Ширкати “Ролкан Инвестмент Лимитед” аз ҳукми мусодираи ду ҳавопаймояш дар Тоҷикистон ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдааст ва мехоҳад, то ки ҳавопаймоҳоро ба ширкат баргардонанд. Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали ҳамин моҳ вакили “Ролкан Инвестмент Лимитед” алайҳи ҳукми мусодираи ҳавопаймоҳои борбари Ан-72 шикояти расмӣ овардааст ва мумкин аст, ин парванда моҳи сентябр дар Додгоҳи олӣ баррасӣ шавад.
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, баъди таъйин шудани замони мурофиа, як ҳафта ва ё 10 рӯз пеш санаи дақиқи баргузории он эълон мешавад. Сергей Полуянов, мудири “Ролкан Инвестмент Лимитед” дар гузашта иддао кардааст, ки мусодираи ин ду ҳавопаймо ғайриқонунист, чун “Ҳавопаймоҳо моликияти ширкат мебошанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, дар сурати собит нашудани гуноҳи соҳибмулк дар содир кардани ҷиноят, касе ҳуқуқи мусодира намудани онро надорад”.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар гузашта низ шикоятҳои “Ролкан Инвестмент Лимитед”-ро, ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст, барои бозпас гирифтани ҳавопаймоҳои Ан-72 рад кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ, ин ҳавопаймоҳоро ба нафъи давлати Тоҷикистон ситониданд ва ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон доданд, ки масъули фурӯши ин амвол низ ҳаст. Як манбаъ дар ин кумита рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳавопаймоҳо дар ҳолати нигаҳдорӣ ҳастанд" ва қарор нест, ки музоядаи ҳавопаймоҳо ба ин зудиҳо баргузор шавад.
Қазияи ҷанҷолии ин ду ҳавопаймо ба се соли пеш бармегардад, ки дар он замон мақомоти амниятии Тоҷикистон ду халабони рус Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз, қоҷоқ ва риоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, моҳи марти соли 2013 Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ғайриқонунӣ бо ҳавопаймоҳои худ аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шуданд, ҳарчанд иҷозаи парвоз надоштанд. Ҳукми мазкур як ҷанҷоли бузургеро миёни Тоҷикистону Русия барангехт ва дар он замон Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ба ин қазия дахолат кард ва гуфт, парвандаи мазкур ба равобити ду тараф латма мезанад.
Ба думболи ҳукми зиндони халабонҳои рус, расонаҳои давлативу мустақили Русия ба бадном кардану аҳримансозии (демонизироват) муҳоҷирони кории тоҷик шурӯъ карданд ва боздошту ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик низ шурӯъ оғоз шуд. Додгоҳи Тоҷикистон ҳам баъдан зери фишори давлати Русия, ҳукми Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро то 2,5 соли зиндон кам кард ва бар тибқи қонуни афв онҳоро аз зиндон раҳо шуданд.
Раиси ширкати “Ролкан Инвестмент Лимитед” мегӯяд, ки ҳавопаймоҳояш бояд бар асоси қонун баргардонда шаванд, ҳарчанд бино ба гузоришҳо ин ҳавопаймоҳо дар ҳеҷ ҷо сабти ном нашудаанд ва истифодаи онҳо дар қаламрави Афғонистон ҳам ғайриқонунӣ буд. Қимати аслии ин ҳавопаймоҳо ҳанӯз аз ҷониби мутахассисон арзёбӣ нашудааст. Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа низ ду сол пеш ба унвонии ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон номае навишта, хостанд, ки сарнавишти ин ду ҳавопайморо ҳал кунанд.