Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 ҳазор гектар замин ба ширкати чиниву тоҷикӣ дар Хатлон


Порлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷаи соли 2015, ба додани 15 000 гектар замин дар ноҳияҳои вилояти Хатлон барои 49 сол ба ширкати муштараки чинӣ-тоҷикии “Ҷунтай-Хатлон-Син Силу” мувофиқат кард.

Дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи парлумони Тоҷикистон ва зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба будҷаи соли ҷории кишвар, 15 ҳазор гектар замин дар чаҳор ноҳияи вилояти Хатлон барои кишти пахта барои 49 сол ба ширкати муштараки чинӣ-тоҷики “Ҷунтай –Хатлон-Син Силу” дода шуд. Бар асоси ин иловаҳо, ин ширкат барои ворид кардани таҷҳизот ва дигар лавозимоти кишт аз боҷи гумрукӣ ва пардохти аноз озод мебошад.

Ҳадаф аз ҷудо намудани замин ба ин ширкат, истифодаи заминҳои бекорхобида гуфта мешавад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин заминҳо бояд 30 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шуда ва 90 дарсади онҳо бояд сокинони маҳаллӣ бошанд. Ин заминҳо дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хусрав ва Ҷилликӯл воқеъ буда ва маҳсулоти он барои корхонаи нассоҷии Данғара истифода мешавад.

Бар асоси тарҳи муштараки Тоҷикистону Чин, дар ноҳияи Данғара як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд мешавад. Санги таҳдоби он рӯзи 19 декабри соли гузашта бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуд ва дар он маросим сафири Чин дар Душанбе Фан Сянжун, муовини роҳбари ноҳияи мухтори Синзянуйғури Чин Хан Йонг ва намояндани ширкати Ҷун Тай, ҳузур доштанд.

Корхонаи ресандагии ин корхона то моҳи октябри соли 2015 ба кор андохта шуда, 600 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд. Барои таъмини ин корхонаи нассоҷӣ бо мутахассисон, ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии технологии Тоҷикистон ва 2 донишгоҳи Русия 640 ҷавони тоҷик бо ихтисосҳои нассоҷӣ ва дигар бахшҳои агросаноатӣ таҳсил доранд, ки 520 нафари онҳо сокинони вилояти Хатлон будаанд.

Корхонаи мазкур бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ба кор андохта мешавад. Дар марҳилаи аввали ба корандохтани он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркард қарор хоҳад гирифт. Эмомалӣ Раҳмон сабаби дар Данғара сохтани ин корхонаи бузургро шарҳ дода гуфта буд, ки “иқлими мусоиди ин минтақа барои истеҳсоли навъҳои пахтаи дорои нахи дароз ва заминҳои корами ин ноҳия созгор мебошад."

Дар доираи татбиқи тарҳи мазкур беш дар 15 ҳазор ҳектор заминҳои камоб ва нав обёришавандаи 5 ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор нафар бо кор ҷалб хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки дар баҳори соли 2015 дар 5800 ҳектор замин пахта кишт шавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, тарҳи сохтмони ин корхона нишон медиҳад, ки дар чаҳор марҳила дар ин ҷо корхонаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, ҳудуди 6 ҳазор сокинони кишвар ба ҷои кор ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG