Аҳолии вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанск дар референдум ва ҳамапурсии имрӯз, якшанбеи 11 май ширкат карда ва ба истиқлоли ин минтақаҳо аз Украина раъй медиҳанд.
Раиси ҷумҳури муваққати Украина аз ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин минтақа хостааст, то дар гуфтугӯҳои барои гузоштани масъулият ва худмухтории бештар, ширкат кунанд. Вале бо вуҷуди ин, ӯ таъкид кардааст, касоне ки даст ба амалиёти мусаллаҳона зада ва дар тасарруфи идораҳои пулис ва биноҳои давлатӣ ширкат доштанд, "террорист" ҳастанд ва барои онҳо дар гуфтугӯҳо ҷое нест.
Раиси ҷумҳури муваққати Украина хитоб ба аҳолии Донетск гуфтааст, агар дар ин раъйпурсӣ ба ҷудоии ин минтақа раъйи мусбат бидиҳанд, бо "фоҷиа" рӯбарӯ хоҳанд буд. Вай гуфтааст: "Онҳое, ки хоҳони ҷудоӣ аз Украина ҳастанд, намедонанд ин ба чӣ маънӣ аст. Ин ба маънои тахриби пурраи иқтисод, барномаҳои иҷтимоӣ ва зиндагӣ дар ин минтақаҳо хоҳад буд."
Вилоятҳои шарқии Донетск ва Луҳанск аз ҷиҳати иқтисодӣ барои Украина муҳим ҳастанд. Ин ду вилоят аз марказҳои муҳими тавлиди пӯлод ва ангиштсанг ба шумор мераванд, ки тақрибан 16 дарсади иқтисоди Украинаро ташкил медиҳад.
Ҷудоихоҳони тарафдори Русия, ки дар Донетск биноҳои давлатиро ишғол кардаанд, мегӯянд, ки дар ин референдум 1500 сандуқ гузошта шуда ва мардум дар 52 ҳавзаи интихоботӣ раъйи мардум раъй хоҳанд дод. Тибқи гузоришҳо, баргаҳои раъйдиҳӣ бидуни ҳеҷ назорате чоп шуда ва пурсиши матраҳшуда дар ин ҳамапурсӣ комилан норӯшан аст. Раъйдиҳандагон бояд ба ин пурсиш, ки "Оё аз худмухтории Ҷумҳурии халқ Донетск ҳимоят мекунанд" посухи ҳа ё не бидиҳанд.
Ахиран ҷазираи стратегии Қрим дар ҷануби Украина, баъд аз баргузории референдум аз Украина ҷудо ва ба Русия пайваст. Аммо ҷомеаи байналмилалӣ пайвастшавии Қрим ба Русияро ба расмият нашинохтааст.