Сарбози Русия дар Фаронса паноҳандагӣ хост

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар соли 2022 ҳазорҳо русиягиҳо, аз ҷумла сарбозон  дар кишварҳои ғарбӣ дархости паноҳандагӣ доданд, вале аризаҳои на ҳамаи онҳо қабул шуд. Дар як қарори ахираш Фаронса ба 6 шаҳрванди Русия, ки аз артиш ва ҷанг фирор карданд, ҳақи пурсидани мақоми паноҳандагӣ дод. Бархе фаъолони зиддиҷангӣ мегӯянд, чунин қарорҳо  дигар мухолифони ҷанг дар Русияро барои фирор аз ҷанг дилгарм мекунад.