6,7 млн $ ёрии Русия ба Душанбе аз тариқи UNDP

Русия тавассути барномаи рушди СММ (UNDP) барои рушди асосан манотиқи рустоии Тоҷикистон 6,7 миллион доллар кумак ироа кардааст.

Ахиран Русия аз тариқи Барномаи рушди СММ (UNDP) 6,7 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Ин маблағ барои беҳбуди зиндагии тақрибан як миллион нафар аҳолии манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон сарф хоҳад шуд. Дар ин бора Сафарбек Солеҳов - масъули равобити хориҷаи намояндагии СММ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, намояндагии СММ 50 барномаи рушдро бо ин маблағ дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин барномаҳо бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, омӯзишу парвариш, зербанои деҳот, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, овардани лулаҳои об ва шабакаҳои барқро дар бар мегирад.

Бар асоси барномаҳои пешбинишуда, ки се солро дар бар хоҳад гирифт, бояд дар 9 ноҳияи дурдасти вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои водии Рашт тақрибан як миллион нафар аҳолӣ аз ин кӯмакҳо баҳраманд шаванд. Бештар аз 500 нафар барои омӯхтани касб омӯзиш хоҳанд дид ва онҳо бо касбҳои нави худ метавонанд коргоҳҳои хурди хусусӣ бунёд кунанд.

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ҳамчунин гузоштани маблағҳои имдодӣ дар ихтиёри корхонаҳои хурди кишоварзӣ дар назар аст, то ин корхонаҳо тавонанд фаъолияти худро идома диҳанд ва муфлис нашаванд.

Сафарбек Солеҳов

Оқои Солеҳов мегӯяд, дар Тоҷикистон баъзе шаҳрвандон корхона ва ширкатҳои хусусӣ доранд ва барои рушди фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва кишоварзии онҳо кӯмакҳои молӣ ба онҳо низ дода мешавад.

Дар Тоҷикистон дар гузашта омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ фаъолият мекарданд ва ҳоло аксари онҳо баста шудаанд. Яке аз барномаҳои СММ акнун дубора фаъол сохтани ин омӯзишгоҳҳои касбиро низ дар бар мегирад ва бахше аз ин маблағ дар ин кор срф хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи намояндагии СММ, бори аввал Русия чун кишвари сармоягузор аз тариқи СММ чунин кӯмакро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.

Омодагӣ барои таҳияи 50 барномаи имдодии СММ дар ноҳияҳо ва рустоҳои дурдасти Тоҷикистон ду сол пеш оғоз шуда буд. Коршиносон аз рустоҳо боздид ва бо вазъи зиндагии аҳолӣ дар минтақаҳо ошно шуданд. Баъд аз чунин боздид ва омӯзиши вазъ коршиносон 50 барномаи рушд таҳия карданд ва маблағи зарурӣ барои иҷрои ин барномаҳоро дар назар гирифтанд. Барномаҳои мазкур пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи зиндагии қишрҳои камбизоати аҳолиро ҳадаф қарор додааст. Ин барномаҳо бо вазорати иқтисоду рушди тиҷорат ва вазорати молия ва ҳамчунин бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг шудаанд.

Оқои Солеҳов мегӯяд, агар ин барномаҳо натиҷаҳои дилхоҳ диҳанд, дар оянда СММ аз кишварҳои дигари сармоягузор низ хоҳад хост, ки ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Ин маблағҳои имдодӣ бебозгашт ва ҳадяи СММ ба Тоҷикистон аст ва қарз дониста намешавад.

Дар аввали соли ҷорӣ низ ҳамин гуна як кӯмаки 10 миллиондолларӣ аз тариқи СММ-ро Ҷопон дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Ин маблағ дар бахшҳои тавлидотиву тиҷҷорати хусусӣ ва барои боло бурдани сатҳи зисти аҳолӣ сарф мешавад.