Русия ба 8 парвози чартерӣ иҷозат дод. Тоҷикистон шаҳрвандонро бармегардонад

Акс аз бойгонӣ

Сар аз имрӯз 25-уми июн Тоҷикистон бо 8 парвози чартерӣ шаҳрвандони ниёзмандашро аз Русия ба ватан меорад. Мақомоти тоҷик гуфтанд, Русия барои иҷрои парвозҳои иҷозат додааст.

Як манбаъ дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ба ин парвозҳо асосан шахсони ниёзманд аз ҷумла беморон, занону кӯдакон, донишҷӯён, пиронсолон ва шахсоне, ки бинобар сафари хидматӣ дар Русия дармондаанд, бартарӣ дода шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба онҳое, ки номашон ба рӯйхат шомил шудааст масъулини Сафорат занг зада вақти парвозро мегӯянд. Масъулини Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ чанд соат қабл дар фурудгоҳҳо фурӯхта мешаванд ва муҳоҷирон набояд аз ягон нафари дигар билет гиранд.

Аз рӯзи 19-уми июн, ки мақомот парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро эълон карданд садҳо нафар ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда, мепурсиданд, ки чигуна чиптаи бозгашт бо ин парвозҳоро ба даст оранд. Анбуҳи зиёди муҳоҷирон дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам барои ин кор ҷамъ шуданд. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, танҳо барои анҷоми 8 парвози чартерӣ иҷозат дода шудааст ва на ҳамаи хоҳишмандонро метавон бо ин парвозҳо ба ватан интиқол дод.

Парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом дода мешаванд ва тибқи иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар ин парвозҳо беш аз 1600 нафар ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.

"Бо ин парвозҳо имкон нест, ки ҳамаи хоҳишмандонро ба ватан фиристем. Дар навбати аввал танҳо шахсони ниёзманд ба Тоҷикистон парвоз мекунанд. Мо умедворам, ки дар моҳи июн парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дубора оғоз мешаванд",-гуфт ҳамсуҳбати мо дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Парвозҳо аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург ба Тоҷикистон сурат мегиранд. Мақомот гуфтанд, ҳавопаймҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон холӣ намераванд, балки шаҳрвандони Русияро бо худ мебаранд.

Аммо парвозҳои чартерӣ зоҳиран барои бештари шаҳрвандони ниёзманди Тоҷикистон дар Русия кофӣ нест. Бархе аз онҳо мегӯянд, дархосташон барои бозгашт ба ватан аз сӯи Сафорати Тоҷикистон бепосух монд.

Нилуфар, як сокини Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ду фарзандаш, ки яке донишҷӯ ва дуввумӣ мактабхон аст дар Маскав дармондаанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, фарзанди наврасаш бемор буда, дар Русия бе маблағ мондааст.

"Рӯзи 3 июл бояд хонаи иҷораро супоранд, писари калониам як илоҷ мекунад, аммо ин кӯдак куҷо равад? Саломатии кӯдак хуб нест, бояд ба хона баргардад. Мо ба Сафорат дархост додем, аммо ягон посух надоданд, занг ҳам назаданд. Ман тайёрам аз куҷое набошад пули билетро ёбам, илтимос гӯед, ки ба куҷо муроҷиат кунем",-афзуд Нилуфар.

Ба монанди ин шикоят, чандин нафари дигар ҳам ба Радиои Озодӣ тамос гирифта гуфтанд, парвозҳои чартерӣ аз имрӯз шуруъ мешаванд, вале касе ба онҳо занг назадааст. Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, парвозҳо ҳамагӣ 8 адад буда, имкони бозгардонии беш аз 1600 нафарро дорад. Дар ҳоле, ки дар гӯшаву канори Русия садҳо нафари дигар мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд. Ба гуфтаи мақомот, бо парвозҳои чартерӣ асосан афроди хеле ниёзманд ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс кай маълум мешавад. Мақомот гуфтанд, баъд аз моҳи июн масъаларо баррасӣ мекунанд.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!