Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ба Русия сафар накунанд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Сафорат рӯзи 10-уми сентябр хабар дод, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия назорати сахт ҷорӣ шудааст, аз ин рӯ, ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳоло ба Русия наоянд.