100 БТР барои пойгоҳи 201. Русия дар Тоҷикистон ба чӣ тайёрӣ мебинад?

БТР-82

Мақомоти Русия мегӯянд, дар соли 2015 пойгоҳи 201-уми артиши ин кишвар дар Тоҷикистон бо ҳудуди 100 мошини зиреҳпӯши навъи БТР-82 А мусаллаҳ хоҳад шуд.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2015 соҳиби ҳудуди 100 мошини зиреҳпӯши навъи БТР-82А хоҳад шуд. Ярослав Рошупкин, ёвари Фармондеҳи нирӯҳои ҳавзаи марказии низомии артиши Русия, ки пойгоҳи 201-ум низ ба ҳамин ҳавза тааллуқ мегирад, рӯзи 23 март ба хабаргузориҳои русӣ хабар дод, ки дар соли равон, қарор аст, пойгоҳи 201 соҳиби мошинҳои зиреҳпӯши насли нав шавад: “Дар соли 2015 ба пойгоҳи 201-уми мустақар дар Тоҷикистон ҳудуди 100 зиреҳпӯги БТР-82 А, ки тоза дар ихтиёри артиши Русия қарор гирифтаанд, дода мешавад. Ин мошинҳо навъҳои кӯҳнаи зиреҳпӯшҳои низомиро иваз мекунанд.”

Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомии Русия ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, барномаи ирсоли 100 зиреҳпӯш ба Тоҷикистон ношӣ аз нигарониҳоест, ки эҳтимоли дар Осиёи Марказӣ сар боло кардани гурӯҳҳои исломгаро, аз ҷумла гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба вуҷуд овардааст: “Албатта, барномаи нав кардани силоҳҳои артиши Русия ҳам идома дорад. Вале инки аллакай дар марҳалаҳои аввали иҷрои ин барнома ба фиристодани зиреҳпӯшҳо ба пойгоҳи 201 шурӯъ мекунанд, нишон медиҳанд, ки онҳо аз ин ноҳия нигаронии зиёдтар доранд ва ба ин далел таъмини пойгоҳи 201 бо силоҳҳои навтаринро чунин тезондаанд.”

Мошинҳои зиреҳпӯши навъи БТР-82А дар корхонаи мошинсозии Арзамас, воқеъ дар вилояти Нижний Новгород, дар тақрибан 500-километрии шарқи Маскав сохта мешаванд. БТР-82А бо тӯпи автобматии 2А72, калибраш 30 миллиметр, пулемёти ПКТМ, калибраш 7,62 миллиметр, харитаҳову дурбинҳои насли нав ва ҳамчунин бо дастгоҳҳои мухобиротии насли панҷум муҷаҳҳаз шудааст. Ин навъи мошинҳои ҷангиро артиши Русия дар шароити ҷанг дар кӯҳистон, аз ҷумла дар Чеченистон озмоиш кардааст.

Ба гуфтаи Ярослав Рошупкин, ҳайати пойгоҳи 201-ум аз ҳоло барои омӯхтани тарзи истифодаи зиреҳпӯшҳои нав ба навбат ба қисмҳои низомиивоқеъ дар вилояти Самара фиристода мешаванд. Ин қисмҳои низомӣ аллакай бо мошинҳои БТР-82А мусаллаҳ шудаанд.

Павел Фелгенгауэр

Аммо Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомии Русия гуфт, маълум нест, дар шароити Тоҷикистон ин зиреҳпӯшҳо ба чӣ кор хоҳанд омад: “Дар шароити Тоҷикистон, ҳатто агар гурӯҳҳои исломгаро даст ба ошӯб бизананд, бояд силоҳҳое ба кор бурда шаванд, ки хоси шароити ҷангҳои чирикист. Пеш аз ҳама мошинҳои ҷангии тобовар ба минаҳо. БТР-82А ба чунин талабот ҷавобгӯ нест, муттаассифона. Аммо аз нигоҳи тарғиботӣ худи ин ки Русия пойгоҳи 201-умашро бо силоҳҳои навтарин таъмин мекунад, барои Маскав муҳим аст.”

Ба ақидаи ин коршинос, Маскав таҳдиди гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” ва эҳтимоли бурузи онҳо дар Осиёи Марказиро аз будаш бузургтар нишон медиҳад ва ин таҳдидро ба дастаке барои дар итоати худ нигоҳ доштани ҳокимони, ба таъбири ҳамсӯҳбати мо, “гоҳ-гоҳ саркаш”-и он қаламрав табдил додааст. Бо ин вуҷуд, мегӯяд Павел Фелгенгауэр, Русия ирсоли навъҳои дигари силоҳҳои навтарин ба пойгоҳи 201-ро идома хоҳад дод. “Аз ҷумла барои ҳифзи садоқати ҳокимони маҳаллӣ ба Маскав,” - мефзояд ӯ.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои заминии артиши Русия ба шумор меравад. Воҳидҳои низомии ин пойгоҳ дар ҷануби пойтахт, шаҳри Душанбе ва ҳамчунин дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар ҷануби Тоҷикистон мустақар шудаанд. Тоҷикистон дар соли 2012 замони будубоши пойгоҳи Русияро дастикам то соли 2042 тамдид кард. Бар асоси ин қарордод, пойгоҳи Русия аз пардохти ҳаққи иҷора ба Тоҷикистон озод шуда, сарбозони ин пойгоҳ ва аҳли хонаводаи онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар қаламрави ин кишвар низ мисли дипломатҳои хориҷӣ масуният доранд.

Русия дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳаш ба Тоҷикистон чанд имтиёз, аз ҷумла кумак ба навсозии артиши ин кишварро ваъда дода буд. Аммо бо гузашти дувуним сол аз имзои қарордоди пойгоҳ дар масъалаи навсозии артиши Тоҷикистон, ба гуфтаи манобеи огоҳ, Маскаву Душанбе то ҳол ягон қадам пеш нарафтаанд.

Бо ин ҳол, бино ба гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, ки моҳи феврал бо номи “Тавозуни низомӣ-2015” (The Military Balance 2015) нашр шуд, пойгоҳи Русия аз нигоҳи таслиҳотӣ назар ба нирӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон хеле қавитар мебошад. Ин манбаъ шумори нирӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир беш аз 5000 аскару афсар баршумурда, мегӯяд, ин пойгоҳ 40 тонки Т-72, 60 зиреҳпӯши БМП-2, 80 зиреҳпӯши БТР-80, 40 мошин (тягач)-и МТ-ЛБ, 2 зиреҳпӯши 2S1 (“Гвоздика”), 6 системаи оташандози “Ураган” ва 4 чархболи МИ-8 дорад.

Барои муқоиса, бино ба ҳамин гузориш, нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 30 тонки Т-72, 7 тонки Т-62, 23 БТР, 23 тӯп, 1 ҳавопаймои ТУ-134, 4 ҳавопаймои Л-39, чанд ЯК-52, 4 чархболи МИ-24 ва 11 чархболи МИ-8 доштааст, ки аксари онҳо ҳам сохти ҳанӯз замони Шӯравӣ буда, хеле кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

Артиши Тоҷикистон бо беш аз 20 000 аскару афсараш дар ҳоли ҳозир танҳо дар ҳамин як маврид – шумори нирӯҳо – аз пойгоҳи 201-уми Русия бақувваттар ба назар меояд. Мавриди дигари "пешравӣ"-и нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нисбат ба пойгоҳи Русия, ки ҳамсӯҳбатони мо шӯхиомез зикр мекунад, шумораи генералҳои хондаву нохондааш мебошад. Нашрияи “Миллат” 4 сол пеш рӯйхати қариб 60 генерали тоҷикро чоп карда буд. Дар ин муддат боз чандин нафари дигар дар ин кишвар соҳиби унвони генералӣ шуданд ва танҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 4 генерал- майор ва як генерал-лейтенант адои ҳукм мекунанд.