Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самариддин Раҷабов аз ҳабс озод шуд


Суди ноҳияи Мешанскийи Маскав имрӯз, 24-уми декабр ҳукми Самариддин Раҷабови 21-сола, як зодаи Тоҷикистонро эълон ва ӯро бо ҷаримаи 100 ҳазор рубл, аз толори додгоҳ озод намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 3,5 сол маҳрумият аз озодиро талаб карда буд.

Раҷабов ба он муттаҳам мешуд, ки дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар гулгашти "Светной" ба сӯи маъмурони милиса зарфи пластикиро ҳаво додааст. Ҳарчанд ин зарфҳо ба касе барнахӯрд, аммо се пулис ҳамчун ҳамчун қурбонӣ шинохта шуданд. Иттиҳоми "истифода аз зӯр" бар пояи шикояти Линник - як корманди пулис, ки ба пароканда кардани тазоҳургарон машғул буд, эълон шуда буд.

Мақомоти Русия гуфта буданд, ки Самариддин Раҷабов ба сари Линник як зарфи пластикии обро ҳаво додааст. Линник дар баёноташ гуфтааст, "ман дар пушти гарданам зарбаеро эҳсос кардам, ки дарднок буд". Аммо Линник гуфтааст, дақиқ намедонад, кӣ ба сӯи ӯ зарфи пластикиро ҳаво додааст.

Баъдан яке аз ин се пулис -- Виталий Максидов, ки гӯё аз қуттии партофтаи Самариддин Раҷабов осеб дидааст, аз ҷабрдида будан дар ин парванда даст кашид ва вазифаи худро тарк кард.

Ба ҳимояти Самариддин шуморе аз ҳунармандони Русия, аз ҷумла Оксимирон (Мирон Федоров) ва ҳунарманди маъруфи театр ва синамо Павел Деревянко садо баланд карда буданд. Самариддин Раҷабов зодаи Тоҷикистон аст, вале дар Русия мактабро хатм карда, ба воя расидааст ва айни замон шаҳрвандии ин кишварро дорад.

Эътирозҳо ба зидди мақомоти Комиссияи марказии интихоботи Русия рӯзи 27-уми июли имсол дар Маскав баргузор шуда буд. Мухолифон аз он норозӣ буданд, ки мақомот номзадҳои мустақил ва мухолифинро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия роҳ надодаанд. Мақомот гуфтанд, номзадҳои мухолифин имзои заруриро ҷамъ наовардаанд.

XS
SM
MD
LG