Сабукии дигари ҳукумат ба “Сомон Эйр” дар Тоҷикистон

Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019

Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019

Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати овардани ду ҳавопаймои ширкати “Сомон -Эйр”-ро ба кишвар дароз кард.

Ҳамчунин ин ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда барои ду ҳавопаймо озод шудааст.

Радиои Озодӣ қарори ҳукуматро рӯзи 7-уми апрел дид.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ширкати “Сомон Эйр” ҳақ дорад, ду ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро то 30-юми августи соли 2026 ба кишвар биорад.

Ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми овардани ҳавопаймоҳо озод аст, вале маблағи умуми он маълум нест.

Дар қарори ҳукумат “воридоти муваққатӣ” навишта шудааст, аммо маълум нест, ки ҳавопаймоҳо барои чанд вақт ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” пештар хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” аз ширкати лизингии DAE Capital-и Имороти Муттаҳидаи Араб харида мешаванд.

“Сомон Эйр” ягона ширкати мустақили ҳавопаймоӣ ва дар айни замон ширкати бидуни рақиби ҷиддӣ дар Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, “Сомон Эйр” ба яке аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад ва борҳо барои монополияи бозор танқид шудааст.