Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зери хоки мазорҳои мо кӣ хуфтааст?


Бар асоси як пажӯҳиш, ҷанозаи Султон Увайси Қаранӣ дар Яман дафн шудааст, на дар Тоҷикистон.
Бар асоси як пажӯҳиш, ҷанозаи Султон Увайси Қаранӣ дар Яман дафн шудааст, на дар Тоҷикистон.

Муаллифони китоби "Пирони кӯҳистони Хатлон” мегӯянд, дар асл на ҳамаи он шахсиятҳои маъруфи исломӣ, ки дар Тоҷикистон ба номашон мазору мақбара сохтаанд, дар ин ҷо дафн шудаанд.

Як пажӯҳиш маълум кардааст, ки на ҳамаи чеҳраҳои исломӣ, ки дар Тоҷикистон ба номашон мазору мақбара бунёд шудааст, дар ин ҷо дафн шудаанд. Бар асоси ин пажӯҳиш маълум шудааст, ки дар мавзеи Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯрообод на Имом Ҷаъфари Содиқ, нафаре аз табори Паёмбари Ислом ва имоми 6-уми аҳли ташайюъ, балки орифи ҳамноми ӯ, Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, ки аз шогирдони мактаби Алии Ҳамадонӣ будааст, хок шудааст.

Ду донишманди тоҷик – падару писар Раҷаб ва Ҳотам Асозодаҳо - зиндагиномаи ҳудуди 40 шахсияти маъруфи исломиро, ки ба номашон дар вилояти Хатлон мавзеъҳои зиёратӣ вуҷуд дорад, пажӯҳиш ва дар як китоби алоҳида бо номи “Пирони кӯҳистони Хатлон” нашр кардаанд.

Муаллифон мегӯянд, ин китоб аз зиндагиномаи шахсиятҳои мӯътабари рӯҳоние, чун Султон Увайси Қаранӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҳасан Шоҳи Хомӯш, Хоҷа Исҳоқи Валӣ ва даҳҳо тани дигар бо такя ба далелҳои илмӣ ба хонанда маълумот медиҳад.

Раҷаб Асозода, яке аз муаллифони ин китоб рӯзи 17-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бархе мавридҳо сокинон аз рӯи эҳтиром маконҳои зиёратро ба номи шахсиятҳои бузург гузоштаанд ва дар бархе мавридҳои дигар дар ин маконҳо афроди ҳамноми бузургони олами Ислом дафн шудаанд.

Ӯ гуфт: “Имом Аскарӣ дар Бағдод дар шаҳраке бо номи Аскарӣ хок шудааст. Дар ноҳияи Мӯъминобод ба номи ӯ зиёратгоҳ вуҷуд дорад. Мазори Имом Ҷаъфари Содиқ дар Мадина аст. Султон Увайси Қаранӣ дар Қарани Яман дафн шудааст. Дар мазору мақбараҳое, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, бархе ба номи ҳамномони онҳо гузошта шудаанд. Масалан, дар мавзеи Дашти Ҷум ба номи Имоми Ҷаъфари Содиқ мақбара ҳаст, аммо мо маълум кардем, ки ӯ Нуриддин Ҷаъфари Содиқ, аз шогирдони Мир Саид Алии Ҳамадонист, ки ин ҷо дафн шудааст. Мардуми мо аз сари эҳтирому эътиқод ба номи онҳо мавзеъҳоро номгузорӣ кардаанд. Дар Ҷиликӯл мазори Ҳазрати Зайналобиддин ҳаст, вале ин ҷо ҳам як бузурги дигари ҳамноми ӯ ба хоби абад рафтааст.”

Ин донишманди тоҷик мегӯяд, аммо Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар ҳақиқат дар Кӯлоб, Шақиқи Балхӣ - дар ноҳияи Данғара, Шоҳ Заробиддини Валӣ -дар ноҳияи Балҷувон ва ҳамин тавр, даҳҳо тани дигар аз бузургон дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ зиставу дар ҳамон ҷоҳо дафн шудаанд. Ӯ мегӯяд, аксари ин бузургон ба мисли Алии Ҳамадонӣ ва Шоҳ Заробиддини Валӣ, ки аз пайвандони Паёмбари Ислом шумурда мешаванд, дар ҳудуди Тоҷикистон шеъру асарҳои мондагорифалсафӣ эҷод кардаанд.

Дар Тоҷикистон садҳо марқаду мақбараҳое бунёд шудаанд, ки ба эътиқоди сокинони маҳаллӣ, дар зери онҳо чеҳраҳои шинохтаи исломӣ дафн шудаанд. Ҳоло аксари ин маконҳо ба зиёратгоҳи мардуми ихлосманд аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик мегӯяд, дар замонаш чунин шеваи номгузорӣ мавзеъҳои зебои таърихиро тӯли асрҳо аз вайроншавӣ нигаҳ дошт. Ӯ мегӯяд, ҳар мавзее, ки ба исми шахсиятҳои шинохтаи Ислом номгузорӣ шуда буд, ободу зебо боқӣ монд.

Зафар Мирзоён афзуд: “Чунин номгузориҳо аз фарҳанги хуби гузаштагони ҳушманди мо буд. Ба ин васила онҳо мавзеъҳои зебои кӯҳистонро аз нобудӣ наҷот доданд. Дарахтонро аз бурридан ва чашмаҳоро аз хушкидан боздоштанд. Ин ки кадоме аз ин шахсиятҳо дар он ҷо дафн шудааст ё на?, баҳси дигар аст. Аммо номгузории ин мавзеъҳо бо номи афроде, ки дар ҷомеа мавриди эҳтиром қарор доштанд, ба табиати мо сӯди фаровон овард. Чун маҳз бо ҳамин далел, ки дар ин мавзеъ бузурге хуфтааст, он ҷоро нагузоштанд ба вайроназор ва ё биёбон табдил ёбад.”

мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар Айнӣ
мазори Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар Айнӣ

Коршиносон мегӯянд, аз мавзеъҳое, ки шахсиятҳои шинохтаи исломӣ дафн шудаанд ва ё он ҷоро ба номашон номгузорӣ кардаанд, бо мақсади сайёҳӣ мешавад фаровон истифода кард.

Асад Бобоев, як коршиноси соҳаи сайёҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, агар ба мавзеъҳое, ки исми шахсиятҳои шинохта дар олами Исломро доранд, як хатсайри алоҳидаи сайёҳӣ боз кунанд, садҳо сайёҳ аз кишварҳои мухталиф ва зоирон аз худи Тоҷикистон барои боздид аз ин маконҳо ҷалб хоҳад шуд.

Ӯ меафзояд: “Мутаассифона, як хатсайри муайян нест, ки сайёҳон барои дидани ин маконҳо бираванд. Масалан, Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки то ҳанӯз ҷасадаш рӯи замин вуҷуд дорад, барои сайёҳон ҷолиб аст. Дар Хатлон ҳам кӯҳи Имом Аскара ва мазори Султон Увайси Қаранӣ аз ҷойҳои диданианд. Лекин як хатсайри муайн вуҷуд надорад, то сайёҳонро ба он ҷо бубарӣ. Шароити хуб ҳам вуҷуд надорад. Вагарна сайёҳон қиссаҳо дар бораи онҳоро ҳатман бо завқ хоҳанд шунид ва аз ин роҳ ба буҷа низ даромад хоҳад омад.”

Ин бори нахуст аст, ки зиндагинома ва шахсияти чеҳраҳои шинохтаи Ислом, ки ба номашон дар ҷануби Тоҷикистон мазору мақбараҳо вуҷуд дорад, пажӯҳиш ва дар шакли як китоб нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG