Дар се моҳи аввали соли 2014 сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия беш аз 23 дарсад коҳиш ёфтааст ва қарори ахири ҳукумати Русия, ки сафари онҳоро бе шиносномаҳои хориҷӣ манъ кардааст, муҳоҷирати тоҷиконро ба Русия ба маротиб камтар хоҳад кард.
Сарвазири Русия Дмитрий Медведев ба қароре имзо кард, ки тибқи он сар аз соли 2015 шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия сафар кунанд. Ҳарчанд ҳоло ҳам бахши зиёди муҳоҷирон бо шиносномаи хориҷӣ вориди Русия мешавад, гумон меравад, ин қарор сафари тоҷиконро ба Русия маҳдудтар хоҳад кард. Аз ҳоло дар бораи таъсири равонии он ба мансабдороне, ки иҷозаи будубош ва кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба онҳо бастагӣ дорад, изҳори нигаронӣ мешавад.
Ин ҳам дар ҳоле ки муносибати маъмурони давлатӣ ба ин муҳоҷирон пешдоварона аст, қонуншикании худи муҳоҷирон вазъи онҳоро бадтар мекунад ва нажодпарастонаи Русия низ онҳоро ҳадафи осони худ қарор дода, шумораи тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия бештар мешавад. Куллан, гуфта мешавад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо наздик ба 20 мушкили ҷиддӣ рӯбарӯянд. Ин нуктаро созмони «Маркази ҳуқуқи инсон» якҷо бо бунёди «Зеркало» дар пажӯҳише изҳор дошт, ки бо сармоягузории созмони даниягии DCA ва Бунёди олмонии “Bread for the world” аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 миёни 250 муҳоҷири меҳнатӣ анҷом шудааст.
Ин таҳлил нишон медиҳад, ки зимни будубош дар Русия муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми бастани шартнома ва ё гирифтани иҷозаи кор, таҳияи бимаи тиббӣ, сабти иқомат дар ҷойи зист бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ҳамчунин онҳо шикоят кардаанд, ки дар рӯзҳои ҷашну истироҳат низ ба кор ҷалб мешаванд, аммо маошро қисман ва ё умуман намегиранд ва намедонанд, дар чунин ҳолат чӣ кор кунанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, корфармо аз рӯзи аввал шиносномаи онҳоро мегирад ва онҳоро дар ҳоли итоат нигоҳ медорад. Аксари муҳоҷирон медонанд, ки дар шароити ғайрибеҳдоштӣ ва гоҳе барои ҳаёт хатарнок ба сар мебаранд, аммо маҷбуранд, ин шароитро бипазиранд.
Дар ҷараёни пажӯҳише, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор гашт, ошкор шудааст, ки бисёриҳо аз дастури президенти Тоҷикистон дар бораи интиқоли ройгони ҷасади муҳоҷирон ба воситаи ширкати «Тоҷик-Эйр» хабар надоранд. Маъмулан барои интиқоли ҷасад, ки то 3000 доллар харҷ дорад, муҳоҷирон пул ҷамъ мекунанд ё ба диаспораҳо муроҷиат мекунанд. Танҳо дар соли гузашта ин ширкати ҳавопаймоӣ ҷасади 622 муҳоҷирро ба Тоҷикистон овардааст ва гуфта мешавад, 80 дарсади онҳо бар асари беморӣ фавтидаанд.
Гулнора Бекназарова, коршарики маркази назарсанҷии «Зеркало» мегӯяд, аз сӯҳбат бо муҳоҷирон маълум шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии худ онҳо ба созмонҳои ҷамъиятиву байналмилаӣ, диаспор ё худ ҷамъиятҳо ва ё пайвандон рӯ меоранд. Хонум Бекназарова афзуд, «дар ин авохир яке аз воситаҳои маъмулии ҳал кардани мушкилоти ҳуқуқӣ истифода аз миёнравҳост. Ин миёнравҳо, ки аксаран худ кормандони диаспораҳо ҳастанд, бар ивази маблағ хидмат мерасонанд.»
Дар ҳамин ҳол Манучеҳр Маҳмудзода, як масъули вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бар ин аст, ки таҳлили мазкур якҷониба буда, танҳо зимни назарпурсӣ анҷом шудааст. Вай мегӯяд,бо вуҷуди он, ки гуфтугузорҳо дар мавриди истифода аз кӯмаки миёнравҳо барои ҳалли мушкилот зиёд ба гӯш мерасад, аммо то имрӯз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз ин раванд бо мақомоти дахлдор ҳамкорӣ накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷаноби Маҳмудзода сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Русия дар танҳоӣ наметавонад аз ин раванд пешгирӣ кунад: «Як чизе ки дар ин таҳлил омадааст муносибати ноодилона дар боздоштгоҳҳост ки гуё кормандони консулӣ ё ин ки намяондагони дипломатӣ дар хориҷи кишвар аз ҳоли шаҳрвандон дар ин муассисаҳо огоҳ нестанд, чандон ба воқеият рост намеояд. Намояндагони дипломатӣ як нақшаи мушаххас тартиб додаанд, ки тибқи он ҳафтае як ё ду маротиба аз ин боздоштгоҳҳо дидан мекунанд ва шумораи шаҳрвандоне, ки дар он ҷо боздошт шудаанд, сабаби боздоштшавӣ ва дигар мушахассотро ҳам барои маълумоти намояндагони дипломативу вазорати корҳои хориҷӣ ирсол мекунанд. Яъне ин чизҳо ба танзим дароварда шудаанд.»
Ин маъсули Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин гуфт, агар дар чанд соли пеш шумораи шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, то 10 ҳазор нафарро ташкил мекард, ҳоло ин теъдод ба маротиб боло рафтааст. Вай афзуд, ҳоло Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Русия авфи шаҳрвандонеро хостааст, ки зимни қонуншиканиҳои начандон вазнини маъмурӣ аз Русия ихроҷ ё ба рӯйихатти «сиёҳ» дохил шудаанд. Бархе аз нозирони вазъ инро низ мегӯянд, ки шаҳрванди Русия шудани як қисми муҳоҷирони тоҷик ва ба Русия кӯчондани аҳли хонаводаашон ҳам сабаби коҳиши рафтуомад ба Русия шудааст.
Сафар ба Русия бо шиносномаи дохилӣ манъ мешавад
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар пайи имзои санаде, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия рафтан манъ мекунад, аз ҳамаи шаҳрвандон дархост мекунад, ки сар аз соли оянда танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд, то ба мушкил гирифтор нашаванд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 23-юми июн дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меоранд, ки ба ин талаботи кишвари Русия риоя кунанд. Қодирӣ гуфт, то ба имрӯз шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон бо сабаби огоҳ набудан аз қавонини муҳоҷирати Русия аз ин кишвар хориҷ карда шудаанд ва наметавонанд дубора ба он кишвар раванд. «Ба ин хотир то 6 моҳи дигар хадамоти муҳоҷират ба ҳамаи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, то ба қонунҳои ҷории Русия ва ҳар тағйироте ки мешавад риоя кунанд то сабаби саргардонии муҳоҷирон нашавад», гуфт Қодирӣ.
Ба суоли он ки ин тасмими ҳукумати Русия ба раванди муҳоҷирати корӣ чӣ таъсире хоҳад дошт? Ҷаноби Қодирӣ гуфт: "Бо сабаби он ки қисме аз шаҳрвандони мо дар Русия бо шиносномаҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, дубора ба кишвар баргашта, шиносномаҳои хориҷӣ мегиранд, ки барои ин маблағ сарф мешавад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сӯҳбати Абдулло Қодирӣ дар бораи манъ шудани бо шиносномаҳои дохилӣ ба Русия рафтан
Аммо масъулони хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ки бо шиносномаҳои хориҷӣ таъмин кардани шаҳрвандон ба зимаи вазоратҳои дохила ва хориҷа аст ва дар ин самт бояд ин вазоратҳо ба шаҳрвандон мусоидат кунанд.
Ҳукумати Русия бо судури як қарор аз 17 июн равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро аз соли 2015 танҳо бо шиносномаҳои хориҷиву хидматӣ ва дипломатӣ ва санади бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат хоҳад дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдулло Қодирӣ дар бораи манъи сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия бо шиносномаи дохилӣ
Ҳукумати Русия рӯзи 17 июн қарореро қабул кардааст, ки барои асоси он, шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли ояндаи 2015 танҳо бо шиносномаҳои хориҷиву хидматӣ ва дипломатӣ ва санади бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба Русия равуо кунанд. Дар ин қарор, ки сарвазири Русия Дмитрий Медведев имзо кардааст, омадааст, ки тартиби нави равуо байни Тоҷикистону Русия аз 1 январи соли 2015 ҳукми иҷро мегирад.
Дар шарҳи ин қарор дар сомонаи расмии ҳукумати Русия гуфта мешавад, ин қарор санади қаблии ҳукумати Русия аз соли 2005-ро, ки бо шиносномаи дохилӣ ва барои нафарони то 16-сола ҳатто бо зоднома ба Русия сафар кардани атбои Тоҷикикистонро иҷозат медод, бекор мекунад. Дар ин сомона гуфта мешавад, ки чунин қарор ба хотири иҷрои супоришҳои омада дар паёми раисиҷумҳури Русия аз 12 декабри соли 2012аз сӯи Хадамоти федеролии муҳоҷират таҳия шудааст.