Русия натиҷаҳои назархоҳии вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украинаро ба расмият шинохт ва Ғарб Маскавро ба нақзи созишҳои Женева айбдор дониста, бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро омода мекунад
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, ки аз баргузории назархоҳӣ дар манотиқи ҷанубу шарқии Украина изҳори қаноатмандӣ кард, гуфт, акнун бояд ин манотиқ низ вориди «раванди Женева» шаванд ва бо ҳукумати Киев гуфтушунид намоянд. Вай афзуд, бе ширкати мухолифон ҳама гуна гуфтушунид натиҷае нахоҳад дод.
Ҷаноби Лавров изофа намуд, ки Амрико ва Олмон низ аз ин шарт ҳимоят мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ИМА гуфтаасст, қатъит назар аз натиҷаҳояш назархоҳии Донетск ва Луҳанскро эътироф намекунад. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта мешавад, ин назарпурсиҳо хилофи қонунҳои Украина буда, аз тарафи гуруҳҳои мусаллаҳи ҷудоихоҳ барои он роҳандозӣ шуданд, ки ҷудоиро дар Украина амиқтар ва роҳро барои ноамниҳо бозтар кунанд.
Вашингтон ҳамчунин изҳори тааcсуф кард, ки Русия баъд аз давъати президент Путин ба таъхири назарсанҷӣ барои пешгирӣ аз он коре накард ва нерӯҳои худро аз сарҳади Украина низ ақиб накашид. Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Русия, баръакс изҳори нигаронӣ кард, ки Киев хост, бо истифода аз тундравҳо, артиш ва силоҳи вазнин ба баргузории референдум халал расонад, вале бо вуҷуди ин ширкати мардум дар раъйдиҳӣ, гуфт Лавров, густарда буд.
Бо таъкид ба дилсардии Иёлоти Муттаҳида дар робита ба амалкардҳои Русия, хабарнигорони телевизиони АБС аз вазири дифои ин кишвар Чак Ҳейгел пурсиданд, пас Вашингтон Русияро як душмани худ мешуморад? Дар посух вазир чунин масъалагузориро содагироӣ номид ва гуфт: «Мо бо Русия дар ҳоли ҷанг нестем ва магар бо кишваре, ки намеҷангем, метавонем онро душман номем? Оре, мо, албатта, дар масъалаи Украина бо Русия рақобат мекунем, вале, ба назари ман, кишвареро комилан душман, дӯст ё шарик шумурдан, як кори каме содагароёна аст.»
Ҳейгел посух додан ба суоли инро ки ҳоло дар Украина кӣ бартарӣ дорад, бановақт хонд ва гуфт, «Русия барои манфиатҳои кӯтоҳмуддат худро ҳарчӣ бештар дар муҳосира қарор медиҳад. Русҳо фикр мекунанд, ки ба навъе бартарӣ пайдо мекунандӯ, вале ҷаҳон танҳо аз манфиатҳои кӯтоҳмуддат иборат нест.»
Ҳимояти Русия аз референдуми вилоятҳои Донетск ва Луҳански Украина нишон дод, ки Маскав омода нест, сиёсати худро дар Украина тағйир диҳад. Вазир пешини дифои Амрико Poберт Гейтс гуфт, масъала ин аст, ки Владимир Путин нақши Русияро дар қаламрави пасошӯравӣ ба гунае мебинад, ки Маскав бояд таъсири худро дар ин қаламрав қавитар кунад. Ба ақидаи Гейтс, Путин танҳо замоне ором хоҳад гирифт, ки дар Киев як ҳукумати русгаро ба қудрат расад. Дар акси ҳол дар Украина низоми федералие ҷорӣ мешавад ва қисмати шарқии он зери назорати Русия мемонад.
Мансабдорони амрикоӣ аз ҳадс задани қадамҳои баъдии ИМА дар мавриди Украина худдорӣ мекунанд, аммо бовар доранд, ки ин чораҳо бо таҳкими таҳримҳо маҳдуд хоҳад буд. Дар Бруссел низ вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба баррасии бастаи нави таҳримҳои зидди Русия оғоз карданд.
Вазири умури хориҷии Шведсия Карл Билдт қабл аз шуруи ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, умедворие дар миён буд, ки баъд аз даъвати президент Путин, ба истилоҳ, референдум, ба таъвиқ хоҳад афтод: "Аммо чунин нашуд, мумкин аст, вай бигӯяд, ки назорати ин рӯйдодҳо дар дасташ нест. Чизи дигаре, ки ӯ гуфта буд, Русия нерӯҳояшро аз марз ақиб хоҳад кашид. Ин ҳам рӯй надод. Аммо ин ҷо, гумон намеравад, Путин бигӯяд, ки бар нерӯҳои Русия ҳам таъсире надорад.”
Ҳамчунин қарор аст, рӯзи 12-уми май раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй ба Киев сафар кунад.
Дар ин байн ноиби сарвазири Русия Дмитрий Рогозин ба Молдова ҳушдор дод, ки имзои созишномаи ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо барояш оқибатҳое хоҳад дошт. Вай гуфт, пеш аз вуруд ба ин иттиҳод кишварҳои роғиб бояд шомили НАТО шаванд ва дар он ҳолат мақоми бетарафии Молдова бекор хоҳад шуд. Дар иваз, Рогозин аз Молдова даъват кард, равобиташро бо Иттиҳоди гумрукии таҳти сарварии Русия қавитар кунад.
Изҳороти Рогозин як рӯз баъди бозгашти ӯ аз сафари минтақаи ҷудоиталаби Соҳили Днестри Молдова садо дод. Ҳукумати Молдова гуфт, аз ҳавопаймои Рогозин хитобаи сокинони ин минтақа мусодира шуд, ки дар он аз Русия хоста мешуд, то ин минтақаро ба қаламрави худ ҳамроҳ кунад.