Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикҳо дар Химки қурбони "разборка" шуданд


Манучеҳр бо осори латукӯб
Манучеҳр бо осори латукӯб

Ҳамлаҳои афроди ношинос ба муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Химки дар канори Маскав тоҷиконеро, ки дар ин минтақа кору зиндагӣ мекунанд, дар ташвиш андохтааст.

Манучеҳр як ҳафта боз аз хона берун намеравад. Дар манзил ба худдармонӣ машғул аст. Ӯ мегӯяд, бо изи латукӯб дар рӯй яқин аст, ки муштариён ба мошинаш нахоҳанд нишаст. Манучеҳр ронандаи такси аст.

Ӯ рӯзи 10 декабр дар канори шаҳри Химки, дар кӯчаи 9-май . Ба нақли шоҳидон, ҷинояткорон аввал ба тарабхонаи "Территория" ворид шуда, аз онҷо бо ниқобҳои тиббӣ дар рӯй берун меоянд ва ба ронандагони такси, ки дар тавқифгоҳ мунтазири муштариён буданд, ҳуҷум мекунанд. Аҷиб ин аст, ки ҷабрдидагон сабаби латукӯби худро намедонанд.

Он субҳ, дар ин шаҳри воқеъ дар канори шаҳри Маскав, пойтахти Русия дар маҷмӯъ аз 3 то 5 нафар тоҷикистонӣ захмӣ шудаанд. Феълан танҳо якеи онҳо дар бемористон бистарист. Дар як утоқи тиббӣ ҳамроҳи шаҳрванди Тоҷикистон боз 5 ҷабрдидаи дигари ҳуҷумҳои субҳи 10 декабр, ки куллашон чечентаборанд, бистариянд. Тибқи нақли наздикони ҷавонони қафқозӣ, тоҷикон он субҳ мавриди ҳамлаи иштибоҳӣ қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, феълан дар шаҳри Химки тақсимоти қаламрав байни қафқозиҳо ва дастаҳои ҷаҳони ҷиноӣ идома дорад ва эҳтимол меравад, ки муҳоҷирони тоҷик қурбони ҳамин «ҷанг» шудаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳодисаи мазкур, бинобар набуди маълумоти мушаххас, дар байни муҳоҷирони корӣ овозаҳоеро ба миён оварда, ки гӯё ҷинояткорон интихобӣ ба тоҷикистониён ҳамла мекарда бошанд.

Гумонҳо аз ҳамлаи шаби 6 декабр ба мағозаи як тоҷик дар кӯчаи Маяковскийи ҳамин шаҳр маншаъ мегиранд. Он шаб, се нафари номаълум, дари мағозаи Аҳтамҷон Маҳмадиевро шикаста, ӯро захми карданд ва 7 ҳазор рублашро рабуданд.

Дар кулли ин ҳодисот, ҷабрдидагон аз кирдори ҷинояткорон дида аз рафтори пизишкони маҳалли бештар нигаронанд. Кулли захмишудаҳо аз бетарафии духтурон зимни муроҷиат ба ёрии тиббӣ шикоят карда иброз медоранд, ки ҳатто бимаи тиббие, ки дар баробари патент харидорӣ кардаанд барои табобаташон мусоидат намекунад.

Ҳамла болои тоҷикон дар Химкии Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Дар ҳамин ҳол, масъулин дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, ки аз ҳамлаҳо дар Химки огоҳанд, ва қасд доранд қазияро биомӯзанд. Ҳамзамон масъулини сафорат аз шаҳрвандони тоҷик хостанд, то аз шабгардиву муноқишаҳо худдорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG