Афзоиши таваҷҷӯҳи сайёҳони рус ба тамошои Тоҷикистон

Сайёҳони хориҷӣ дар Ҳафткӯли Панҷакент

Ширкатҳои сайёҳии Русия мегӯянд, баста шудани роҳи Мисру Туркия таваҷҷӯҳи сайёҳони рус ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистонро бештар кардааст.

Ба ҳисоби ширкатҳои сайёҳии Русия, баста шудани роҳи Мисру Туркия ба рӯи сайёҳони рус, таваҷҷӯҳи муштоқони сайёҳат дар Русияро ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, бештар кардааст.

Бино ба ҳисоби коршиносони “Делфин”, яке аз бузургтарин ширкатҳои сайёҳии Русия, дар соли 2016 шумори сайёҳон аз Русия дар соҳилҳои баҳрии Абхозистон то 20 дарсад афзуда, ба якуним миллион хоҳад расид. Теъдоди сайёҳони рус дар масири Озарбойҷону Арманистон ва Гурҷистон то 50 дарсад боло рафта, қарор аст, имсол, барои мисол, аз Русия 200-300 ҳазор сайёҳ барои тамошои Гурҷистон бираванд.

Ба ҳисоби коршиносони “Делфин”, шумори сайёҳони рус дар самти Осиёи Марказӣ низ дар соли 2016 ба таври қобили мулоҳиза меафзояд. Аз ҷумла, бино ба интизори онҳо, имсол аз Русия 100-200 ҳазор ба тамошои Қазоқистон, то 100 ҳазор нафар ба Қирғизистон, то 50 ҳазор сайёҳ ба Узбакистон ва то 30 ҳазор нафар ба Тоҷикистон бираванд.

Сергей Ромашкин, мудири кулли ширкати “Делфин” рӯзи 28 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар бозори сайёҳии Русия як навъ бознигарии масирҳои сайёҳат ва истироҳат идома дорад: “Албатта, онҳое ки қаблан дар Миср ё Туркия дам мегирифтанд, сайёҳони ба истилоҳ “танбал”-анд, ки мехоҳанд соҳили баҳр бошаду як ҳафта ё ду ҳафта пиво дар даст аз лаби об наҷунбанд. Ин тоифа ба минтақаҳое, ки баҳр доранд, мисли Гурҷистон, Абхозистон ё ба Озарбойҷон мераванд. Ба Тоҷикистон умдатан сайёҳони фаъол, ки мехоҳанд маконҳои таърихӣ ва кӯҳистони зебои онҷоро тамошо кунанд, ва дӯстдорони сайёҳатҳои варзишие, чун кӯҳбароӣ таваҷҷӯҳ нишон медиҳанд.”

Сергей Ромашкин мегӯяд, барои ин тоифаи сайёҳон масъалаи комфорт, яъне вуҷуди меҳмонсароҳои бошукӯҳ ва хидматрасонӣ дар сатҳи баланд, чун дар Миср ё Туркия, муҳим нест. Ба ақидаи ӯ, масоили амниятӣ, аз ҷумла ҳаммарз будани Тоҷикистон бо Афғонистони ҷангзада низ барои чунин гурӯҳи сайёҳон аҳамияти чандоне надорад: “Онҳое ки самти Осиёи Миёнаро интихоб мекунанд, аз пеш медонанд, ки дар ин минтақа мушкилоти амниятӣ вуҷуд дорад, роҳҳову меҳмонхонаҳои хуб нест. Аммо ин омили ҳалкунанда нест. Як чизи асосие, ки монеи ба як масири умда барои сайёҳони рус табдил ёфтани кишварҳое, чун Тоҷикистон мешавад, фосилаи тӯлонии онҳост, чунки парвоз аз Русия то Тоҷикистон то 5 соатро дар бар мегирад. Сайёҳон ба минтақаҳое, ки парвозашон аз 3 соат бештар набошад, таваҷҷӯҳи зиёдтар нишон медиҳанд.”

Омили дигар, ба гуфтаи мудири кулли ширкати “Делфин”, уфтухезҳои қурби пулҳои миллии ин кишварҳост. Дар тӯли соли 2015 қурби пулҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ дар муқобили доллар аз 43 то 98 фоиз пойин рафт. Сергей Ромашкин мегӯяд: “Ин дар ҳолест ки қурби рубл низ башиддат пойин рафтааст ва ин сатҳи даромади мардумро дар Русия пойин бурдааст. Ба ин далел, хонаводаҳо дар интихоби масири сайёҳат назар ба солҳои қабл хеле эҳтиёт мекунанд ва агар диданд, ки баъди уфтодани қурби пули Озарбойҷон, барои мисол, арзиши сафар ба он кишвар 50 фоиз боло рафт, аз сафар ба Озарбойҷон худдорӣ мекунанд.”

Ромашкин мегӯяд, дар чунин шароит бисёри сайёҳони рус ба масирҳои наздиктару арзонтаре, чун Сочи бартарӣ медиҳанд, чунки ҳам баҳр дорад ва ҳам муомилоташ бо рубли русист: “Кишварҳое, ки баҳр надоранд, ба мисли Тоҷикистон, мутааассифона, ба ҷалби сайёҳи зиёд аз ҳисоби онҳое, ки мехоҳанд дар лаби баҳр истироҳат кунанд, умед баста наметавонанд.”

Меҳмонхонаи "Hyatt Regency" дар Душанбе

Бино ба омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, дар тӯли соли 2015 аз ин кишвар қариб 420 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардаанд. Аз ҳисоби сайёҳон дар як соли гузашта ба будҷаи Тоҷикистон ҳудуди 207 миллион доллар ворид шудааст. Аксари сайёҳон ба Тоҷикистон барои тамошои кӯҳистони Бадахшону Зарафшон меоянд, вале дар солҳои охир шумори онҳое, ки иштиёқи тамошои маконҳои таърихиву зиёратии Тоҷикистон ба тамошои ин кишварашон меорад, низ рӯ ба афзоиш овардааст.

Масъулони бахши туризми ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ба хотири ҷалби сайёҳони бештар дар солҳои охир дар ин кишвар ҳудуди 150 меҳмонхонаи нав сохта шуда, зербинои сайёҳӣ дар масирҳои умдаи ҷаҳонгардӣ низ хеле беҳтар шудааст. Аммо сатҳи хидматрасонӣ, аз ҷумла бархӯрди мақомоти сершумори назоратӣ нисбат ба сайёҳон, ба мисли чандин мавриди расонаишудаи “пулканӣ”-и ҷангалбонҳо аз сайёҳони хориҷӣ, аз мушкилотест, ки дар роҳи рушди бештари ин ришта сад мегузорад.