Мақомоти Русия гуфтанд, се шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Маскаву Иркутск дастгир кардаанд. Додгоҳи ноҳияи Тагански Маскав Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматовро то 20-уми январи соли оянда ба ҳабс гирифт. Дар ин муддат парвандаи онҳо таҳқиқ мешавад. Номи муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Иркутск маълум нест.
Ҳанӯз назари шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон ва наздикони онҳо дар робита ба ин ҳодисаҳо рӯшан нест ва иттилое нашр нашудааст, ки онҳо таҳти кадом шароит боздошт шуданд. Ин низ маълум нест, ки оё онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ вакили мудофеъ гирифтаанд, ё не.
Дар гузашта низ чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба чунин иттиҳом боздошт шуда буданд, аммо баъдан бегуноҳии баъзе аз онҳо собит шуд ва раҳо гаштанд. Мурофиаи бархеи дигар бо гузашти солҳо идома дорад.
Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 26-уми ноябр навишт, ки Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматов барои фаъолиятҳои террористӣ ба воситаи интернет гумонбаранд. Қарори Додгоҳи Таганск дар мавриди ин ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 22-юми ноябр содир шудааст ва парвандаи онҳо бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия – "даъвати умумӣ барои фаъолиятҳои террористӣ ё таблиғи терроризм бо истифода аз интернет" - баррасӣ мешавад.
Аз шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар вилояти Иркутск ном бурда намешавад. Мақомот танҳо гуфтаанд, ӯ 26-сола аст ва ба ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам аст. Фаъолияти ин гуруҳ дар ҳудуди Русия ва Тоҷикистон мамнуъст.
Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Иркутск гуфтааст, ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси ҳафт моддаи қонуни ҷиноӣ парванда кушодаанд. Мақомот мегӯянд, аз манзили ин шаҳрванди Тоҷикистон адабиёти динӣ ва сабтҳои садоии зиёде ёфтаанд, ки ба гуфтаи онҳо "терроризм ва экстрезимро таблиғ мекунад".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Куштори Колчугино. Саҳнасозӣ ё ҷанги зидди терроризм? ВИДЕОДар иттилоияи расмии Кумитаи тафтишоти Русия дар Иркутск гуфта шудааст, "дастгиршуда аз шиносҳояш даъват кардааст, ки ба Сурия рафта, таҷрибаи ҷангӣ бигиранд ва баъд аз он ба сафи созмони террористӣ бипайванданд".
Тафтишот мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли гуруҳ буда, ба рабудани одамон, қаллобӣ ва қочоқи силоҳ машғул будааст. Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон дастикам 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад. тасдиқи дурустӣ ё радди ин хабар аз манобеи дигар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.
Ҳоло дар зиндонҳои Русия расман ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Солҳои қабл аксар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷиноятҳои қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара мерафтанд.
Бо зуҳури ДОИШ дар Суриву Афғонистон мушоҳида мешавад, ки аксар ҷавонони тоҷик бо ҷурми ҳаводорӣ, дастгирии молиявӣ ва нияти пайвастан ба гуруҳҳои террористиву эктсремистӣ дар Русия зиндонӣ мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ баъзан ба дурустии айбномаҳои мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳе муфаттишон ба хотири ба даст овардани натиҷа баъзе афродро маҷбур мекунанд гуноҳи нокардаро ба дӯш гиранд. Мақомоти Русия мегӯянд, ки хатар воқеист ва кӯшиши онҳо пешгирӣ аз ҳодисаҳои фоҷиабор аст.