Талоши салафиҳо ба узвият дар Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон

Шодӣ Шабдолов гуфт, то кунун чанд тан аз пайравони "Салафия" талоши шомил шудан ба ин ҳизбро кардаанд, вале ба онҳо иҷоза надодаанд, то аз минбари ҳизб ба манфиати худ истифода кунанд.

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз пайравони ҷараёни мазҳабии "Салафия" талош кардаанд, узви ин ҳизб шаванд ва бо ин васила барномаҳои худро амалӣ намоянд. Шодӣ Шабдолов рӯзи 30 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шомил шудани пайравони дини Ислом ба ҳизби онҳо мамнӯъ нест, аммо онҳо ба касоне иҷоза медиҳанд, ки санадҳояшон ҳеч ҷое барои шубҳа надошта бошад.

Ҷаноби Шабдолов афзуд, борҳо аъзои ҷараёни "Салафия" кӯшиши дар Ҳизби коммунист шомил шуданро карданд, вале баъд аз мавриди шубҳа қарор гирифтан ба ҳизб роҳ дода нашудаанд. Ӯ мегӯяд, салафиҳо бо ин роҳ мехостанд, Ҳизби коммунистро ҳамчун минбар ва василаи худ истифода кунанд.

Хабаргузории эронии "Ориё" низ рӯзи 29 январ низ дар як матлаби худ навишт, "ба далели авзои муташанниҷи сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аносири вобаста ба гурӯҳҳои ифротӣ барномаи вуруд ба аҳзоби расмии Тоҷикистонро дар дастури кор доранд, то дидгоҳҳои худро аз имконоти аҳзоби Тоҷикистон иброз кунанд."

Шодӣ Шабдолов дар идомаи сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ иқрор кард, ки дар суханронияш дар Анҷумани ҳизб дар бораи "Салафия" гуфтааст, ки “ин ҳаракат тундгаро буда, ва пайравони он ба ҳеч сурат наметавонанд шомили Ҳизби коммунист шаванд”. Аммо ҷаноби Шабдолов ба таври мушаххас нагуфт, чӣ теъдод аз ҷонибдорони ҳаракати "Салафия" кай ва бо чӣ ному насаб хоҳиши пайвастан ба Ҳизби коммунистро кардааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки дар даврони пойбарҷоии Шӯравӣ яккаҳукмрон буду динро афюн медонист, ҳоло баъд аз ҳизби халқӣ-демокративу наҳзати исломӣ дар ҷои севум меистад. Як масъули ин ҳизб дар охирҳои соли 2013 гуфта буд, онҳо ба оинномаи худ таййир ворид кардаанд ва акнун афроди рӯҳонӣ, аз ҷумла исломиҳо, метавонанд шомили он бишаванд. Ба гуфтаи ин масъули ҲКТ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, ин иқдом ба хотири рушду пешрафт ва фаъол гардидани ҳизб гирифта шудааст.

“Аксари кодекси ахлоқии бинокори коммунизм аз китобҳои илоҳӣ, бахусус китоби Қуръон гирифта шудааст, ки ба баробарию бародарӣ, дӯстию рафоқат ва эҳтироми якдигару дурӣ аз истисмори инсонҳо ташвиқ мекунад. Яъне, ахлоқи бинокори коммунизм фишурдаи маҷмӯи ахлоқи исломӣ мебошад”,-афзудаст ин масъули Ҳизби коммунист. Ҳоло Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бештар аз 45 ҳазор узв ва дар парлумон ду намоянда дорад. Исмоил Талбаков, муоивни раҳбари ҳизб, ки вакили Маҷлиси Намояндагон низ ҳаст, дар ду навбати интихоботи президентии Тоҷикистон вориди корзор шуда, аммо пирӯзӣ ба даст наовардааст.

Ҷараёни тозапайдои “Салафия”, ки фаъолияташ аз соли 2009 ба инҷониб дар Тоҷикистон мамнӯъ буд, ахиран бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шудааст. Пайравони равияи "Салафия" тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "Омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Шубҳае дар миён аст, ки аъзои ин ҷунбиш ба ниҳодҳои давлатӣ низ роҳ ёфтаанд ва ҳамчнуин дар талоши шомил шудан ба ҳизбҳои сиёсиянд.