Тоҷикистон ва Ӯзбакистон соли 2015 узви Иттиҳоди Авруосиё мешаванд?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (рост) бо ҳамтои ӯзбаки худ Ислом Каримов

Узви Кумитаи умури байнулмилалии Сенати Русия Игор Морозов, эълом дошт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2015 ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё хоҳанд пайваст.

Ҳанӯз Тоҷикистон ба таври рӯшану дақиқ нагуфтааст, ки узви Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИА) хоҳад шуд, аммо мансабдорони давлатӣ ва сиёсатмадорони Русия пайваста таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон дар садади узвият ба ин эътилоф аст. Ба дунболи сафири Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин-Фролов, ки сешанбеи гузашта гуфт, Тоҷикистон ба қабули қарор дар бобаи узвият дар ИИА омодааст, узви Кумитаи умури байнулмилалии Шӯрои федератсия Русия Игор Морозов изҳор дошт, ки на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбакистон низ ҳарду дар соли 2015 ба ин созмон хоҳанд пайваст.

Мақомоти Тоҷикистон дар шарҳи ин изҳорот мегӯянд, ҳамоно машғули омӯзиши тарафҳои мусбат ва манфии узвият дар ИИА ҳастанд, аммо Ӯзбакистон ба воситаи торнамои vesti.uz эълон кард, ки “Тошканд ҳаргиз дар пайи ҳамгироӣ бо кишварҳои Шӯравии пешин нест.” Ба гуфтаи ин манбаъ, Ӯзбакистон аз ҳама гуна иттиҳоду эътилофҳои марбута берун шуд, ҳама гуна пешниҳоди узвият дар Иттиҳоди Гумрукиро рад кард ва то соли 2020 нақша надорад, ки ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ шомил гардад.

Дар ҳоле ки эҳтимол меравад, масъалаи узвияти Ӯзбакистон дар ИИА ҳангоми дидори ахири президентҳои Русия, Владимир Путин ва Ӯзбакистон, Ислом Каримов дар аввали моҳи декабр дар Тошканд, баррасӣ шудааст, vesti.uz менависад, дар ин мулоқот Каримов танҳо ваъда дод, ки машваратҳои пайванди кишварашро бо Минтақаи озоди тиҷоратии Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё оғоз намояд, зеро 23 дарсади тиҷорати берунаи Ӯзбакистон бо Русия буда дар ин дидор 865 миллион доллар қарзи Узбакистон дар назди Русия бахшида шуд. Аммо, менависад торнамо, аллакай фурӯши мошинҳои сабукрав, маҳсулоти нассоҷӣ ва кишоварзии Ӯзбакистон дар Руси бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Ва аз авваали соли 2015 муҳоҷирони ӯзбак дар Русия низ бо масъалаҳои имтиҳони забони русӣ, патент ва бимаи саломатӣ мувоҷеҳ хоҳанд гашт.

Дар марвиди Тоҷикистон Игор Морозов гуфтааст, ки он “шарики фаъоли Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъист ва ба таври пурра дар минтақаи озоди тиҷоратӣ ҳамкорӣ мекунад.” Бино бар ин Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат дархости узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро хоҳад кард, афзудааст Морозов.

Моҳи ноябр як ҳайати Русия барои машварат роҷеъ ба узвияти Тоҷикистон дар ин эътилоф ба Душанбе сафар карда буд ва пешта раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко гуфт, Тоҷикистон усулан тарафдори ҳамгироист, аммо баъд аз як силсила гуфтушунидҳо ба узвият дар ИИА ариза хоҳад дод.

1 январи соли 2015 ҳамсояи Тоҷикистон – Қирғизистон узви Иттиҳоди гумрукӣ мешавад, ки вурудаш ба Фазои ягонаи иқтисодӣ ва пас аз он узвияти комилаш дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё дар ҳайати Русия, Қазоқистон ва Белорусро фароҳам месозад. Узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди гумрукӣ охирин монеаи марзӣ миёни Тоҷикистону ин иттиҳодро аз миён мебарад.

ИАА 29-уми майи соли равон аз сӯи Русия, Қазоқистон ва Белорус ташкил шуд ва аз 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ мекунад. Бисёриҳо таъсиси онро талоши дигари Путин барои эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ меноманд. Аммо раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ узвият дар ин ниҳодро як эҳтимоли маҳдуд шудани ҳокимияти худ мешуморанд ва ин эътилоф, зоҳиран бо фишор густариш меёбад. Дар нишасти ахири он дар Маскав президенти Беларус Аляксандр Лукашенко дар пами ниҳоии худ нороҳатияшро аз иттиҳоди нав баён дошт, вале гуфт, тарафдори он аст. Пеш аз имзо шудани созишномаи узвияти Қирғизистон, раисиҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоев изҳор дошт, кишвараш аз ду бадӣ бадии камтареро интихоб карда, узви ИИА шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо як дафъа дар ин бора изҳори назар кард ва он ҳам ин буд, ки кишвараш машғули омӯзиши шароити узвият дар иттиҳоди нав аст. Ҳарчанд бо амри ӯ як гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст, то ҷанбаъҳои мусбат ва манфии узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиёро омӯзад, ин гурӯҳ то кунун ҳеч гуна хулосаи фарогире ба ҳукумат пешниҳод накардааст. Иқтисодшиносони тоҷик аз осебҳои узвияти Тоҷикистон дар иттиҳод сӯҳбат мекунанд ва ҳукумат амалан наздикии бештари иқтисодӣ бо Чинро авлотар медонад. Вале, бо назардошти вобастагиҳои зиёди Тоҷикистон бо Русия, пешгӯӣ мешавад, ки Душанбе аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарпечӣ карда наметавонад ва таъхир барои он аст, ки Русия ва аъзои дигари иттиҳод барои Тоҷикистон шароити беҳтареро пешниҳод кунанд.

Густариши ИИА дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Кремл бо тамоми роҳҳои мумкин талош кард, Украинаро дар мадори сиёсии худ нигоҳ дорад ва нимҷазираи Қримро ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд, ки таҳримҳои иқтисодии Ғарбро зиддаш ба бор овард.