Муҳоҷирон “Қонуни Яровая”-ро табъизомез медонанд

Ирина Яровая, вакили Думаи давлатӣ.

Дар Русия Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба маҷмӯи иловаҳои пешниҳодкардаи Ирина Яровая, намояндаи Думаи Давлатӣ ба “Қонуни зиддитерроризм” имзо гузошт. Дар ин қонун ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ вазифадор шудаанд, ки сӯҳбатҳои телефониро сабт кунанд ва зери рамзҳои вижа ба ниҳодҳои интизомӣ пешниҳод намоянд. Вале ин қонун танҳо бо сабти сӯҳбатҳои телефонӣ ва истифодаи онҳо чун маълумот маҳдуд намешавад, балки маҳдудияти озодиҳои дигари иҷтимоиву мазҳабиро низ пешбинӣ мекунад.

Ҳоло ин илова бо номи “Қонуни Яровая” дар матбуоти Русия, ба вижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад ва коршиносони мустақилу таҳлилгарони умури муҳоҷират роҷеъ ба он назари мусбат надоранд. Валентина Чупик, доктори улуми ҳуқуқ ва таҳлилгари умури муҳоҷират дар Маскав хеле мушаххас ва ошкоро дар бораи ин қонун чунин гуфт: “Бидуни шак ин қонун нафратовар, заранок ва табъизомез мебошад. Ин қонун имкон медиҳад, ки ҳар касро барои ҳар кор бидуни дарназардошти ҳатто миллияташ ба терроризм муттаҳам кунанд, ҳар касро, ҳатто ноболиғонро”.

Хонум Чупик мегӯяд, то ҳол ҷавононро аз синни 18 солагӣ ба додгоҳ мекашонданд, вале акнун ин синро 4 сол поин оварданд. Агар навраси 14-сола ба ниҳодҳои интизомӣ бар зидди падару модари худ дар бораи ҷинояти онҳо “хабаркашӣ” накунад, вай ҷинояткор эътироф мешавад.

Масалан, агар дар хонаводаи муҳоҷир ё умуман хонаводаи ҳар шахс падар ё модар бо созмонҳои ифротӣ ё тундгаро иртибот пайдо кунанд ва фарзанди ин хонадон аз он огаҳ бошад ва ба мақомоти интизомӣ хабар надиҳад, дар он сурат фарзанди ноболиғи онҳо низ ҷинояткор шинохта мешавад.

Чупик мегӯяд, ин қонун ба зидди ҳеҷ миллат ё ақалияти миллӣ ё мазҳабӣ нест, баръакс метавонад бар зидди ҳар кас ва намояндаи ҳар миллат дар ҳолатҳои зарурӣ ва бар зидди “афроди зарурӣ” истифода шавад, зеро дар Русия табъизи шадиди ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ вуҷуд дорад. Аз эҳтимол дур нахоҳад буд, ки намояндагони ҳамин ақалиятҳо нисбат ба дигарон бештар ба муҷозот кашонда шаванд.

Дар бораи афзоиши ихроҷи муҳоҷирони кории хориҷӣ ҳанӯз сӯҳбат кардан зуд аст, вале моддаҳои ин қонун ба он ишора мекунанд, ки боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ бар зидди онҳо афзоиш хоҳад ёфт, яъне дар ин маврид кор ҷиддитар аз ихроҷ хоҳад буд. Валентина Чупик дар посух ба ин суол, ки оё ин қонун ҷанбаҳои мусбат дорад, гуфт:

“На, на. Ман ҷанбаҳои мусбати онро намебинам. Мисли пештара нест, ки одамонро барои ҷиноятҳои воқеӣ ба муҷозот кашанд. Ин гуна нест. Вале бардурӯғ метавонанд гунаҳгор эълон кунанд. Масалан, барои ҳамкорӣ бо терроризм ё ҳар чизи дигаре, ки имкон дорад. Агар шумо барои бурдани борхалтаи пирзане ё пирмарде кӯмак мекунед, шуморо ҳам метавонанд барои ҳамкорӣ бо терроризм муттаҳам кунанд. Шумо рад карда наметавонед, барои он ки шумо дар лаборатория тафтиш накарда будед, ки дар он борхалта бомба набуд. Ташкили чунин амалиёт фақат 3 сония вақт мехоҳад”.

Раҳматулло Мазориев бештар аз 20 сол дар шаҳри Перм зиндагӣ мекунад ва бо кору зиндагии муҳоҷирон хуб ошност. Вай мегӯяд, ки рӯзҳои охир баъд аз оғози сӯҳбатҳо дар бораи пешниҳодҳои Ирина Яровая назорати пулис бар муҳоҷирони кишварҳои мусулмоннишин бештар мушоҳида мешавад:

“Тақрибан 10 рӯз пеш мо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷику узбак ва қирғизу озариро кормандони умури дохила даъват карданд. “Дастурҳо”-и худро ба мо доданд ва мегуфтанд, ки бояд ин хел кард, дар масҷид ин хел бояд бошад ва ғайраҳо. Гуфтанд, шахсонеро, ки дар масҷид амри маъруф мекунанд, дар бораи онҳо ба мо маълумот диҳед. Агар чизе рух дод, зуд ба мо хабар кунед. Кормандони пулис бештар дар атрофи дини ислом сӯҳбат карданд.”

Ҳоло муҳоҷирон аз он ҳарос доранд, ки дар сурати иҷрои ҳатто маросимҳои мазҳабӣ ё миллии худ метавонанд мавриди таъқиб қарор бигиранд. Мазориев мегӯяд, эҳсос мешавад, ки кормандони пулис ба муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бовар надоранд ва бо шубҳа менигаранд. Ҳоло Хадамоти муҳоҷирати Русияро барҳам доданд ва умури муҳоҷиратро дар ихтиёри вазорати корҳои дохила ё пулис гузоштаанд. Бӯҳрони иқтисодӣ вазъи муҳоҷиронро бе ин ҳам мушкил кардааст. Пулис ба ҳар баҳона аз муҳоҷирон пул меситонад. Агар хости онҳоро иҷро накардӣ, ҳар гуна “натиҷа”-ро интизор шудан мумкин аст.

Ҷаҳонгир Ҷалолов, муҳоҷири корӣ дар шаҳри Перм аз тафтишҳои ахири пулис нигарон аст ва мегӯяд, ин тафтишҳо дар дили муҳоҷирон ҳарос меандозад: “Мо дар масҷид намоз мехонем. Моро ҳатман тафтиш мекунанд. Меоянд, паспортҳоро мебинанд. Барои мо ҳақиқатан вазъяти ногувор пеш меоранд. Гирди масҷидро мегиранд. Бо одамон саволу ҷавоб мекунанд.”

Маъмулан тоҷикон ва мардумони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ баъзе маросимҳо, аз қабили тӯи хатнаи фарзандон, фотиҳа ва амсоли онро дар хонаҳояшон баргузор мекунанд. Коршиносон мегӯянд, акнун ин корҳо ғайриқонунӣ шумурда мешавад. Илова бар ин, дар рӯзҳои Иди Қурбон ё Иди Фитр барои адои намоз он қадар мардум ҷаъм мешаванд, ки масҷид ғунҷоиши онро надорад. Ононе, ки берун аз масҷид мемонанд, ҳақ надоранд дар беруни бинои масҷид намоз хонанд. Ҳатто худи мардуми рус ҳам наметавонанд берун аз калисо маросими “крешение”-и худро, ки маъмулан дар оби сард ғусл мекунанд, дар берун аз калисо ба ҷо оранд.

Дар рӯзҳои баррасии ин қонун дар Думаи Давлатӣ Минтимер Шаймиев-раиси ҷумҳури пешини Тотористон хост, ки ин қонун қабул нашавад ва Владимир Путин ба он имзо нагузорад. Рафиқ Муҳаммедшин, раиси пажуҳишгоҳи исломии Русия гуфт, “ин қонун ҳамаи роҳҳоеро мебандад, ки барои густариши арзишҳои исломӣ истифода мешавад”. Ин қонун зарбае ба ислом аст ва тоторҳо аз рафтан ба масҷид худдорӣ мекунанд. Онҳо эътиқодҳои мазҳабии худро дар шакли дигар ифода мекунанд.