Русия сокинонро аз минтақаҳои ҳаммарз бо Украина мекӯчонад

Аҳолии минтақаҳои наздимарзии Русияро бо Украина мекӯчонанд

Дар ҳоле ки нерӯҳои Украина ба таври бесобиқа ба хоки Русия даромадаанд, Маскав рӯзи 12-уми август фармон дод, ки аҳолии бештарро аз минтақаҳои марзӣ ба ҷойҳои амн кӯчонанд.

Вячеслав Гладков, волии вилояти Белгороди Русия, сабабро ба "фаъолият"-и нерӯҳои Украина дар минтақа пайванд дод. Вай рӯзи 12-уми август дар "Телеграм" навишт, ки сокинони ноҳияи Краснояруж ба макони амн бурда мешаванд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки нерӯҳои украинӣ тахминан 30 километр ба дохили хоки Русия даромадаанд. Ин таҳаввули муҳим аз оғози таҷовузи Русия ба қаламрави Украина дар моҳи феврали соли 2022 арзёбӣ мешавад.

Кӯчондани аҳолии минтақаҳои наздимарзии Русия бо Украина

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 12-уми август иттилоъ дод, ки нерӯҳояш шаби гузашта дар ҳарими ҳавоии вилояти Курск 11 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро безарар кардаанд.

Низомиёни Русия таъкид карданд, ки 5 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар фазои вилояти Белгород ва дуи дигарро дар Воронеж аз байн бурданд, аммо гуфта нашудааст, ки дар умум Украина чанд ҳавопаймои бесарнишин сар дода буд.

Нерӯҳои Украина 6-уми август дар як ҳамлаи ғофилгирона ба хоки вилояти Курск даромада, амалиёти густурдаи низомиро ба роҳ монданд.

Сарбозони украинӣ бо пахши наворҳо аз минтақаи Порози Курск иддао карданд, ки чанд маҳалли аҳолинишинро "гирифтанд". Ба гуфти онҳо, бархӯрдҳо дар гирду атрофи Суджа, шаҳраке бо тақрибан 5 ҳазор аҳолӣ дорад, давом кард.

Маскав ба ин минтақа нерӯҳои тозанафас фиристода, талош дорад, нерӯҳои украиниро аз қаламраваш биронад. Русия рӯзи 11-уми август эътироф кард, ки сарфи назар аз талошҳояш нерӯҳои Украина тақрибан 30 километр ба дохили Русия даромадаанд.

Расонаҳои Русия рӯзи шанбе гузориш доданд, ки беш аз 76 ҳазор нафар аз минтақаи марзии ноором ба дохили кишвар интиқол ёфтанд. Кӯчонидани мардум ба ҷойҳои амн рӯзҳои баъдӣ идома ёфтааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Идомаи кӯчондани сокинони Курски Русия ба ҷойҳои амн

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, пешравии нерӯҳои кишварашро дар дохили Курски Русия ба таври ғайримустақим тасдиқ кард. Ӯ гуфт, “дар бораи хати ҷабҳа ва кашондани ҷанг ба ҳудуди кишвари таҷовузгар" аз фармондеҳ Олександр Сирский гузориш мегирад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Маскав рӯзи 12-уми август эълон карданд, ки сӯхтор дар нерӯгоҳи ҳастаии Запорожйе дар ҷануби Украина, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст, "пурра хомӯш карда шуд". Ҳанӯз сабаби сӯхтор дар як манораи сардкунанда маълум нест.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Киевро муттаҳам кард, ки дидаю дониста нерӯгоҳи ҳастаиро аз байн бурданӣ буд. Зеленский баръакс Русияро дар сар задани сӯхтор гунаҳкор кард.

Ин иншооти ҳастаӣ дар оғози ҳамлаи Маскав ба Украина аз ҷониби нерӯҳои Русия ишғол шудааст. Маскав дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳуҷум кард.