Сарвазири Ҷопон аз сафар ба Осиёи Миёна даст кашид

Нахуствазири Ҷопон.

Сарвазири Ҷопон Фумио Кисида сафари худро ба кишварҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Муғулистон ба далели эҳтимоли рух додани заминларзаи шадид дар кишвараш қатъ кардааст.

Ба иттилои хабаргузории расмии Ҷопон, Кисида ин тасмимро баъди ҳушдори Маркази зилзилашиносии кишвараш дар бораи эҳтимоли рух додани заминларзаи сахт гирифтааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки Фумио Кисида рӯзҳои 9-12 августи соли равон аз Қазоқистон, Узбекистон ва Муғулистон боздид мекунад.

Ҳамчунин баргузории саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар назар буд.