Мақомоти фурудгоҳи Қӯрғонтеппа мегӯянд, ҳанӯз ҳам сарнавишти ин ҳавопаймоҳои ширкати Ролкан, ки ба суди давлати Тоҷикистон мусодира шуданд, дар ҳоли беҳаракатӣ дар майдони ҳавоии ин фурудгоҳ нигоҳ дошта мешаванд ва дар ин ду сол аслан мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Манбаъ афзуд, ки вазъи техникии ҳавопаймоҳои ҳавопаймоҳои навъи АН-72 бад буда, ба кор андохтани онҳо берун аз имкон ба назар мерасад.
8 ноябри соли 2011 додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати хориҷии "Ролкан Инвестмент ЛТД" - Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро бар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муҷрим дониста, ҳар якеро ба муҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Додгоҳ ҳамчунин ду ҳавопаймои навъи АН-72 ва муҳаррике, ки 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дошт ва мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" буд, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира кард.
Қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Русия ба таври густарда ва якҷониба бозтоб шуда, боиси танишҳои лафзии мақомоти Тоҷикистону Русия гардид. Мақомоти Маскав тавассути боздошту ихроҷҳои муҳоҷирони кории тоҷик мақомоти Душанберо фишор оварданд, то ҳукми додгоҳ бознигарӣ шавад.
Қазия аз ин ҷо сар зада буд, ки Садовничий ва Руденко, ки ҳавопаймоҳои навъи АН-72, мансуб ба ширкати хориҷии "Ролкан "-ро халабонӣ мекарданд, 12-уми марти соли 2011 бидуни иҷозаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, яке паси ҳам, бо фосилаи 20 дақиқа, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омадаанд. Ин ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ба ҳаракат даромада будаанд. Худи ҳавонавардон гуфта буданд, сабаби фуруд омадан ба Қӯрғонтеппа пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи маводи сӯхти он ба итмом расида буд.
Вале шубҳаи мақомоти амниятии Тоҷикистонро ҳамчунин ин масъала, ки ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониёи Кабир сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз соли 2008 бад-ин сӯ дар ҳеҷ як кишвар ба қайд гирифта нашудаанд ва молики аслии онҳо маълум нест, ба бор оварда буд.
Ҳукми додгоҳ афроди муттаҳам, вакили мудофеъ ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистонро норозӣ бар ҷой гузошт. Кор ба ҷое расид, ки зери фишори мақомоти Русия додгоҳи вилояти Хатлон бо даъвои додситонии минтақа ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппаро «ниҳоят сахт» хонда, онро таҷдиди назар кард. Руденко ва Садовничий ин дафъа ба 2,5 соли маҳбас маҳкум шуданд ва бар асоси қонуни афв аз идомаи адои ҷазо раҳо шуданд.
Бо ин ҳам, халабонҳо ба ҳукми додгоҳи Хатлон розӣ нашуданд ва тақозо мекарданд, ки додгоҳ онҳоро комилан сафед кунаду бегуноҳ эътироф намояд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар пайи ин ҳукм гуфта буд, ки гуноҳи муттаҳамон дар додгоҳ исбот нашудааст ва ин қарори додгоҳ ба муносиботи хубу стратегии Тоҷикистону Русия халал ворид хоҳад кард.
Аммо мақомоти Тоҷикистон аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод карда гуфтанд, ки парвандаи халабонҳо аслан хислати сиёсӣ надошт ва Садовничий ва Руденко воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд.
Бо ин вуҷуд Садовничий ва Руденко, ки кариб 6 моҳ дар боздоштгоҳи муваққати Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ шуданд, расо пас аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳи Хатлон ба Русия ва Эстония баргаштанд, аммо ҳавопаймоҳо дар Қӯрғонтеппа дар ҳабс монданд.
«ҚАЗИЯ ҲАНӮЗ БА ПОЁН НАРАСИДААСТ»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ғулом Бобоев, вакили мудофеи Садовничий ва Руденко, қазияи пурсарусадои халабонҳои рус ҳанӯз ба нуқтаи ниҳоӣ нарасидааст. «Ҳоло адвокати нави халабонҳо Муҳаббат Усмонова дар шаҳри Душанбе бо парвандаи онҳо кор мекунад. Вай ба Суди олии Тоҷикистон аз рӯйи ҳукми суди вилояти Хатлон ба тариқи назоратӣ шикоят бурдааст. То ҷое иттилоъ дорам, як дафъа аз ҷониби масъулони Суди олӣ ҷавоб гирифтааст, ки ҳукми суди вилояти Хатлонро одилона ва дуруст ҳисобидааст. Вале талошҳои адвокат Усмонова ҳанӯз идома дорад», - афзуд Ғ. Бобоев.
Ба гуфтаи Ғулом Бобоев, феълан Владимир Садовничий, яке аз халабонҳои зерҳимояаш лочини ҳавопаймои мусофирбари навъи «ЯК-42» буда, дар кишварҳои африқоӣ кор мекунад ва вазъи зиндагониаш хуб аст. Ҳавонаварди дигари эстонӣ Алексей Руденко бошад, ҳавопаймои мусофирбари «ИЛ-86»-ро идора карда, дар хатсайри байналмилалии «Таллин-Париж» (Эстония-Фаронса) парвозҳо анҷом медиҳад.
Ин ҳам дар ҳоле, ки бо ҳукми додгоҳи Хатлон ин ду халабон барои 4 сол аз ҳуқуқи идора кардани ҳавопаймоҳо маҳрум шуда буданд. Аммо адвокат Ғулом Бобоев мегӯяд, ки ин ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар қаламрави Русияву Эстония мавриди амал қарор намегирад ва халабонҳо дар берун аз Тоҷикистон озод метавонанд кори худро идома диҳанд.