Бобохонов барои фурӯши "заминҳои президентӣ" 62 000 сомонӣ ҷарима шуд

Салим Бобохонов, раиси боздоштшудаи ҷамоати деҳоти "Кӯлоб", ки барои харидуфурӯши "заминҳои президентӣ" муттаҳам мешуд, бо пардохти 62 ҳазор сомонӣ аз боздошт озод гардидааст.

Салим Бобохонов, собиқ раиси ҷамоати деҳоти "Кӯлоб", ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба иттиҳоми фурӯши "заминҳои президентӣ" аз сӯи маъмурони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда буд, бо пардохти 62 ҳазор сомонӣ ҷарима озод гардидааст. Ин хаабарро Дилшод Акобиров, раҳбари Оҷонсии зиддифасод дар Хатлон, дар як номаи ҷавобӣ ба шикояти сокини ҳамин шаҳр - Ҷӯрахон Кабиров гуфтааст. Акобиров афзудааст, ин қарор моҳи майи соли ҷорӣ гирифта шуд.

Ҷӯрахон Кабиров, сокини 65-солаи деҳаи Лағмони ҷамоати “Кӯлоб” мегӯяд, аз болои, ба қавли ӯ, заминфурӯшии Салим Бобохонов ба мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳудуди 400 нома навиштааст. Вале мегӯяд ӯ, иллати ба ҳадаф нарасидани шикоятҳояш дар гузашта шояд ин буд, ки баъзе аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ аз раиси собиқ пуштибонӣ мекарданд.

Заминфурӯшӣ дар Кӯлоб

"Ман ҳамин қадар навиштам, ягон кас эътибор надод. Вақте шунидам, раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Кӯлоб нав шудаааст, рафта муроҷиат кардам ва гуфтам, агар чора набинед, боз ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта мегӯям. Раиси нави мубориза бо коррупсия Салим Бобохоновро боздошт кард," -- мегӯяд Ҷӯрахон Кабиров.

Салим Бобохонов соли 2009 ба курсии раиси ҷамоати деҳоти Кӯлоб нишаста ва то моҳи октябри соли 2014 ифои вазифа кард. Дар замони раҳбарии ӯ шикоятҳо аз ин ки заминҳои обёришаванда ва ё “заминҳои президентӣ”-ро барои бунёди хонаҳо ба сокинон тақсим кардааст, рӯ ба афзоиш овард.

Дилшод Акобиров, раиси Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар минтақаи Кӯлоб дар як сӯҳбаташ дар моҳи феврал ба Радиои Озодӣ гуфта буд: "Бобохонов бо иттиҳоми гирифтани маблағҳои пулӣ барои тақсимоти замин аз шаҳрвандон гунаҳкор дониста мешавад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад ва бар муқобили ӯ дар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст."

Баъд аз обхезии пурқурбонии моҳи майи соли 2010, ки ба хоҷагии мардум низ осеби зиёд расонд, бар асоси фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида ва нафароне, ки дар як хона 3-4 оила зиндагӣ мекарданд, 30 гектар замин аз заминҳои обёринашудаи ҷамоат ҷудо карданд. Ҳилолбӣ Расулова, як зани 55-сола аз ҷамоати “Кӯлоб” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “замини президентӣ”-и ӯро, ки барои кишту кор ҷудо шуда буд, ду сол қабл раиси ҷамоат барои хонасозӣ ба дигаре дод. Ӯ мегӯяд, нони мехӯрдааш аз пушти деҳқонӣ буд ва агар зани танҳо намебуду ҳамсар медошт, шояд ба гуфтаи ӯ “наҳангҳо” молашро ба яғмо намебурданд.

Ҳоло дар ин ҷамоат баъд аз боздошти собиқ раис ҳудуди 30 хона тахриб шуда, дар нақша аст, хонаҳои боқимонда низ дар рӯзҳои наздик аз сӯи мақомот ба пуррагӣ бардошта шавад. Шамсиддин Нозимов, сокини 40-солаи деҳоти Лағмон ба Радиои Озодӣ гуфт: "Салим Бобохонов 1-2 моҳ пеш ваъдаи замин карда, писари маро ба хизмати ҳарбӣ равон кард, аммо ба ваъдааш вафо нанамуд. Як чизро мушоҳида кардам, онҳое, ки пул дода буданд, замин гирифтанд. Мо мондем.”

Дар баробари Бобохонов, Баҳриддин Қурбонов - раиси ҷамоати «Меҳнатобод»-и ноҳияи Ҳамадониро ҳам ба иттиҳоми «порагирӣ» дастгир карда буданд. Оҷонсии зидди фасод молӣ мегӯяд, баррасии чанд парвандаи дигар алайҳи раҳбарони ҷамоатҳо дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон базудӣ оғоз мешавад.

Дилшод Акобиров, раиси дафтари Оҷонсии зидди коррупсия дар минтақаи Кӯлоб гуфт, Абдусаттор Халифаев - раиси ҷамоати «Истиқлол», Идимад Давлатов - муовини раиси ҷамоати «Деҳқонариқ», Акбар Қурбонов - раиси ҷамоати «Ватан»-и ноҳияи Фархор, Холиқназар Носиров - роҳбари хоҷагии деҳқонии «Убайдулло», Сафаралӣ Абдураҳмонов - котиби ҷамоати деҳоти «Тугараки» ноҳияи Восеъ, Мирзоалӣ Назаров, мутахассиси кумитаи заминсозӣ ва Яъқуб Мирзоев – директории корхонаи кӯҳсорзамини назди Кумитаи заминсозӣ дар ноҳияи Ховалинг дар заминаи муомилоти ғайриқонунии замин дар мадди назари мақомот қарор гирифтаанд.