Бар асоси қарори Додгоҳ аз 16-уми май, вай то 22-юми августи имсол дар Боздошгоҳи муваққатӣ хоҳад монд.
Мақомоти Русия Саидакрам Раҷабализодаро рӯзи 23-юми март дастгир карда, дар аввал барои ду моҳ (то 22-юми май) ба ҳабс гирифта буданд. Ӯро ба "амали террористӣ" муттаҳам медонанд.
Ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар аввали моҳи январи имсол барои кор ба Русия рафт, аммо "тақрибан се моҳ на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод".
Манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфта буданд, ки Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуда, 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эълони қарори нави Додгоҳ ба зидди Далерҷон Мирзоев дар РусияСаидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "На занг зад, на пул фиристод." Саидакрам Раҷабализода дар Русия буд ё Туркия?Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.
Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав то кунун сездаҳ нафарро ба гумони даст доштан дар ҳамла ба “Крокус Сити” ба ҳабс гирифт. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хостааст, бе зарурат ба Русия нараванд.