Беқурбшавии рубли русӣ ва таъсири он ба арзиши сомонӣ

Коршиносон истисно намедонанд, ки поин рафтани арзиши рубли Русия ба поин рафтани арзиши пули миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сомонӣ дар Тоҷикистон асар мегузорад.
Русия яке аз тарафҳои аслии тиҷорати кишварҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад ва пули ин кишвар дар доду гирифти молии ин кишварҳо нақши муҳим дорад. Нозим Эшонқулов-раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар Душанбе мегӯяд, аз ҳоло болоравии арзиши сомонӣ дар баробари доллар дида мешавад. Вай бӯҳрони молии соли 2009-ро намуна меорад ва мегӯяд: “Соли 2009 арзиши сомонӣ то 30 дарсад поин рафта буд, яъне чунин раванд мумкин аст такрор шавад. Мо аз ҳоло мебинем, ки чӣ хел рӯз ба рӯз сомонӣ камарзиш шуда, доллар боло рафта истодааст. Ҳоло барои 100 доллар 505 сомонӣ медиҳанд. Мушкил ин аст, ки дар нуқтаҳои мубодила доллар кам аст”.

Нозим Эшонқулов

Нозим Эшонқулов мегӯяд, бо коҳиши рушди иқтисод дар Русия имкони коҳиши корҳои сохтмонӣ низ вуҷуд дорад, чун ҷойҳои корӣ барҳам мехӯрад. Дар он сурат интиқоли пулҳои муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон кам мешавад. Бино ба маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли 2013 муҳоҷирони корӣ бештар аз 4 миллиард доллар ба Тоҷикистон фиристодаанд ва ин маблағ 52 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил додааст.

Вале баъд аз бӯҳрони Қрим ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ бар зидди Русия коршиносон аз пешгӯии маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба ватанашон дар соли 2014 худдорӣ мекунанд. Онҳо Тоҷикистонро ҳамчунон пойбанди пулҳои муҳоҷирон медонанд, зеро истиқлоли иқтисодии ин кишвар хеле заиф аст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ то андозае Қазоқистон истиқлоли иқтисодӣ дорад, бо вуҷуди ин Ораз Жандосов-муовини пешини нахуствазир ва раиси пешини Бонки миллии Қазоқистон ба радиои “Озодӣ” гуфт, агар арзиши рубли Русия поин равад, чунин вазъ метавонад ба арзиши танга дар Қазоқистон низ асар гузорад: “Поин рафтани арзиши рубл ба Қазоқистон албатта таъсир хоҳад дошт. Агар арзиши рубл поин равад, арзиши танга ҳам поин меравад. Дар бораи тиҷорат бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна чизе гуфта наметавонам, вале дар тиҷорат бо Қазоқистон шояд таъсири ҷиддӣ надошта бошад. Ин ба он иртибот хоҳад дошт, ки бо иқтисоди Русия чӣ пеш хоҳад омад. Агар ақибравӣ оғоз ёбад, дар он сурат албатта таъсир мекунад”.

Ораз Жандосов

Аммо Мирсаид Саидов-намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Тоҷикистон набояд, аз поин рафтани арзиши рубл дар баробари доллар нигарон шавад, зеро ин ду кишвар бо рубл тиҷорат мекунанд: “ Мо аз Русия бо пули русӣ маҳсулот мехарем. Аммо мо доллари амрикоӣ дорем, бинобар ин дар вақти бо пули русӣ харидан, мо баръакс камтар фоида ҳам мекунем, чунки нархҳо дар Русия он қадр баланд нарафтаанд. Курси доллар боло рафтааст”.

Оқои Саидов меафзояд, агар тиҷорати Русия бо кишварҳои ғарбӣ маҳдуд шавад, дар он сурат ин кишвар маҷбур мешавад, ки барои маҳсулоти худ дар ҷои дигар бозор ҷустуҷӯ кунад. Чунин бозор метавонад кишварҳои Шӯравии пешин бошанд. Дар сурати ба фурӯш нарафтани маҳсулот, ҳатто мумкин аст Русия нархҳоро арзонтар кунад.

Вале оқои Саидов коҳиши даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро истисно намедонад, зеро онҳо дастмузди худро бо пули русӣ мегиранд ва солона пулҳое, ки онҳо ба Тоҷикистон мефиристанд, нисфи даромади нохолиси миллиро ташкил медиҳад. Аз ин нуқтаи назар Тоҷикистон мумкин аст зарар бинад.

Арзиши рубли Русия дар моҳи апрел дар ивази як доллар аз 35,07 ба 36,66 рубл расид, ки ин аз рекорди бӯҳронии Русия дар моҳи августи соли 1993 0,98 рубл камтар аст. Чунин афтиш дар муносибатҳои иқтисодӣ ва доду гирфти тиҷоратӣ, ки триллионҳо долларро ташкил медиҳад, дарсадии кам нест. Дар давоми як моҳи ахир, яъне аз замони ба сарди гароидани муносиботи Ғарб бо Русия барои бӯҳрони Украина чунин падидаҳо дар иқтисоди Русия мушоҳида мешавад. Дар давоми як моҳи охир сармоягузорон пулҳои худро аз Русия баровардаанд ва тибқи маълумоти мавҷуда ин пулҳо аз 50 то 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Вазири рушди иқтисод ва вазири молияи Русия

Рӯзи чаҳоршанбе Алексей Улюкаев-вазири иқтисоди Русия дар яке аз суханрониҳояш эътироф кард, ки агар сармоягузорони хориҷӣ сармояҳои худро аз Русия берун кашанд, рушди иқтисоди ин кишвар мумкин аст 1,8 дарсад камтар шавад. Дар он сурат ин кишвар пешбинӣ мекунад, ки зарари пешомадаро аз ҳисоби боло бурдани нархи нафт ҷуброн кунад. Дар семоҳаи соли ҷорӣ рушди иқтисоди Русия танҳо 0,8 дарсадро ташкил додааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 2 дарсад камтар аст.

Иқтисоддонон истисно намедонанд, ки дар чаҳорчӯбаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бар зидди Русия мумкин аст сармоягузориҳои хориҷӣ дар Русия на танҳо коҳиш ёбад, балки сармоягузорон сармояҳои худро аз Русия берун бикашанд. Тахмин зада мешавад, ки дар як моҳи охир содироти Русия ба кишварҳои берун аз чаҳорчӯбаи кишварҳои муштаракулманофеъ бештар аз 10 дарсад коҳиш ёфтааст.