Ҳукумати Русия лоиҳаи қарордод миёни Маскаву Душанберо, ки бар пояи он мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон мушаххас мешавад, барои пешниҳод ба тасвиб дар Дума ба президенти Русия ирсол доштааст.
Бино ба иттилои хабаргузории Итартасс, 13 феврал ҳукумати Русия дар ҷаласаи девони вазирон лоиҳаи қарореро, ки мувофиқи он бояд қарордоди миёни Маскаву Душанбе дар мавриди шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон тасдиқ мешуд ва аз сӯи президент ба палатаи поёнии парлумони ин кишвар барои тасвиб пешниҳод мегардид, баррасӣ кардааст.
"Бандҳои ин қарордод ҳузури дарозмуддати низомии Русияро дар Тоҷикистон (барои 49 сол) мустаҳкам месозад ва ҳамчунин ҳаллу фасли ҳуқуқии масоили марбут ба ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Тоҷикистонро дар сатҳи байнидавлатӣ таъмин месозад", - таъкид гардидааст дар лоиҳаи қарор.
Ба қавли ҳукумати Русия, тасвиби ин қарордод ба таҳкими амнияти минтақа кӯмак хоҳад кард.
Мувофиқи қарор дар ҷамъбасти ҷаласаи худ ҳукумати Русия лоиҳаи таҳияшударо тасдиқ кард.
Қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аснои сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон имзо шудааст. Ҳангоми сафари Путин ба Тоҷикистон ҳамчунон мувофиқат ҳосил шуда буд, ки Маскаву Душанбе дар бораи мақоми муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва лағви боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон санадҳое имзо хоҳанд кард.
Чанде пеш дар Маскав созише ҳосил шуд, ки бар пояи он дар давоми як моҳи оянда боҷи гумрукии Русия барои содироти маводи сӯхт ба ин ҷумҳурӣ лағв мешавад, вале Тоҷикистон ҳақ нахоҳад дошт, ки он маводи сӯхти вориднамудаашро, реэкспорт ё худ ба кишвари сеюм содир намояд. Ҳамчунон раҳбарони хадамоти муҳоҷирати ду ҷумҳурӣ дар Маскав санадеро имзо карданд, ки бар асоси он муҳоҷирони кории тоҷик ҳақ хоҳанд дошт, ки то 15 рӯз бидуни сабти ном дар Русия иқомат намоянд.
Парлумони Тоҷикистон ҳам то кунун қарордоди тамдиди ҳузури низомиёни Русия дар хоки ин кишварро тасвиб накардааст.
Қарордоди ҳузури низомиёни Русия дар соли 1993 ба имзо расидааст ва дар сурати тасвиби созишнома, наздик ба ҳафт ҳазор афсару сарбози Русия то соли 2042-ум дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Радиои Озодӣ