Кобулов: "Ҳар гуна таҳқири Тоҷикистон ба мухолифати Маскав рӯбарӯ хоҳад шуд"

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфтааст, ки “Русия ба баёнияи беасос ва таҳқиромези сафири нави Афғонистон дар Маскав унвонии Тоҷикистон, ҷиддан мухолифат дорад”. Ҳамзамон, намояндагони сенати Афғонистон ба нашрияи “Известия”-и чопи Маскав гуфтаанд, ки аз раиси ҷумҳури ин кишвар Ашраф Ғанӣ хостаанд, ки Абдуқаюм Кӯчиро (Кӯчай) аз сафорати Маскав фаро хонад.

Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, моҳи декабри соли гузашта дар мусоҳибааш бо як видеоблоги афғонӣ гуфта буд, ки "дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд."

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва раиси Идораи дуюми Осиёи Вазорати хориҷаи ин кишвар рӯзи 13 январ ба “Известия” гуфтааст, ки дар баёнияи сафири нави Афғонистон дар Русия нисбати раҳбарият, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таҳқири беасос сурат гирифтааст ва ин қобили қабул нест.

Сафорати Афғонистон дар Маскав.

​Дар ҳамин ҳол, Аҳмадшоҳ Рамазон, узви Сенат ё палатаи болоии парлумони Афғонистон ба “Известия” гуфтааст, ки парлумони ин кишвар зимни як номаи расмӣ аз Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон тақозо кардааст, то Абдуқаюм Кӯчӣ аз раҳбарии сафорати он кишвар дар Маскав, фаро хонда шавад.

Аҳмадшоҳ Рамазон гуфтааст: “Тоҷикистону Русия аз кишварҳои дӯсти Афғонистон буда ва изҳори назари Абдуқаюм Кӯчӣ дар қиболи ин кишварҳо қобили қабул нест. Ин назари шахсии Кӯчӣ буд, ба мавқеи давлат, парлумон ва мардуми Афғонистон рабте надорад”.

Ба гуфтаи Аҳмадшоҳ Рамазон, ӯ дар ин замина бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури гуфтугу карда ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур низ аз қазия огоҳ будааст.

Як мақоми баландпоя аз Вазорати хориҷаи Афғонистон ба “Известия” гуфтааст, масъалаи идомаи фаъолияти Абдуқаюм Кӯчӣ дар Маскав ба унвони сафир дар дасти баррасӣ қарор доштааст. Ба гуфтаи ин мақом, Абдуқаюм Кӯчӣ аз пайвандони Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳисоб ёфта ва бояд Ғанӣ дар ин замина тасмим бигирад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ рӯзи 12 январ баёнияи Абдуқаюм Кӯчиро маҳкум карда ва онро ғайри қобили қабул хонд. Дар ин росто сафири Афғонистон дар Душанбе рӯзи 31 декабр ба вазорати умури хориҷӣ даъват шуда ва ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурда шудааст.

Дар ин ёддошт "нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафири Афғонистон дар Русия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон", баён гардидааст. Давлати Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон "қотеъона" тавсия додааст, то суханони "номатлуб"-и Абдулқаюми Кӯчӣ, шахси расмии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамаҷониба таҳлил шуда ва чораҳои муассир андешад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эътирози Вазорати Хориҷаи Тоҷикистон ба таҳқири сафир

Абдулқаюм Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскав, моҳи гузашта дар гуфтугӯи телевизионӣ бо хабарнигори афғон Шафеъ Аёр гуфтааст, "мафияи маводи мухаддир дар Тоҷикистон" дар раванди интиқол ва қочоқи маводи мухаддири Афғонистон даст дорад. Ин навор 21 декабр дар шабакаи Ютуб нашр шуд. Сафир Кӯчӣ дар ин сӯҳбат аз як мулоқоташ бо мақомҳои рус ҳам ёдовар шуда, гуфтааст, "маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст."

Дар идома Абдулқаюм Кӯчӣ назари шахсии худро аз Душанбе ва Тоҷикистон баён карда, мегӯяд, "Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст."

Сайфулло Муллоҷонов, коршиноси мустақил, мегӯяд, дар сатҳи як дипломат гуфтани ин гуна ҳарфҳо хандаовар аст. "Агар муҷрӣ муаррифӣ намекард, касе мутаваҷҷеҳ намешуд, ки ин шахс сафир аст. Зеро сӯҳбаташ дур аз урфи дипломатӣ аст. Дигар, дар мавриди ҷамъияти як кишвар маълумоти кофӣ надорад. Маълумоте ироа мекард, ба солҳои 1980 рабт мегирад, ки он замон воқеан аҳолии Тоҷикистон 5 миллион нафар буд. Аммо дар он замон ҳам теъдоди русҳо дар Тоҷикистон 1 миллион нафар набуд, беш аз 300 ҳазор нафар буд", - хулоса кард ӯ.