Оё "сулҳ"-и Русия бо Толибон имконпазир аст?

Бархе аз коршиносон истифодаи Русия аз нерӯи Толибон алайҳи “Давлати исломӣ”-ро дар ҳоли ҳозир қобили қабул медонанд, аммо мегӯянд, баъид нест, ки кӯмаку таҷҳизоти Маскав рӯзе бар зарари худи Русияву шариконаш истифода шавад.

Хабарҳо дар бораи тасмими Русия барои музокира бо ҷунбиши Толибон ба хотири мубориза бо “Давлати исломӣ” дар ин авохир дар Душанбе ҳам баҳсҳоеро ба миён овардааст. Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази минтақавии низоъшиносии Тоҷикистон, рӯзи 25 декабр дар анҷумани “Масъалаҳои таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ бо назардошти таҳдидҳои нав” дар Душанбе гуфт, кишварҳое, ки фикр мекунанд манфиатҳояшон бо гурӯҳи Толибон дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” муштарак аст, қаблан бояд исбот кунанд, ки оё Толибон дар воқеъ зидди ин гурӯҳ ҳаст ва оё то куҷо омода аст, ки бо “Давлати исломӣ” биҷангад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Сулҳ"-и Русия бо Толибон имконпазир аст?

Қосимшоҳ Искандаров, ки тоза аз Афғонистон баргаштааст, мегӯяд, мақомоти афғон маълумотҳое доранд, ки Толибон бо “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ дорад. Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, вазъи Қундуз ё Ҳилманди Афғонистон ҳам аз он дарак медиҳад, ки ин ду гурӯҳ бо ҳам робита доранд. Ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, ҳам гурӯҳи “Давлати исломӣ”

ва ҳам Толибон аз як сарчашма об мехӯранд, аз як ҷо ташкил шудаанд ва таҷҳиз мешаванд. Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки инҳо аз нигоҳи идеологӣ фарқ доранд, аммо ин фарқ ба ҳадде нест, ки онҳо ба ҳам биҷанганд ва агар чунин тасмиме барои истифода бурдани Толибон аст, бояд хуб фикр карда шавад, ки баъдан ин кӯмакҳо баръакс дарди сар барои кишварҳо эҷод накунад.

Сару садоҳо дар бораи талошҳо барои барқарор кардани тамоси Русия бо Толибон барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳолест, ки дар ин авохир ҷангҷӯёни он ҳузури худро дар Афғонистон, ба вижа қисматҳои шарқии он густариш дода, сафи тарафдорони худро, ба вижа миёни ҷавонон афзоиш додааст.

Музаффар Олимов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Афғонистон ҳоло ба як пойгоҳе барои ҷангиёни “Давлати исломӣ” табдил мешавад, ки аз он ҷо фаъолиятҳои худро ба дигар кишварҳои минтақа ҳам равона мекунанд. Ба гуфтаи Музаффар Олимов, таҳдиди гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба маротиб бештар аз гурӯҳи Толибон аст ва бино бар ин, Русия мехоҳад аз ҳама нерӯҳо, новобаста ба он, ки дӯстанд ё душман, истифода кунад.

Музаффар Олимов

Ӯ афзуд, ки “Толибон фақат дар дохили Афғонистон фаъолият доранд, аммо “Давлати исломӣ” аз он берун ҳаракат мекунад ва ҷангҷӯёнаш бераҳмтаранд. Русия мехоҳад бо ин амалаш нишон диҳад, ки на танҳо дар Сурия аз ҷониби ҳукумати Башор Асад дастгирӣ ёфтааст, балки аз сӯи дигар бо қувваҳои сиёсие ҳам, ки зидди “Давлати исломӣ” ҳастанд, ҳамкорӣ мекунад.”

Аммо генерал Зафар Икромов, собиқ сармушовири президенти Тоҷикистон сару садо ва нақшаҳо барои истифода аз Толибон алайҳи “Давлати исломӣ”-ро орзуе медонад, ки амалишавии он ғайриимкон аст. Вай мегӯяд, ки “ман ҳеҷ бовар надорам, ки дар муносибат барои ҳалли мушкили “Давлати исломӣ” аз нерӯи Толибон истифода бурда шавад, чун то имрӯз касе пайдо нашудааст, ки бо Толибон ҳамфикру ҳамандеша ё ҳамкор шуда бошад.”

Бо ин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон аз шарҳи хабар дар мавриди тамос гирифтани ҷониби Русия бо гурӯҳи Толибон, ки аз ҷониби фиристодаи вижаи Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов садо додааст, худдорӣ кард.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

​ рӯзи 25 уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо ишора ба нооромиҳо дар Сурияву Ироқ гуфт, ин мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва бояд барои рафъи он муштаракан иқдоме рӯи даст бигиранд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки масоили амниятӣ аҳамияти хосаро касб мекунанд ва бояд ба он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард. Зеро ҷаҳонишавӣ ба он оварда мерасонад, ки таҳдидҳои амниятӣ хусусияти байналмилалӣ ва байнимарзиро мегирад. Ба гуфтаи оқои Лякин-Фролов, ҳодисаҳое, ки дар Сурия ва Ироқ мегузарад, аз ҳар нигоҳ ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиргузор аст. Бино бар ин, ин масъалаҳо бояд муштаракан дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал шавад, зеро хатари аслӣ ҳоло тероризми байналмиллалӣ ҳаст.

Раҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия ва фиристодаи махсуси раиси ҷумҳури он кишвар дар умури Афғонистон Замир Кобулов рӯзи 23 декабр дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Интерфакс" эълон кард, ки манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд.

Қаблан сару садоҳо аз гуфтушуниди намояндагони Русия бо гурӯҳи Толибон дар шаҳри Душанбе пахш шуда буд. Ин ҳама дар ҳолест, ки коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон ва густарда шудани ҳузури гурӯҳи “Давлати исломӣ ” барои Афғонистон баҳори хунинеро пешбинӣ мекунанд. Ва таъкид мешавад, ки кишварҳои Осиёи Миёна бояд ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ бигиранд ва аз пайи тадбирҳои амниятии оҷил шаванд.