Масъулони ҳукумати Русия мегӯянд, ки барои мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", бо Таҳрики Толибони Афғонистон тамос барқарор кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Русия гурӯҳи Толибонро як созмони террористӣ медонад ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ мебошад.
Раҳбари департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия ва фиристодаи махсуси раиси ҷумҳури он кишвар дар умури Афғонистон Замир Кобулов рӯзи 23 декабр дар гуфтугӯ бо хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, манфиати кишвараш ва Толибон дар мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муштарак аст ва дар ин замина бо Толибон машғули мубодилаи маълумот мебошанд.
Ба қавли ин дипломати аршади рус, ҳам Толибони покистонӣ ва ҳам афғонӣ хилофати Абубакри Бағдодиро, ки худро халифаи мусулмонон эълон карда ва давлати худхондаашро дар бахшҳое аз Ироқ ва Сурия ташкил додааст, қабул надоранд. Замир Кобулов ҳамзамон гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ҳукумат дар Кобул муҳимоти ҷангӣ ва таҷҳизоти низомӣ бидиҳад, аммо ин корро боэҳтиёт ва ба таври тиҷоратӣ анҷом хоҳад дод.
Ин суханони дипломати аршади рус дар ҳоле садо дод, ки қаблан сару садоҳо аз гуфтушуниди намояндагони Русия бо гурӯҳи Толибон дар шаҳри Душанбе пахш шуда буд. Рӯзномаи The Sunday Times, чопи Лондон, 15-уми ноябри соли ҷорӣ дар гузорише аз музокироти махфии Русия бо Толибон дар шаҳри Душанбе хабар дода буд. Ин нашрия бо такя ба манобеъи ҷунбиши Толибон дар Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон навишта буд, ки “мақомоти аршади он гурӯҳ дар шимол ахиран бо намояндагони Русия дар Тоҷикистон дидор карданд”.
“The Sunday Times” он замон навишт, “мақомоти нозир дар умури Афғонистон мегӯянд, ки шояд Русия дар назар дорад дар як бозии дуҷониба, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки агар Толибон дар қудрат сиёсӣ зоҳир шаванд, интихоби худро дошта бошад”.
Аммо сафоратҳои Русия ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе он замон ин иттилоъро тасдиқ ваё рад накарда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази минтақавии низоъшиносии Тоҷикистон, гуфт, ахиран на танҳо Русия, балки кишварҳои дигар низ барои ба мизи музокирот кашидани ҷунбиши Толибон талош мекунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Искандаров,: “афзоиши нуфузи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар манотиқи мухталифи Афғонистон давлати Русияро нигарон сохтааст. Зеро Русия ин созмонро
таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллиаш ва кишварҳои Осиёи Марказӣ медонад. Аз ин лиҳоз, Русия аз “аз ду бало кучактарашро интихоб кардааст”. Ба ин далел, Русия талош мекунад бо ҳифзи робитааш бо ҳукумати феълии Афғонистон бо намояндагони Ҷунбиши Толибон низ гуфтугӯҳои махфие анҷом диҳад”.
Русия тайи моҳҳои охир ҳузури худ дар марзҳои ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мутақилро тақвият бахшида ва ба Тоҷикистон ва Қирғизистон таҷҳизоти вазнини низомӣ интиқол додааст.
Мақомот дар Маскав борҳо аз таҳдидҳои гурӯҳҳои тундрав аз қаламрави Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия ҳушдор дода буданд. Дар мулоқоти ахир бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро барои ин кишвар таҳдид хондааст.
Мақомоти афғон ҳам мегӯянд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ахиран дар Афғонистон, ба вижа дар вилояти шарқии Нангарҳор ҳузури густурда пайдо кардааст.Тибқи тозатарин гузоришҳо, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ахиран дар шарқи Афғонистон барномаҳои радиоӣ бо номи "Садои Хилофат" роҳандозӣ карда ва алайҳи ҳукумати Афғонистон таблиғотро оғоз кардааст.