Вай аз соли 2012 раёсати Федератсияро ба дӯш дорад. Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ аст, ки амалан шахси дувум дар ҳукумат ба шумор меравад.
Интихоби дигарбораи Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти ФФТ рӯзи 14-уми декабр дар конгресси ҳисоботӣ ва интихоботӣ бе иштироки ӯ ва бидуни рақиб сурат гирифтааст. Вай то соли 2028 дар ин мақом хоҳад буд.
Хуршед Мирзо муовини аввал, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов муовинони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар конгресси ҳисоботию интихоботӣ фаъолияти ФФТ дар солҳои 2020-2024 низ баррасӣ шуд.
Дастоварди бузургтарини футболи тоҷик дар ин давра ба қисми ниҳоии Ҷоми футболи Осиё роҳ ёфтани тими миллии футболи кишвар мебошад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ имсол дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё дар Қатар ширкат карда, то ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Аммо баъзе аз коршиносони соҳа бе зикри номи худ гуфтанд, рақобат барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон он қадар пуршиддату шавқангез сурат намегирад. Барои мисол, дар Лигаи олии Тоҷикистон 11 соли охир танҳо як даста, “Истиқлол”-и Душанбе, ғолиб мешавад.
Масъалаи дигар, ба гуфтаи онҳо, чигунагии вазъи майдонҳост. Солҳои охир дар кишвар варзишгоҳҳои зиёд сохта шуданд, вале чамани ин майдонҳо аслан сунъист. Ҳоло майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ чамани сунъӣ дорад ва дастаҳое, ки ба Тоҷикистон барои бозӣ меоянд, аз ин чиз ҳамеша шикоят мекунанд. Зеро онҳо барои бозӣ кардан дар чунин шароит одат накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Алишер Аминов: "Дастоварди бозигарони тоҷик бо табрики онҳо хотима наёбад" ВИДЕОБори аввал нест, ки наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон раёсати ниҳодҳои варзиширо соҳиб мешаванд. Худи ӯ президенти Кумитаи миллии олимпист. Наберааш Исмоили Маҳмадзоҳир раиси Федератсияи ҷудо, домодаш Шамсулло Соҳибов раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш ва хешовандаш Зайнулло Шарифзода раиси Федератсияи таэквандои Тоҷикистон ҳастанд.