоҷикистон дар гузашта ҳолатҳои “муҷозоти” худсаронаи мардони ҳамҷинсгаро ва занони танфурӯш мушоҳида шудааст. Дар ҳоле ки қонунҳои ин кишварҳо чунин амалҳоро ҷиноят арзёбӣ мекунанд.

Ӯ афзуд, аз худи Sasha Masskva ҳам хоста шудааст, ки дар ин шабу рӯз боэҳтиёт рафтор кунад ва ба ҳамагуна иғво дода нашавад.

"Саша" чӣ мегӯяд ва мухолифонаш чӣ?

Sasha Masskva видео-блоггери тоҷик дар Инстаграм, ки аз Душанбе буда, бо далоили амниятӣ ному насаби пуррааш эълон намешавад, мегӯяд, аз тарафи гурӯҳи дигаре аз блоггерҳо, афроди мазҳабӣ ва “патриот”-ҳо таҳти фишор ва таҳдид қарор дорад. Ӯ чанд сол боз дар пойтахти Русия зиндагиву таҳсил мекунад ва ба ҳамин хотир тахаллуси "Москва"-ро гирифтааст. Ӯ дар Инстаграм ва Ютуб таронаҳои машҳурро бозхонӣ мекунад.

Мухолифони Sasha Masskva иддао доранд, ки ӯ бо "рафтори занона"-аш ба обрӯи мардони тоҷик дар дохил ва беруни кишвар латма мезанад ва аз ин хотир хостори муҷозоти ӯ шудаанд.

Ин афрод тайи тақрибан як моҳи охир ба Sasha Masskva паёмҳои видеоӣ ва хаттӣ фиристода, таҳдид кардаанд, ки агар рафторашро ҳамингуна идома диҳад, “ҳатто ӯро мекушанд” ва барои ин “сум” ваъда кардаанд.

"Таҳдидҳо як моҳ боз бештар шудааст"

Sasha Masskva мегӯяд, ӯ дастикам ду сол боз дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Ютуб фаъол аст ва таҳдидҳо тайи як моҳи охир бештар шудааст. Вай гуфт, “бисёриҳо ба ман нома менависанд, ҳақорат мекунанд, таҳдид мекунанд. Баъзеи дигар бо номи духтарона ба ман нома навишта ва телефону нишониамро мепурсанд. Аммо ман ба ҳамаи онҳо шубҳа дорам.”

Ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он видео-блоггери тоҷики муқими Маскав сабт шудааст. Ҷавони тоҷике дар ҳузури маъмури пулис ба рӯи Sasha Masskva чанд шаппотӣ зада ва ӯро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мекунад.

Дар ин навор дида мешавад, ки Sasha Masskva ба яке аз маъмурони пулис муроҷиат карда ва аз ӯ кумак мехоҳад, вале дида мешавад, ки полис ин ҳодисаро нодида мегирад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, рӯзи 10-уми декабр дар номае аз Sasha Masskva ҳимоят кардаст. Ӯ гуфтааст, Sasha Masskva истеъдод дорад, ки яке беҳтарин тақлидкорҳо шавад.

  • "Дар қолаб ва имиҷи ҳамаи ҳунармандон нағзу олӣ тақлид (иммитейт) кардаед. Аз хондани назарҳои мардум дар зери ҳунарнамоиҳои Шумо ба даҳшат афтодам... Ба кори худ идома диҳед, иҷоза надиҳед, ки дилатон аз ин назарҳо чиркин шавад... Ҳамин чанд ҳафта пеш ба наққоши тоҷик Маърифат Давлатова, аз ин ҳарфҳо мезаданд. Бояд он қадар ҷавонони мисли Шумо ва Маърифат зиёд шаванд, ки тоҷикон ҳам ба демократия одат кунанд."

Муҷозоти "худсарона"

Ҷомеаи Тоҷикистон суннатист аст ва ҳамагуна рафтори ғайримаъмулӣ мояи хашму мухолифати муҳофизакорон мешавад. Илова ба ин, дар ҷомеаи Русия мақомот ва матбуот дар бораи афроди ҳамҷинсгаро ё узви ақаллиятҳои ҷинсӣ назари интиқодӣ пахш мекунанд.

Дар Русия ва дар Тоҷикистон ҳам дар гузашта ҳолатҳои “муҷозоти” худсаронаи мардони ҳамҷинсгаро ва занони танфурӯш мушоҳида шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунҳои ин кишварҳо чунин амалҳоро ҷиноят арзёбӣ мекунанд.

Ду моҳи пеш ҷомеаи Тоҷикистон ба намоишгоҳи аксҳои нақоши ҷавони тоҷик Маърифат Давлатова ҳам вокуниши тунд кард. Дар ин намоишгоҳ аксҳои ҷисми урён ва нимаурёни занони тоҷик намоиш дода шуд. Бархе гуфтанд, ки чунин тасвирҳо барои ҷомеаи тоҷик бегона аст ва дар ин миён онҳое ҳам ёфт шуданд, ки бо ҷазо додан ба Махрифат Давлатова таҳдид карданд.

XS
SM
MD
LG