Падараш мегӯяд, тарафдори фаъолиятҳои сиёсии Самариддин аст

Самариддин Раҷабов

Додгоҳи ноҳияи Мешанскийи Маскав рӯзи 24-уми декабр зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ним сол боз дар боздошт буд, 100 ҳазор рубл ҷарима баст ва аз толори додгоҳ озод кард. Пештар додситон барои ӯ 3,5 сол маҳрумӣ аз озодиро талаб карда буд.

Раҷабови 21-сола тобистони имсол дар ҷараёни эътирозҳои мухолифон барои роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси Маскав дастгир шуд. Вайро барои кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот муттаҳам карданд. Самариддин Раҷабов ва ҳамроҳонаш ин айбро рад намуданд.

Cадриддин Раҷабов, падари Самариддин Раҷабов, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 24-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари озод шудани фарзандашро шунид ва хеле хурсанд шуд.

Ӯ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё ҷонибдори идомаи фаъолиятҳои сиёсии писараш ҳаст ё не, гуфт: "Дирӯз дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат доштам ва гуфтам, ки аз амали писарам пурра ҷонибдорӣ мекунам. Бигзор, то замони раҳо шудани охирин зиндонии сиёсӣ фаъолиятҳои сиёсиашро идома диҳад. Ҳоло дар Русия беш аз 300 зиндонии сиёсӣ ҳастанд. Дар асри 21 дар Русия будани зиндониёни сиёсӣ як шармандагӣ ва мояи хиҷолат аст."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Самариддин Раҷабов аз ҳабс озод шуд

Раҷабов афзуд, ҷонибдори риояи беқайду шарти ҳуқуқи инсон аст ва маҳз ба хотири зиндагии озод Тоҷикистонро тарк кардааст. "Афсӯс дар Тоҷикистони мо озодӣ ва риояи ҳуқуқи инсон нест… Шумо маро хуб мефаҳмед," -- таъкид кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Садриддин Раҷабов аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия ва шаҳрвандони фаъол, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи Самариддин Раҷабов ва даҳҳо иштирокдори гирдиҳамоиҳои тобистони иимсол дар Маскав бархостаанд, ибрози сипос намуд.

Эътирозҳо ба зидди мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи 27-уми июли имсол дар Маскав баргузор шуда буд. Мухолифон аз он норозӣ буданд, ки мақомот номзадҳои мустақил ва мухолифинро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надодаанд. Мақомот гуфтанд, номзадҳои мухолифин имзои заруриро ҷамъ наовардаанд.

Мақомот Самариддин Раҷабовро ба он муттаҳам карданд, ки дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар гулгашти "Светной" ба сӯи маъмурони милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст. Ҳарчанд ин зарфҳо ба касе барнахӯрд, аммо се пулис ҳамчун ҳамчун қурбонӣ шинохта шуданд. Иттиҳоми "истифода аз зӯр" бар пояи шикояти Линник - як корманди пулис, ки ба пароканда кардани тазоҳургарон машғул буд, эълон шуда буд.

Мақомоти Русия гуфта буданд, ки Самариддин Раҷабов ба сари Линник як зарфи пластикии обро ҳаво додааст. Линник дар баёноташ гуфтааст, "ман дар пушти гарданам зарбаеро эҳсос кардам, ки дарднок буд". Аммо Линник гуфтааст, дақиқ намедонад, кӣ ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додааст.

Баъдан яке аз ин се пулис -- Виталий Максидов, ки гӯё аз қуттии партофтаи Самариддин Раҷабов осеб дидааст, моҳи октяббри имсол аз ҷабрдида будан дар ин парванда даст кашид ва вазифаи худро тарк кард.

Ба ҳимояти Самариддин шуморе аз ҳунармандони Русия, аз ҷумла Оксимирон (Мирон Федоров) ва ҳунарманди маъруфи театр ва синамо Павел Деревянко садо баланд карда буданд.

Самариддин Раҷабов зодаи Тоҷикистон аст, аммо дар Русия мактабро хатм карда, ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.