Нархи патент дар 74 вилояти Русия боло рафтааст (Инфографика)

Russian work permit for foreign migrants Example

Аз 1 январ арзиши патент аксарияти кулли вилоятҳои Русия арзиши патентро барои муҳоҷирони хориҷӣ боло бурдаанд. Дар бархе вилоятҳои Русия арзиши патент аз 2 то 5 маротиба афзудааст.

Нархи моҳонаи патент барои муҳоҷирони хориҷӣ аз 1 январ дар аксарияти кулли вилоятҳои Русия боло рафтааст. Нархномаи нави патент, ки ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – нашр кардааст, нишон медиҳад, ки дастикам 74 минтақаи Русия аз соли нав арзиши онро барои муҳоҷирони хориҷӣ боло бурдаанд. Нархи патент танҳо дар 5 минтақа – вилоятҳои Челябинск, Волгоград, Владимир ва Ленинград ва дар шаҳри Санкт-Петербург – бетағйир боқӣ монда, танҳо дар 6 минтақа – ҳавзаи Чукотка, ҷумҳурии Ингушистон ва вилоятҳои Калуга, Воронеж, Томск ва Нижний Новгород мақомот тасмим гирифтаанд, ки нархи патентро баракс кам кунанд. Дар Чукотка, ки соли гузашта арзиши патенташро 8000 рубл муқаррар карда буд, имсол онро то ҳадди 4542 рубл пойин овардаанд ва ин минтақа мақоми аввал дар “чемпионат”-и нархи патенти муҳоҷиронро имсол ба Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон дод, ки нархи ин “маҳсулоти стратегӣ”-ро барои муҳоҷирон 1100 рубл боло бурда, ба 8173 рубл расондааст.

Аммо бештар аз ҳама – қариб 5 маротиба - нархи моҳонаи патенти муҳоҷирон дар ҳавзаи мухтори Ненетс боло рафта, ба 7000 рубл расидааст. Ҳамин тавр, қимати патент дар Забайкалйе ва ҷумҳурии Бурятия қариб 3 маротиба, дар Иркутск ва ҷумҳуриҳои Карелияву Тува 2,3 маротиба, дар вилоятҳои Киров, Новосибирск, Сахалин, Иваново, Красноярск 2 маротиба гаронтъар шудааст. Нархи патент дар кишварҳои Пензаву Олтой, вилояти Псков ва ҷумҳуриҳои мухтори Адигея ва Удмуртия низ аз 1 январ қариб 2 маротиба боло бурда шудааст.

Аммо як хабари нисбатан хушнудкунанда ин аст, ки нархи патент дар самтҳои умдаи кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик зиёд тағйир накардааст. Аз ҷумла дар шаҳри Петербурги вилояти Ленинград, ки бино ба ҳисобҳо, то 200 000 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистонро макон додаанд, нархи патент бидуни тағйир ҳамон 3000 рубл боқӣ мондааст. Дар шаҳри Маскав қимати патентро ҳамагӣ 200 рубл боло бурда, 4200 рубл кардаанд. Дар вилояти Маскав – 4634 рубл ба ҷои 4000 рубли соли гузашта.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Пулҳое ки муҳоҷирони корӣ аз Русия мефиристанд, як омили муҳими таъини рӯзгори хонаводаҳои онҳо ва ҳам як чархаи умдаи гардонандаи аробаи иқтисоди Тоҷикистон эътироф мешавад.

Нархномаи патентҳо дар вилоятҳои Русия

Нархи патент, ки аз 1 январи соли 2015 барои муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русия ҳатмӣ шуд, як бахши умда аз хароҷоти муҳоҷирони корӣ дар он кишварро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳамин тавр, ҳар муҳоҷир ҳанӯз то оғози фаъолияти корӣ бояд як баста асноди дигар, аз ҷумла санади тиббӣ ва санади супурдани имтиҳон аз забону таърих ва фарҳанги Русияро низ омода бикунад. Ҷамъулҷамъ дар соли гузашта як муҳоҷир танҳо барои оғози фаъолияти корӣ дар Русия бояд қариб 30 000 рубл сарф мекард.

Бо афзоиши нархи патент дар соли нав зоҳиран хароҷоти муҳоҷирон боз ҳам боло хоҳад рафт. Ва он ҳам дар ҳоле, ки бино ба омори Бонки марказии Русия, даромади муҳоҷирон дар ин кишвар баракс бамаротиб коҳиш ёфтааст. Барои мисол, дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул интиқол ёфтааст, ки назар ба як соли қабл 3,7 маротиба камтар аст.

Ҷадвали нархи патенти кор дар вилоятҳои Русия дар солҳои 2015/2016 (бо рубли русӣ ва бо шумули Ҷумҳурии Қрим ва шаҳри Севастопол, ки Русия дар соли 2014 тасарруф кард)

Минтақаҳо

Нархи патент дар соли 2015

Нархи патент дар соли 2016

Минтақаҳо

Нархи патент дар соли 2015

Нархи патент дар соли 2016

Ҳавзаи Чукотка

8 000

4542

Вилояти Архангелск

2 666,28

3088,60

Ҷумҳурии Саха - Ёқутистон

7 056,20

8173

Вилояти Калининград

2 666,28

3542

Ҳавзаи Ямалу Ненетс

6 629

7412,50

Вилояти Волгоград

2 600

2600

Вилояти Амур

4 270

4946,30

Вилояти Оренбург

2 580

3197,60

Шаҳри Маскав

4 000

4200

Вилояти Брянск

2 500

3089

Вилояти Маскав

4 000

4634

Вилояти Омск

2 500

2896

Вилояти Тюмен

3 999,42

4139

Вилояти Самара

2 500

2999,50

Ҷумҳурии Ингушистон

3 999,42

1816,80

Вилояти Тамбов

2 500

3000

Вилояти Магадан

3 921

4542

Вилояти Свердловск

2400,12

2860

Вилояти Калуга

3 842

1816,80

Вилояти Нижний Новгород

2 274,16

1816,80

Вилояти Вологда

3 640

4215

Вилояти Орёл

2038,92

3172,10

Вилояти Челябинск

3 500

3500

Вилояти Иркутск

1538,40

3470

Вилояти Курск

3 293,64

3815,30

Вилояти Киров

1538,40

3010,40

Вилояти Воронеж

3 293,64

3088,60

Вилояти Кострома

1538,40

2485,40

Вилояти Новгород

3 293,64

3815

Ҳавзаи мухтори Ненетс

1538,40

7000

Вилояти Белгород

3 192

3938,80

Вилояти Ростов

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Чувашистон

3 136,80

3633,60

Вилояти Пенза

1538,40

2725,20

Ҷумҳурии Хакасия

3 136,80

3633,60

Вилояти Уляновск

1538,40

2616,20

Вилояти Липетск

3 136,80

3633,60

Вилояти Новосибирск

1538,40

3034

Кишвари Приморе

3 136,80

3706,30

Вилояти Астрахан

1538,40

2316,80

Ҷумҳурии Мордова

3045,70

3538,20

Ҳавзаи Хантию Манси

1538,40

3475

Вилояти Кемерово

3 000,35

3475,50

Ҷумҳурии Чеченистон

1538,40

1816,80

Вилояти Владимир

3 000

3 000

Кишвари Ставропол

1538,40

3088,60

Вилояти Ленинград

3 000

3000

Вилояти Сахалин

1538,40

3179,40

Шаҳри Санкт-Петербург

3 000

3000

Кишвари Олтой

1538,40

2762

Вилояти Томск

3 000

2501,70

Забайкалйе

1538,40

4269,5

Вилояти Тула

3 000

3500

Вилояти Иваново

1538,40

3106

Вилояти Твер

3 000

3475,20

Ҷумҳурии Кабардаву Балқар

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Тотористон

2 838

3288,40

Вилояти Камчатка

1538,40

4996,20

Вилояти Саратов

2 823,12

3088,60

Кишвари Красноярск

1538,40

3034

Вилояти Ярославл

2 823

3270

Вилояти Курган

1538,40

3416

Вилояти Рязан

2 807

3325

Вилояти Мурманск

1538,40

1816,80

Кишвари Краснодар

2 800

3244,80

Кишвари Перм

1538,40

3243

Вилояти Смоленск

2 750

3186

Вилояти Псков

1538,40

2896

Вилояти мухтори яҳудиён

2 745

3851,60

Ҷумҳурии Адигеяя

1538,40

2780,20

Кишвари Хабаровск

2 744,70

3179,40

Ҷумҳурии Доғистон

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Олтой

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Қалмиқистон

1538,40

2316,80

Бошқирдистон

1538,40

2906,90

Ҷумҳурии Карелия

1538,40

3651,80

Бурятия

1538,40

4269,50

Ҷумҳурии Коми

1538,40

2216,50

Ҷумҳурии Мордова

3000

3528,20

Ҷумҳурии Марий Эл

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Тува

1538,40

3475

Ҷумҳурии Осетия -Алания

1538,40

1816,80

Ҷумҳурии Удмуртия

1538,40

3000

Ҷумҳурии Қрим, ки Русия соли 2014 тасарруф кард

2500

2895

Шаҳри Севастопол, ки Русия соли 2014 тасарруф кард

1538,40

1816,80