Юлия Вербитская, коллексионери Маскав мегӯяд, фарҳанги наққошии тоҷикиро ӯ пас аз ошнои бо тамаддуни Ошӯриён ва Форсӣ дӯст доштааст. Ба гуфтаи ин наққоши рус, ин далели таърихӣ, ки форсҳо ниёгони тоҷиконанд, ӯро ба омӯзиши фарҳанги муосири мардуми тоҷик, бахусус наққошии дастгоҳӣ, таҳрик додааст.
Хонуми Вербитская мегӯяд, ки бар иловаи наққошии дастгоҳии асримиёнагӣ, ӯ падидаи ҷолиби дигар, ба мисли наққошии дастгоҳӣ дар Тоҷикистонро медонад, ки дар асри гузашта дар солҳои 60 ва 90-ум пайдо шуда ва ривоҷ ёфт. Дар воқеъ ин падида, як авангард ва ё пешгоми ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон шуд. Наққошии дастгоҳиро бо назардошти омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва пешгоми ҳунари наққошии Русия медонистанд, вале ин ҳунар дар натиҷаи ҷангҳо дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон ҳам ватани дигари худро пайдо кард ва ривоҷу равнақ ёфт.
Далели пайдоиш ва равнақ ёфтани мактаби наққошии тоҷикӣ, тавлид ва тарғиби ҳамаҷонибаи “реализми сусиёлистии ҳоким” дар шаҳрҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Сабки нав қонуну қоида ва анъанаҳои фарҳанги наққоширо аз байн бурда, рассомони саркашеро, ки “реализми сусиёлистиро” қабул накарданд ба Арупову гӯшаҳои дурдасти империяи Шӯравӣ пароканда кард.
Юлия Вербитская мегӯяд, ки "онҳо бо кӯчидан ба Осиёи Марказӣ ба таъсиси мактабҳо оғоз карданд. Маъруфтарини онҳо Павел Кузнетсов, Григорий Кузмин ҳастанд, ки ба Тоҷикистон кӯч бастанд. Дар онҷо зиндагиву эҷод карданд, шогирд гирифтанд ва онҳоро ҳунар омӯхтанд. Онҳо дар воқеъ тарбиятгари наққошони бисёр барҷастае шуданд, ки бо баҳрабардорӣ аз фарҳангу анъанаҳои фаррохи Тоҷикистон нигораҳо меофариданд".
Баъдан ин мактаби наққошии тоҷикӣ дар доираи фарҳангиён бо номи “Душанбегӣ” маъмул гардид. Ба назари мутахассисон, ба ин мактаб синтези сабкҳо хос буда, бо мавҳумӣ, исёнгароӣ, зиннат ва ривояти шарқиёна ва албатта рангҳои рӯшан фарқ мекунад.
Дар бойгонии Юлия Вербитская намунаи наққошии “мактаби душанбегӣ”, асари Зуҳур Ҳабибуллоев – “Ғижжак” мавҷуд аст. Тақдири ин асар шабеҳи ҳаёти устодони даҳаи 20-уми шӯравии собиқ мебошад,ки аз сӯи комунистон таъқиб ва аз ҳавзаи эҷодӣ мардуд шуданд.
Ба гуфтаи Юлия Вербитская, "ин як таърихи бисёр ҳайратангез дорад. Аввалӣ як даврон аст аст, дигарӣ як таърих. Ин нигораро барои ба намоиш гузоштан дар намоишгоҳи Третяковский интихоб карданд, вале ин наққошӣ ба Фурсева хуш наомад, чун наққошии авангардизм буд. Ӯ гуфт, ки мардуми шӯравӣ мафҳуми ин нигораро дарк намекунанд. Ин нигора берун аз дарки Екатерина Фурсева, бофандаи маъруфи шӯравии собиқ ва вазири фарҳанг буд. Ба назари ӯ, ончӣ ки наққош меофарад, бояд бисёр содда, возеҳ бошад, на ин ки як навозандаи ниматасвиршуда, ки пойи урён рӯи кӯрпача нишастааст".
Юлия Вербитская ҳоло дар бойгонияш бештар аз 300 расми нодири наққошони тоҷикистониро гирд овардааст. Бо ин “гулдаста” коллектсионер ба шаҳрҳои гуногуни Русия сафар мекунад ва асарҳои рассомони тоҷикро ба намоиш мегузорад.
Ба гуфти Вербитская, дар Русия қолабҳои фикрие шакл гирифт, ки ҳар падидаи марбут ба тоҷикро манфӣ медиданд. Солҳои охир бо талоши фарҳангиҳо ин тасаввур оҳиста-оҳиста тағйир меёбад.
Юлия Вербитская ба боварҳои шахшуда ва беэҳтиромӣ ба ҳаргуна фарҳанг нафрат дорад, "вале мутаасифона ҳоло як бовари бисёр зишт ва бемаънӣ вуҷуд дорад. Вале ба фикри ман ҳаргуна бовар тағйир меёбад ва мешиканад. Бовар дорам, аз он коллексионерҳое, ки дар Маскав мешиносам, худам ягона аз коллексионерҳое ҳастам, ки наққошиҳои тоҷикиро ҷамъ мекунам. Фақат ман ин корро мекунам, вале замоне мерасад, ки ин вазъ тағйир меёбад. Ман аминам, ки инсонҳо вақте истеъдод, нигораҳои зебо ва ин наққошиҳоро мебинанд, хоҳишмандони харидани ингуна нигораҳо ва коллексионерҳои нав ҳам пайдо мешаванд".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад