Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои яке аз бонкҳои бузурги Русия барои муфлис эълон кардани як ширкати нассоҷии кишварро, рад кардааст. Бонки “Авангард” даъво дорад, ки ширкати “Хима текстайл” муддати тӯлонист, ки аз онҳо 3 миллион доллар қарздор аст ва баргардонда наметавонад. Ҳоло бонки русӣ мехоҳад, “Хима -Текстил”-ро муфлис эълон кунанд ва аз ҳисоби фурӯши моликияти он қарзи “Авангард” ситонида шавад.
"Мо то Италия рафтем, қарордодро бастем, мӯҳру имзо дорад, пулро гузарондем, вале онҳо пулро нагузаронданд."
Дар дафтари матбуоти Бонки “Авангард” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “Хима-текстил” бештар аз 6 сол аст, ки қарзро барнамегардонад ва онҳо мехоҳанд, аз ҳисоби муфлис эълон кардани ширкат ва фурӯши амволи он пули бонкро пас бигиранд. Даъвои ду тараф рӯзи 17-уми октябр дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Қабл аз муроҷиати “Авангард” ба Додгоҳи олии иқтисодӣ, баҳс дар додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ ва ба нафъи “Хима-текстил” ҳал шудааст. Дар посухи катбии “Авангард” ба Радиои Озодӣ омадааст: “Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон даъвои муфлис эълон кардани “Хима-текстил”-ро рад кард ва барои ҳамин қарз то ҳол баргардонида намешавад.”
Бонки “Авангард” яке аз бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои молии бузурги қарздиҳандаи Русия аст, ки 100 ҳазор мизоҷи корпоративӣ дорад ва ба 1 миллион мизоҷи маъмулӣ хидмат мерасонад.
“Хима-Текстил”, ки соли 2010 таъсис ёфтааст, корхонаи нассоҷиест, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи аврупоӣ кор мекунад ва қодир аст, солона то 3 ҳазор тонна нахи баландсифат истеҳсол намояд.
Намояндагони корхона даъвои “Авангард” бар зидди худро бемантиқ медонанд ва дар навбати худ бонки русиро гунаҳкор мекунанд, ки барномаҳои истеҳсолии онро ба ҳам заду сабаби мушкилоти зиёд дар корашон шуд.
Як намояндаи “Хима-текстил” авоили ин ҳафта ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ соли 2011 байни ду тараф ду қарордод барои қарз гирифтан ҷиҳати хариди таҷҳизоти бофандагӣ имзо шуд. Тақрибан се миллион доллар барои хариди таҷҳизотро дар марҳилаи аввал гузаронданд, вале бонки “Авангард” қарордоди дуввум, яъне ихтисоси 7 миллион доллари дигарро иҷро накард. Пули мазкур бояд барои хариди таҷҳизоти итолиёии истеҳсоли либос аз нахи аълосифати дохилӣ харҷ мешуд.
“Онҳо шартнома баста буданд, ки дар ҳаҷми 7 миллион доллар аз Италия дастгоҳ меоранд, ширкати мо бар асоси қарордод 590 ҳазор доллар саҳмашро ба “Авангард” гузаронд, ҳамаи бандҳои қарордод иҷро кард, аммо “Авангард” пулро ба ҳисоби ширкати Италия нагузаронд” – гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи намояндаи “Хима-Текстил”, агар бонки русии “Авангард” , пули таҷҳизотро мегузаронд, ширкат ба истеҳсоли пурраи маҳсулоти нассоҷӣ аз нах то ба либос мегузашт ва қарзи бонкро ҳам бармегардонд. Корхона ҳоло фақат нах истеҳсол мекунад.
“Мо то Италия рафтем, қарордодро бастем, мӯҳру имзо дорад, пулро гузарондем, вале онҳо пулро нагузаронданд ва ширкатро дар вазъи ногувор гузоштанд ва мо зиёни бисёр зиёд дидем”- афзуд, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Аммо Алишер Тӯрахонов, вакили дифои “Авангард” дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иддаоҳои “Хима-Текстил” дуруст нест, чун онҳо бандҳои қарордодро иҷро накарданд, замонат надоданд ва бонк натавонист, ки 7 миллион доллар қарзро барои хариди таҷҳизот ба ҳисоби ширкати итолиёӣ гузаронад.
"Хима-Текстил" ба Исматулло Ҳаёев, писари Изатулло Ҳаёев, раиси собиқи девони вазирони Тоҷикистон тааллуқ дорад ва ширкати хусусӣ ба ҳисоб меравад. Исматулло Ҳаёев дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, "ҳадафи онҳо истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии омода аст, ки тавонад дар бозори ҷаҳонӣ бо моли аврупоӣ рақобат кунад." Аммо айни замон ширкаташ гирифтори даъвои додгоҳӣ ва мушкили иқтисодӣ аст.