Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири умури хориҷӣ ва дастёрони ӯ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин сафари дувуми Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баъд аз ҳамлаи маргбори шубҳабарангез ба толори консертии “Крокус” дар наздикии шаҳри Маскав аст. Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва анҷоми он шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам мекунанд.
Баъди ин ҳамла муносибат ба садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бад шуд ва ба ҳадде расид, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо ба президент Владимир Путин гӯшзад кард, ҳарчанд аҳвол баъди ин беҳтар нашудааст.
Чанд рӯз пеш аз ин сафар, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба мақомоти Русия гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз бадрафтории мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик нигарон аст.
“Моро раванди поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳангоми баргузории маъракаҳои вобаста ба танзими муҳоҷират дар ташвиш гузоштааст. Ба кишвар роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаи васеъву номушаххаси таъмини амният афзоиш меёбанд,” -- гуфтааст Расулзода.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қоҳир Расулзода аз поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нигаронӣ кардДар бораи мавзуъҳои нишасти сарони Тоҷикистону Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Беларус, Арманистону Гурҷистон ва Туркманистону Озарбойҷон ва Молдова, ки 8-уми октябр сурат мегирад, ҷузъиёти зиёде нагуфтаанд.