Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кунио Микория бо Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия шоми 30 сентябр бо як сафари чоррӯза вориди Тоҷикистон мешавад.

Ҳумайро Мирова, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми имрӯз Кунио Микурия, дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук барои нахустин бор ба Тоҷикистон хоҳад омад ва дар доираи сафараш бо раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот хоҳад кард. Дар назар аст, ки онҳо вазъи гумруки Тоҷикистон, роҳҳои рушди ҳамкорӣ ва имкони расонидаи кӯмакҳои фаннӣ ва молӣ ба гумруки Тоҷикистон ва бозомӯзии ходимонашро баррасӣ кунанд.

Тайи ин сафар, ки то 3 октябр давом хоҳад кард, Кунио Микурия аз дидбонгоҳҳо ва гузаргоҳҳои гумрукӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонва дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дидан хоҳад кард.

Созмони ҷаҳонии гумрук, қароргоҳаш дар Брюссел, соли 1947 таъсис ёфта, 170 ниҳоди гумрукии кишварҳои дунёро муттаҳид мекунад. Кунио Микурия аз соли 2009 раиси Созмони ҷаҳонии гумрук мебошад.

XS
SM
MD
LG