Сафари раҳбарони беш аз даҳ кишвар ба Украина

Андрей Ермак, роҳбари дастгоҳи президенти Украина (рост) рӯзи 24-уми феврал сарвазири Канада Ҷастин Трюдоро пешвоз гирифт. Киев, 24-уми феврали 2025

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва беш аз даҳ раҳбари аврупоӣ рӯзи 24-уми феврал ба нишони ҳамдилӣ бо Украина дар сеюмин солгарди шурӯи ҷанги Русия ба Киев рафтанд.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, гуфт, "имрӯз дар Киев ҳастем, чун Украина Аврупо аст. Ин сарнавишти Аврупо аст."

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, "роҳбарони давлатҳо ҳузурӣ ва маҷозӣ соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии моро пуштибонӣ мекунанд. Ҳамаи мо медонем, ки ин ҷанги беасос ва ҷиноии Русия алайҳи Украина аст."

Дар ин рӯз дар пойтахти чанд кишвари аврупоӣ раҳпаймоиҳои мухолифони таҷовузи Русия ба хоки Украина барпо шуд.

Вишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел бо як дақиқа сукут ба ёди қурбониҳои ҷанг дар Украина оғоз ёфт.

Президент Владимир Зеленский нақши украиниҳоро дар муқовимат ба артиши русӣ чун "се соли қаҳрамонии комил" ситоиш кард.

Владимир Зеленский бо ҳамсараш дар "Майдони Истиқлол"-и Киев. 24-уми феврали 2025

Дар ҳамин ҳол, шаби 23 ба 24-уми феврал Русия бо 185 паҳподи “Шаҳид” Украинаро ҳадаф қарор дод. Мақомоти ҳарбии Украина гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла дар вилоятҳои Днепропетровск, Одесса, Киев ва Хмелнитск биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ осеб дидаанд.