Охирин ҳафтаи маъракаи интихоботи президентӣ дар Амрико шабеҳи баҳси додгоҳӣ шудааст. “Ҳоло аз чор сол пеш беҳтар зиндагӣ доред?” – пурсид Доналд Трамп, номзади Ҳизби Ҷумиҳурихоҳ шоми 29-уми октябр. Манзури ӯ давраи президентии Ҷо Байден аст.
Доналд Трамп ба тарафдоронаш дар Ню-Йорк гуфт, вазъи иқтисодро беҳтар карда, бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза хоҳад бурд: “Камала Ҳаррис зиндагии миёнаҳолонро хароб кард... Пас аз солҳо сохтани давлат ба бегонаҳо, ҳифзи марзу сарзамини кишварҳои дигар, дар ниҳоят мо ба сохтану ҳифзи давлати худ оғоз мекунем. Якум фикри Амрикоро мекунем.”
Майдоне, ки бист ҳазор ҷой дошт, пур буд. Бархе то нисфи шаб интизори вуруд ба мулоқот монданд. Вирҷиниа Авери, яке аз ҷонибдорони Трамп, гуфт, “доштани фарди намунаи ибрат хуб аст, аммо ба фикрам, маъмурияти Трамп кори хуб хоҳанд кард.”
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Камала Ҳаррис, макони мулоқоти сарнавиштсозро бо тарафдоронаш дар Вашингтон дар назди Кохи Сафед интихоб кард. Ин номзади Ҳизби Демократ гуфт: “Замони раҳбарии насли нав дар Амрико расидааст.”
Ҳаррис мавқеи худро ба ояндаи Амрико гуфт ва ҳамзамон Трампро танқид кард: “Вақти он аст, ки саҳифаи фоҷеа ва ҷанҷолро бибандем. Ман аввалин нафаре хоҳам буд, ки маҳдудиятро барои болоравии нархҳо мебардорам. Намегузорам инсулин гарон шавад ва нархи доруро тавре мекунам, ки ҳама харида тавонанд.”
Ҳазорон нафар ин ҳарфҳоро мешуниданд. Алисиа Рав, яке аз тарафдорони Ҳаррис, гуфт, “ӯ ба занҳо ихтиёр медиҳад, ки исқоти ҳамл кунанд ё не. Бовар дорам, ки ӯ бештар аз ҳаққи занҳо ҳимоят хоҳад кард ва замони раҳбариаш мушкили исқоти ҳамл ҳал мешавад.”
Маъракаи таблиғи ду номзади аслӣ барои курсии президентӣ дар Амрико ба поёни худ наздик ва ҳаяҷону изтироби тарафдорони ду номзад бештар мешавад. То ҳафтаи дигар касе нахоҳад донист, ки кӣ президенти ояндаи Амрико хоҳад шуд.