Хадамот: "Кори Рустами Эмомалӣ имсол олӣ буд" (2 ВИДЕО)

Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз кори раҳбари ин ниҳод -- Рустами Эмомалӣ дар соли гузашта ситоиш карда ва онро "хеле олӣ" гуфтанд. Аммо худи Рустами Эмомалӣ дар ин нишаст иштирок надошт.

Неъматбой Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки рӯзи 14-уми январ аз кори яксолаи ниҳодашон натиҷагирӣ ва ба пурсиши хабарнигорон посух медод, аз фаъолияти Рустами Эмомалӣ тавсиф кард ва онро хеле олӣ номид. Ӯ гуфт, раҳбари ҷавони Хадамоти гумрук “аз ҳама лиҳоз корро дар як вазъи ҳассос хеле хуб ба роҳ монд.”

Ҷаноби Раҳматов илова кард, “худи ҳамин нишондиҳандаҳои Хадамоти гумрук дар соли 2014, аз ҷумла 204 миллион сомоние, ки аз нақшаи пешбинишуда бештар ҷамъоварӣ гардид, гувоҳи кори хуб аст. Дар шароите, ки медонед, вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ чӣ гуна аст ва оқибати таҳримҳо дар пайи низоъҳои Украина ба вуҷудомада чӣ таъсире гузоштаанд. Лекин бо ин нигоҳ накарда, Хадамоти гумрук нақшаҳоро барзиёд иҷро кард. Фикр мекунам, ҳамин меъёри баҳодиҳӣ ба кори хуби сардори Хадамоти гумрук аст.”

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар моҳи ноябри соли 2013 раиси Хадамоти гумрук таъин шуд, маъмулан дар нишастҳои ин ниҳод бо хабарнигорон иштирок намекунад. Вай 19-уми декабри соли 1987 таваллуд шуда ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст. Ӯ муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд. Дар моҳи январи соли 2012 раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Интисоби писари президент ба мақоми раиси Хадамоти гумрук дар синни ҳамагӣ 26-солагӣ ва додани унвони генералӣ ба ӯ дар чунин син интиқодҳеро дар ҷомеаи Тоҷикистонро ҳам ба дунбол дошт, ки таъиноти Рустами Эмомалӣ ва як иддаи дигар аз фарзанди мақомдорон ба мансабҳои баланди давлатиро идомаи сиёсати авлодбозӣ дар ҳукумати Тоҷикистон меноманд. Аммо намояндагони Хадамоти гумрук мегӯянд, баъд аз омадани Рустами Эмомалӣ ба ин мақом "порахӯрӣ" дар ин идора камтар шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хадамот: "Кори Рустами Эмомалӣ дар соли 2014 олӣ буд"

РУСИЯ ДАР САДРИ ВОРИДКУНАНДАҲО БА ТОҶИКИСТОН

Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, ки соли 2014 Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Русия маҳсулот ворид кардааст. Неъматбой Раҳматов, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 14 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки давоми соли 2014 аз Чин дар ҳаҷми 179 миллион ва аз Русия 729 миллион долллар маҳсулот ворид шудааст. Ба гуфтаи вай, Русия аз лиҳози воридот ба Тоҷикистон миёни кишварҳои воридкунанда дар садр қарор дорад.

Муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон афзуд, ки соли 2014 аз пардохтҳои гумрукӣ ба будҷаи кишвар 4 миллиарду 3 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки назар ба як соли пеш 700 миллион бештар аст.

77 НАФАР АЗ КОР РОНДА ШУДАНД

Ҷаноби Раҳматов гуфт, ки расмиёти мураккаб боиси фасод дар кори бахше аз кормандони онҳо буд, ки ҳоло бо содда кардани ҳуҷҷатгузорӣ дар фурудгоҳу дигар гузаргоҳҳо, мехоҳанд онро аз байн бубаранд. Вай гуфт, давоми соли гузашта 77 нафари кормандони ин ниҳод аз санҷиш нагузаштанд ва аз кор ронда шуданд.

ШОМИЛ ШУДАН БА ИТТИҲОДИ АВРООСИЁ

Неъматбой Раҳматов гуфт, гурӯҳи корие дар назди вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи эҳтимолии шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро меомӯзад. Муовини раиси Хадамоти гумрук гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз барои шомил шудан ба ин Иттиҳоди тозатаъсис тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё шомил мешавад?

Ӯ гуфт: “Бисёр масъалаҳое ҳаст, ки таҳлилу омӯзиши иловагиро тақозо мекунад. Бо супориши ҳукумати Тоҷикистон, дар назди вазорати рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва тамоми масоили оқибатҳои эҳтимолии шомил шудани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия мавриди омӯзиш ва баррасии ин гурӯҳ қарор дорад. Баъди омӯзиш ҳамаҷониба маълум мешавад, ки шомил шудан ба ин иттиҳодия чӣ оқибати манфӣ ва мусбӣ дошта метавонад.”

9 ГУЗАРГОҲИ ГУМРУКӢ БАСТА ШУД

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки табодули молу коло миёни Узбакистон ва Тоҷикистон аз солҳои гузашта чандон фарқкунанда нест. Баръакс, дар қиёс ба солҳои гузашта аз 16 гузаргоҳи гумрукӣ дар марз бо Узбакистон, 9 тоаш аз фаъолият бозмондаанд.

Неъматбой Раҳматов гуфт, “баста шудани ҳар кадом гузаргоҳҳои гумрукӣ сабабҳои хос доранд. Масалан, гузаргоҳи Айвоҷ бинобар сабаби набудани роҳи оҳан корашро қатъ кард. Чун дигар доду гирифт намешуд. ” Аммо ба гуфтаи масъули Хадамоти гумрук, ҳамаи ин гузаргоҳҳо як ҷониба аз ҷониби кишвари ҳамсоя фаъолияташонро қатъ кардаанд.