Рақобати Ғарб ва Русия ба Осиёи Марказӣ мекӯчад?

Таҳлилгарони умури сиёсӣ бар инанд, ки ҷойгоҳи Русия дар Осиёи Марказӣ рӯ ба коҳиш дорад ва барномаҳои ҳамгироии ин қаламрав бо Маскав ҳарчӣ бештар зери суол меравад.

Агарчӣ Русия ахиран талоши бештар мекунад, ки ҷойгоҳи худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳ дорад, мавқеи он дар ин минтақаи муҳим тадриҷан суст мешавад. Як сабаб ин аст, ки чун кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсати дарҳои боз ё ҳамкориҳои чандҷиҳатӣ, яъне ҳам бо Русия ва ҳам бо Ғарбро дар пеш гирифтаанд, намехоҳанд аз ҳамкорӣ ва ёрии кишварҳои ғарбӣ маҳрум шаванд. Алексей Малашенко-таҳлилгари умури Осиёи Миёна дар Маскав мегӯяд, барои нигоҳ доштани чунин нуфуз сармоя зарур аст ва сармоя дар Русия торафт камтар мешавад. Ба сабаби камбуди сармоя иҷрои баъзе тарҳои Русия дар Қирғизистон ва дар Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Алексей Малашенко

Ҳоло ҷабҳабандиҳо дар ҷаҳон тағйир ёфтааст ва кишварҳои ғарбӣ дар таҳримҳои зидди Русия худро мутмаин эҳсос мекунанд. Малашенко мегӯяд, аз имкон дур нест, ки Ғарб бо назардошти чунин бовар дар оянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд, то ҳамкориҳои худро бо Русия маҳдуд кунанд ва агар ин дархости Ғарб иҷро нашавад, шояд дар оянда кӯмакҳои Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар шавад.

Дар ин ҷо масъалаи амниятӣ низ ҳаст ва ин кишварҳо дар ростои чолишҳои амниятие қарор доранд, ки баъд аз хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО аз Афғонистон бармеояд. Гузашта аз ин, ҳоло аз кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна тундравҳое дар Сурия меҷанганд ва дар сурати бозгашт ба кишварашон метавонанд, мушкилиҳои амниятӣ ё сиёсӣ ба бор оранд. Ин кишварҳо умед доранд, ки Русия чунин амниятро барои онҳо таъмин мекунад.

Вале Русия бо рафтори худ дар Украина режимҳои кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Қазоқистонро тарсонд. Аз сӯи дигар, ин масъала дар Осиёи Миёна матраҳ аст, ки оё Русия метавонад аз режимҳои мавҷуда ҳимоят кунад ва ё баръакс аз мухолифон, агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки баъзе раҳбарони ин кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон, ба синни пирӣ расидаанд ва табдили раҳбарон ногузир аст. Ба таъбири оқои Малашенко, Русия дар ин кор ҳеҷ нақш бозӣ карда наметавонад ва коре аз дасташ барнамеояд. Вале дар Қазоқистон талошҳои Русия барои таъсир ба нухбагони сиёсии маҳаллӣ мушоҳида мешавад ва ин талошҳо то ҳол чандон муассир набудааст. Бо назардошти чунин вазъ хулосаи усулии оқои Малашенко ин аст, ки мавқеи Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна заиф шудааст.

Алмосбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев

Дар Қирғизистон Алмосбек Отамбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар дар масъалаи вуруд ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё ба мухолифати баъзе нируҳои сисёсии кишвараш рӯ ба рӯ шудааст. Ин нируҳо мегӯянд, ки Қирғизистон аз даромадан ба Созмони ҳамкориҳои Авруосиё зарар хоҳад дид. Вале Русия ҳафтае пеш қавл дод, ки ин зарари молиро ба Қирғизистон ҷуброн хоҳад кард ва дар ихтиёри ин кишвар як миллиард доллар хоҳад гузошт, то посгоҳҳои гумрукии худро дар марзҳо муҷаҳҳаз кунад ва зарарҳои молии марбут ба мушкилоти бозор ва транзити колоро бипӯшонад. Аммо Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди сармоягузорӣ ё кӯмакҳои молии Русия ваъдаҳои дурӯғи Русияро аз ёд набурдаанд. Русия соли 2004, вақте ки ба иқтисодаш мисли имрӯз хатаре таҳдид намекард, барои гирифтани истгоҳи назорати кайҳонии “Окно” дар Норак қавл дода буд, ки дар Тоҷикистон 2 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Баъдтар ҳамин гуна ваъдаро ба Қирғизистон ҳам дод, то пойгоҳи низомии худро дар Кант мустақар кунад. Вале баъд аз гирифтани имтиёз ин сармоягузориҳоро “аз ёд бурд”.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон ба ниҳодҳои зидахли кишвараш дастур додааст, ки то поёни соли 2014 ин кишварро барои даромадан ба Созмони ҳамкориҳои АвруОсиё омода кунанд. Вале дар Қирғизистон баъзе нируҳои сиёсӣ ба ҷуз аз зарари молии Қирғизистон аз даромадан ба созмони мазкур ин ақидаро низ матраҳ кардаанд, ки бо даромадан ба созмони ҳамкориҳои АвруОсиё Қирғизистон истиқлоли комили худро аз даст медиҳад. Феликс Қулов-яке аз сиёсатмадорон ва нахуствазири пешини Қирғизистон мегӯяд, дар муносибат бо Русия аз эҳтиёт бояд кор гирифт, зеро аз ҳар кишвари Осиёи Марказӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Гузашта аз ин ҳар кишвари минтақа бештар аз як миллион нафар дар Русия муҳоҷири корӣ дорад, ки наметавон онро бо ҳар кишвари дигари ҷаҳон муқоиса кард. Ин “аслиҳа”-и хеле қавӣ дар дасти Русия аст ва дар сурати рондани ҳадди ақал ҳамин муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон таркиши иҷтимоӣ ба амал хоҳад омад.

Пас дар чунин ҳолат суоле пеш меояд, ки кишварҳои Осиёи Миёна ба куҷо ва аз кадом роҳ бояд пеш бираванд, то аз бозиҳои геополитии Русия зарар набинанд ва дар канор бимонанд?

Рашид Ғанӣ

Рашид Ғанӣ-сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, “ин кишварҳо дар муносибатҳои худ ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо Амрико тавре бояд сиёсатҳои худро пеш баранд, ки тавозуни манфиатҳои ин се кишвар дар Осиёи Марказӣ вайрон нашавад. Агар якбора яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳад зиёд ба тарафи Ғарб майл кунад, дар он сурат на танҳо Русия, балки ҳампаймонҳои вай Чину Эрон низ бар зидди чунин кишвар мавзеъгирӣ хоҳанд кард ва ин “ба маънои худкушӣ аст”. Вале агар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиракона манфиатҳои худро барномарезӣ кунанд, аз ҳамкорӣ ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Русияву Шарқ метавонанд суд бибаранд”.

Рашид Ғанӣ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ҳамкориҳояшро бо Русия равнақ диҳад, вале ин ҳамкориҳо ба ин маънӣ нест, ки мисли Қирғизистон барои даромадан ба узвияти созмони ҳамкориҳои АвруОсиё саросема шавад. Вай мислол меорад, ки кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла Марокаш ва Алҷазоир узви Иттиҳодияи Аврупо нестанд, вале бо ин иттиҳодия ҳамкорӣ мекунанд ва аз ин ҳамкориҳо ҳамаи ҷонибҳо суд мебаранд ва ҳеҷ кадоме аз якдигар ташвиш надоранд. Тоҷикистон ҳам бояд бо созмонҳои густараи Шӯравии пешин ҳамкорӣ кунад, аз ҷумла бо созмони АвруОсиё. Вале иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ заиф аст ва чун созмони АвруОсиё аз тарафи Русия раҳбарӣ мешавад, он дунболи манфиатҳои худ мегардад ва аз манфиати дигарон аксар вақт сарфи назар хоҳад кард. Бино бар ин ба ақидаи оқои Ғанӣ, “узвияти Тоҷикистон бар зарари мудовимати истиқлолаш аст ва аз ҷиҳати таъмини истиқлол ва соҳбихтиёрӣ мумкин аст зарар бинад”.

Агар Тоҷикистон аз вуруд ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё худдорӣ кунад, метавонад сабақи дигар ҳам бигирад, яъне муддате фурсат хоҳад дошт, то манфиатҳои худро дар тарозу гузорад ва дар мисоли дагарон бори дигар бубинад, ки соҳибихтиёриаш то чӣ андоза ҳифз хоҳад шуд.

Таҳлилагрон дар марҳилаи кунунӣ мавзеъгирии Тоҷикистонро мантиқӣ медонанд. Вале дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ин кишварҳо бояд тарзе сиёсати худро пайрезӣ кунанд, ки аз ҳамкорӣ бо абарқудратҳо, аз ҷумла Русияву Амрико ва Чин суд бардоранд ва коре накунанд, ки ба ғазаби ҳади ақал яке аз абарқудратҳо гирифтор шаванд.