CBS News рӯзи 6-уми октябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Идораи муҳоҷират (ICE) ҳастанд ва мунтазири ихроҷ аз Иёлоти Муттаҳида. Эҳтимол онҳоро дар ҳафтаҳои наздик пас гардонанд.
Танҳо яке аз боздоштшудаҳо то ҳол мунтазири баррасии парвандааш будааст.
Ҳашт зодаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн тайи амалиёти муштарак дар Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Манобеи амниятии Амрико дар аввал онҳоро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" гумонбар дониста буданд, аммо дертар ба поймоли қоидаҳои муҳоҷират айбдор карданд.
Бо гузашти чаҳор моҳ ҳувияти боздоштшудаҳо ошкор нашудааст.
Муфаттишони FBI ё Хадамоти Федеролии Амният ба CBS News гуфта буданд, ки суҳбату мукотибаҳои ин афрод ва фаъолияташонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳқиқ карданд. Мақомоти амрикоӣ бобати робитаи эҳтимолии онҳо бо ДОИШ шубҳа доштанд, вале нисбат ба онҳо парвандаи иттиҳоми узвият ё шомил будан ба гурӯҳҳои террористӣ боз нашудааст.
Зодагони Тоҷикистон дар замоне дастгир шуданд, ки расонаҳои амрикоӣ аз эҳтимоли вуруди пайравони “Давлати исломӣ” ва аъзои созмонҳои дигари террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида ба воситаи Мексика изҳори нигаронӣ доштанд. Бо ин роҳ ҳазорҳо муҳоҷиру паноҳҷӯ вориди қаламрави Амрико мешуданд.
Хабари боздошти ҳашт тоҷикистонӣ дар пасманзари баҳсҳои вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Мексика ба Иёлоти Муттаҳида мавриди суистифодаи ҳизбҳои рақиб дар интихоботи президентии ИМА табдил ёфтааст.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бино бар маълумоти гуногун, аз 10 то 16 ҳазор зодаи Тоҷикистон зиндагӣ карда, асосан дар бахши тиҷорату нақлиёт ва хидматрасонӣ фаъоланд. Ба гуфтаи баъзе аз муҳоҷирон аз Ню-Йорк ва Филаделфия, пас аз боздошти зодагони Тоҷикистон ҳолати онҳо дар Амрико ба таври ҷиддӣ тағйир надид, аммо дигаргунӣ дар баъзе аз риштаҳо мушоҳида шуд.