Сафорати Русия дар Яман, ки қазияи рабудани ҳамшираи тиббӣ аз Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар вилояти Маъриби ин кишвари арабиро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеъаш дар нирӯҳои амниятӣ ва пулиси Маъриб мегӯяд, нахустин афроди гумонбар дар ин одамрабоӣ мушаххас шудаанд.
Кирилл Гончаров, ноиби консули Русия дар Санъо, пойтахти Яман рӯзи 4 ноябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, пулиси Яман ҳаддалимкон аз додани маълумот дар бораи ин қазия аз ҷумла ба сафорати Русия худдорӣ мекунад, вале манобеи наздик ба ҷараёни тафтишот гуфтаанд, ки нахустин нафарони гумонбар дар рабудани табиби тоҷик мушаххас шудаанд ва пулис умедвор аст, ки тавассути ҷалби намояндагони қабилаҳо ба раҳоии Гулрухсор Рофиева ноил шавад.
Ба далели набуди ягон ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар Яман ва тавассути ширкати русии “Здравэкспорт” истихдом шудани Гулрухсор Рофиева дар ҳоли ҳозир талошҳо барои раҳоии ӯ асосан тавассути сафорати Русия дар Санъо ҳамоҳанг мешаванд.
Кирилл Гончаров, ки масъули бевоситаи пайгирии қазияи табиби тоҷик дар сафорат будааст, ба Озодӣ гуфт, даст ба коршиканӣ задани табибони дигари бемористони низомии Маъриб волии ин вилояти воқеъ дар 200-километрии шарқи пойтахти Яманро маҷбур кард, то ду рӯз пеш барои барраси қазияи Гулрухсор Рофиева ҷаласаи изтирории Шӯрои вилоятиро даъват кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кирилл Гончаров мегӯяд, бисёре аз паҳлуҳои қазия то ҳол норӯшан боқӣ мемонанд: “Аз ҷумла инки чаро Гулрухсор Рофиева дар рӯзи рабуда шуданаш, яъне 29 октябр, аз автобуси хидматӣ даст кашида, худаш ба ҷои кор раҳсипор шудааст? Маълум аст, ки ӯро аз хеле қабл мепоиданд ва нақшаи рабуданашро дар сар доштанд. Аммо кӣ ва барои чӣ?, то ҳол маълум нест.”
Ҳамагӣ 2 моҳ пеш як табиби дигари ҳамин бемористони низомии Маъриб низ рабуда шуда буд, вале ба гуфтаи ноиби консули Русия, ӯро баъди ҳамагӣ 3 рӯз бо ҷалби намояндагони қабилаҳои маҳаллӣ озод карданд: “Кори Гулрухсор Рофиева, тавре мебинед, тӯл кашида истодааст. Аҷиб ин аст, ки то ҳол ягон гурӯҳ ё қабила масъулияти ин одамрабоиро бар ӯҳда нагирифта ва дари ивази раҳоии ӯ талабе матраҳ накардааст. Бо ин вуҷуд, хабарҳои ахири расида аз манобеи мо дар пулиси Маъриб моро умедвор кардаанд, ки бо ҷалби намояндагони қабилаҳо Гулрухсор Рофиеваро ҳам озод хоҳанд кард. Аммо ин кор метавонад хеле тӯл бикашад.”
Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки 4 сол боз дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне ғайб зад, ки автобуси хидматии бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, мунтазир нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.
Шоҳрух Рофиев, бародари ҳамшираи шафқати дар Яман рабудашуда Гулрухсор Рофиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш бояд моҳи ноябр ба Тоҷикистон бармегашт. Вай дар як тамоси телефонӣ рӯзи 28 октябр -- як рӯз қабл аз рабуда шудан, ба наздиконаш гуфтааст, рӯзи 13 ноябр чиптаи бозгашт дорад.
Ин бори аввал нест, ки як шаҳрванди хориҷӣ ба гаравгон гирифта мешавад. Тайи ду соли ахир мавориди рабуда шудани як табиби ӯзбак, ҳамчунин шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Булғористон, Лаҳистон низ иттифоқ афтода буд. Бино ба ахбори расонаҳо, одамрабоён соли гузашта ҳатто талош кардаанд, то сафири Олмон дар Яманро бирабоянд.
Дар соли 2011 табиби тоҷик - Ҳомидҷон Овчибоев 43 рӯз дар дасти одамрабоён буд. Дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои он қабила шуда буд, ибтидо 200 миллион доллар талаб доштанд, вале дар ниҳоят дар баҳои раҳоии ӯ чанд нафар аз аҳли он қабилаи гаравгонгирро аз маҳбас озод кардаанд.
Яман як кишвари воқеъ дар нимҷазираи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фақрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.
Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон тавассути 3 ширкати русии “Здравэкспорт”, “Техностройэкспорт” ва “Экспортстрой” барои кор ба Яман мераванд.Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, намояндаи расмии ширкати русии “Здравэкспорт” дар Яман, ҳоли ҳозир дар ин кишвари арабӣ аз ҳисоби ходимони тиб ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар маҷмӯъ то 200 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.